Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 3-уми феврал дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, дар бархе аз ноҳияҳо кормандони шӯъбаи молия пулҳои будҷаро тасарруф кардаанд: «Ин ҳолатҳоро мо пинҳон намедорем. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду корманди шӯъбаи молия як миллиону панҷоҳ ҳазор сомониро тассаруф кардаанд. Асосан ин бо айби муҳосибон сурат мегирад, бе мусоидати онон тасаруф кардани пул ғайриимкон аст. Дар ноҳияи Шаҳритӯс ҳам қарзи маош ба 3 миллион расида буд. Аммо мо ба ин ноҳия аз марказ се миллион субвенсия фиристодем ва маош пурра пардохта шуд.»
Ҷаноби Қурбонов аз додани тафсилоти бештар дар мавриди тасарруфи маблағ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худдорӣ кард, аммо таъкид кард, ки ниҳоди зери роҳбариаш кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ин гуна ҳолатҳо дигар рух надиҳанд.
Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон муаллимону духтурон ва дигар кормандони будҷавӣ маҳз бо айби кормандони шӯъбаи молиёт саривақт маош намегирифтанд. Аммо дар Тоҷикистон танҳо муаллимону духтурон нестанд, ки маоши бе ин ҳам ночизи худро саривақт намегиранд.
Бино бар иттилоъи Оҷонсии омор, ширкати давлатие, ки беш аз ҳама маоши кормандонашро напардохтааст, «Барқи Тоҷик» аст. Гуфта мешавад, кормандони ин ширкат беш аз се моҳ мешавад маош нагирифтаанд.
Мақомоти "Барқи ҷануб" -як зерсохтори "Барқи Тоҷик" дар ду ҳафтаи пеш эътироф карда буданд, ки қарзи ин ширкат дар назди коргаронаш танҳо дар вилояти Хатлон ба 5,4 миллион сомонӣ расидааст. Мушкили маоши коргарони "Барқи Тоҷик" дар тӯли тамоми соли 2013 низ дар сархати расонаҳо қарор дошт. Дар тобистони соли гузашта ҳаҷми умумии қарзи ин ширкат аз ҳисоби напардохтани маоши коргаронаш 32 миллион сомонӣ, ё тақрибан 6,5 миллион доллар гуфта мешуд.
Ин дар ҳолест ки қарзи "Барқи Тоҷик" дар назди ду нирӯгоҳи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 беш аз 400 миллион сомонӣ баровард мешавад.
Як нозири барқ аз ноҳияи Шаҳринав, ки худро шартан Нозим муаррифӣ кард, мегӯяд, вай ва ҳамкоронаш беш аз се моҳ маош нагирифтанд: «3 моҳи дароз кор кардем. Ба умедем, ки маошамонро бидиҳанд. Ҳар рӯз ваъдаи пагоҳ медиҳанд. Охир ин аз рӯи инсоф нест ку?»
Намояндагони худи ширкат аз шаҳри ин ҳолат худдорӣ мекунанд, аммо Усмоналӣ Усмонов, вазири нави энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран гуфт, «Барқи Тоҷик» вазъи хуби молие надорад ва маҳз ба хотири беҳбуди вазъ мақомот ният доранд нархи нерӯи барқро барои аҳолӣ боло бубаранд: «Мо мефаҳмем, ки мардум чӣ вазъи зиндагӣ доранд. Вале нархи қувваи барқ бояд боло бурда шавад, чунки арсаи энергетика худкифо шавад. Масалан, вазъи ширкати «Барқи Тоҷик» хуб нест. Кормандонаш се моҳ боз маош нагирифтанд. Албатта, бо боло бурдани қиммати барқ ҳамаи масъалаҳо ҳал намешаванд, вале нарх бояд боло бурда шавад.»
Идораву ширкатҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳоле дар тӯли моҳҳо маоши кормандони худро намедиҳанд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 600 сомонӣ, ё тақрибан 120 долларро ташкил дода, пойинтар маош дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 2 миллион ҷои корӣ вуҷуд дошта, танҳо дар 8 моҳи соли 2013 дар ин кишвар 151 271 ҷои кории нав таъсис ёфтааст.
Ҳарчанд моҳҳо пардохт нашудани маош дар Тоҷикистон як ҳодисаи маъмул аст, вале хеле кам иттифоқ меафтад, ки коргар кордеҳро ба додгоҳ кашида, барои таъхир дар пардохти маош ҷуброн талаб кунанд. Ҳол он ки қонунҳои Тоҷикистон барои коргарон ин гуна ҳақро додаст. Аммо коргарҳо ба хотири аз даст надодани ҷойи кор намехоҳанд мушкили ҷои корашонро бо мақомоти дигар дар миён бигзоранд. Аз ин ҷост, ки бархе аз коршиносон дар вуқӯъи чунин ҳолатҳо бештар худи коргаронро муқассир меҳисобанд.
Коршиносон мегӯянд, бештари коргарон аз одитарин ҳуқуқҳои худ дар баробари масъулини корхона ва муассиса дифоъ карда наметавонанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ин коршиносон, қонунгузории Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бастани қарордод бо риояти ӯҳдадориҳои дуҷониба миёни кордеҳ ва коргарро фароҳам кардааст. Инки оё додгоҳҳои ин кишвар дар баҳси байни корфармову коргар тарафи киро хоҳанд гирифт, алакай масъалаи дигар аст.