Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳрӯбҳо ба ҷорӯбдуздӣ муттаҳам шуданд


Ҷорӯбфурӯшони Кӯлоб аз додани қарз ба роҳрӯбҳои Идораи комуналии ин шаҳр даст кашиданд.

Ҷорӯбфурӯшон мегӯянд, ҳар роҳрӯби ин идора аз онҳо аз панҷ то даҳ ҷорӯб қарздор аст ва дигар барояшон қарз нахоҳанд дод.

Мунаввара Ҳафизова, як ҷорӯбфурӯши маҳаллӣ мегӯяд, қаблан ба роҳрӯбҳо бовар доштанд ва то охири моҳ барояшон ҷорӯб қарз медоданд, аммо тайи се моҳи ахир онҳо дар пардохти қарзашон аз ҳисоби ҷорӯб мушкил доранд. Ба гуфтаи ин хонум, ҳоло як ҷорӯби ҳавлирӯбӣ аз 5 то 13 сомонӣ арзиш дорад ва қарзи бархе аз роҳрӯбҳо аз сад сомонӣ гузаштааст.

«Ҷорӯбфурӯшон ҳамааш одамони камбағал ҳастанд. Мо боз ҳамон ҷорӯбҳои қарзиро арзонтар барояшон медиҳем. Имрӯз меорем, фардо меорем гуфта қариб ду моҳ гузашт. Пештар сари ҳар моҳ маблағи ҷорӯбҳои харидаашонро медоданд.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
Линки мустақим

Роҳрӯбҳои Идораи комуналӣ бо шиква ба Радиои «Озодӣ» ин ҳарфро тасдиқ карданд. Роҳрӯбе, ки худро Зебуниссо Маҳмадова муаррифӣ кард, гуфт, аз ҳисоби идора ҳоло барояшон ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр намедиҳанд, вале ҳамчунин аз онҳо талаби рӯфтани ҷодаҳоро мекунанд. Ин хонум гуфт, дар баробари надодани ҷорӯб, инчунин, давоми ду моҳи ахир моҳонаашонро низ нагирифтаанд.

Ӯ гуфт: «Мо на маоши ҳалолро мебинем ва истироҳати хубро. Аз ҷорӯб қарздорем. Моҳи октябру ноябрро намебинем. На дастпӯшак бароямон медиҳанд ва на попӯшу ҷорӯб, аммо аз мо кор талаб мекунанд. Худи ман се ҷорӯб қарздорам, аз даҳ мағозаи дигар низ қарздорам, намедонам чи кор кунам.»

Роҳрубҳои Кӯлоб.
Роҳрубҳои Кӯлоб.
Корманди дигари Идораи комуналии Кӯлоб, ки худро Назокат Ҷабборова муаррифӣ кард, гуфт, вазъи зиндагии хонаводагиашон сангин шудааст, вале илоҷи дигар надоранд. Ӯ мегӯяд, дар се моҳ ҳамагӣ як бор барояшон ҷорӯб додаанд, дар ҳоле, ки дар як ҳафта то се ҷорӯб сарф мешавад. Аз ин рӯ, баъзан вақт бо дастон хасрӯбаҳоро аз роҳҳо тоза мекунанд.

Ӯ гуфт: «Ҳар рӯз ҷорӯбфурӯшон қарзашонро мепурсанд. Дар се моҳ як бор маош ва як бор ҷоруб медиҳанд. На дастпӯшак дорем ва на бел. Бо дастони худ партовҳоро пок мекунем. Аз ҳамаи мағозаҳо қарздорем. Аз барқу газ ҳар рӯз дари хонаҳомон меоянд, намедонем, онҳоро чӣ бигӯем.»

Бад ин тартиб даҳҳо корманди Идораи комуналии Кӯлоб аз пардохт нашудани маош ва шароити сахти корашон шиква карданд. Аммо масъулони Идораи комуналии Кӯлоб ҳарфи роҳрубҳоро бепоя хонда, онҳоро ба ҷорӯбдуздӣ муттаҳам карданд. Абдулло Намозов, як корманди Идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ба роҳрӯбҳо ҳар ҳафта ҷорӯб дода мешавад, вале аксари онҳо ҷорӯбҳоро дуздида бо худ мебаранд.

Намозов гуфт: «Сад фоиза бо ҷорӯб таъмин мешаванд. Лекин ҷорӯбҳои навро гирифта ба хонаҳояшон мебаранд. Ҷорӯби навро имрӯз медиҳӣ, фардо аллакай ҷорӯби кӯҳна дар дасташон ҳаст ва мегӯянд, ки ҷорӯб надоранд. Мӯзаҳои навро медиҳӣ, фардо бо мӯзаи кӯҳна ба кор меоянд. Кадом вақте, ки пурсӣ шикоят мекунанд. Корхона онҳоро бо ҳама чиз таъмин мекунад, вале онҳо ба шикоят кардан одат кардаанд.»

Кормандони Идораи коммуналӣ бар ин назаранд, ки ҳаққи онҳоро масъули идораи молия аз худ мекунад. Раҷабгул, як зани дигар гуфт, миёни онҳо овоза ҳаст, ки маоши онҳо ва чанд Идораи дигар ба он сабаб дер пардохт мешавад, ки раиси Идораи молия дар чанд мавзеи шаҳр сохтмон дорад.

«Мо ку намедонем, лекин гуфтанд, ки Бахтиёр Назаров, раиси молия дар чанд ҷо завод месозад ва барои ҳамин пулҳои моро дер пардохт мекунад. Ӯ то сафари президент заводҳояшро тез сохт ва барои ҳамин пулҳои моро дер доданд. Лекин чанд бор рафтем, ӯро наёфтем. Аз идораамон ҳам мегӯянд, ки айб дар молия ҳаст.»

Аммо масъулони Идораи молия ин гуфтаҳоро беасос ва овозаи дурӯғ медонанд. Раҳмоналӣ Одинаев, сардори Шӯъбаи хазинадории Райёсати молияи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин корхона худ маблағгузор ҳастанд ва барои иҷрои корҳояшон ҳукумати маҳаллӣ сари вақт ҳақи кор медиҳад. Ин масъули Идораи молия таъхир дар маоши ин кормандонро ба он вобаста донист, ки масъулонаш ҳисобот дар бораи корҳояшонро дер мефиристанд.

Ҷаноби Одинаев гуфт: «Ин идора аз ҳукумати маҳаллӣ вобаста ба иҷроиши корҳояш маблағ мегирад. Онҳо иҷроиши корҳояшонро пешниҳод мекунанд ва дар ҳукумат тасдиқ шуда, баъдан маошашон дода мешавад. Лекин ин идора даромадҳои дигар дорад, ки аз он ҳисоб ҳам метавонад, маоши кормандонашро бидиҳад.»

Дар идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб аслан бознишастаҳо ва афроди камбизоат кор мекунанд. Кормандони ин идора давоми 9 моҳи ахир ҳамеша аз нагирифтани маошашон шиква мекунанд.
XS
SM
MD
LG