Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷи коргарони "Тоҷикхимпром" аз бемаошӣ


Корхонаи "Тоҷикхимпром" дар ноҳияи Ёвон.
Корхонаи "Тоҷикхимпром" дар ноҳияи Ёвон.

Афзоиши қарзи маош дар «Тоҷикхимпром» - бузургтарин корхонаи саноатии вилояти Хатлон, мавҷи норизоияти кормандонро ба бор овардааст.

Маъмурияти ин корхонаи замоне пуриқтидори Тоҷикистон, ки 17 навъи маводи кимиёиро тавлид мекард, ҳамакнун иқрор мекунад, ки дар пардохти ҳақмузди кормандонаш оҷиз буда, бинобар ин, садҳо нафарро ба рухсатии бемуҳлат гусел кардааст.

Насриддин Сироҷов, мудири корхонаи «Тоҷикхимпром», мегӯяд, ягона роҳи бозпардохти маоши кормандонро дар фурӯхтани таҷҳизоти корхона мебинад.
Ҷаноби Сироҷов афзуд, «имсол корхона кор накард, фаъолият надоштем. Ҳоло шартнома дорем бо яке аз ширкатҳои Русия дар мавриди фурӯхтани абсорбер, яке аз таҷҳизотҳои корхона. Дар ин бора ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардем. Дар рӯзҳои наздик ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. Дар он сурат 600 ҳазор сомонӣ қарзи маошро бояд кам кунем.»

Дар ҳамин ҳол, Гулнисо Холмуродова, масъули идораи шуғли ноҳияи Ёвон, мегӯяд, дар ширкати «Тоҷикхимпром» дар гузашата беш аз 4 ҳазор нафар кор мекарданд, аммо батадриҷ ин рақам то ба 139 нафар коҳиш ёфта, беш аз се ҳазор мутахассис аз ҷойи кору манбаи даромади зиндагӣ маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи хонум Холмуродова, то ҳанӯз шаҳрвандон ба ин идора шикоятҳо мебаранд, ки «Тоҷикхимпром» музди маошашонро намепардозад.

Вай афзуд: «Мо ба чанд нафар, аз ҷумла занҳо кӯмак кардем, ки маошашонро дарёфт кунанд. Рости гап, дили мо ба ҳоли ин занҳо, кормандони ин корхона месӯзад, аз маъмурияташ талаб кардем, ки ҳаққи кормандонашро поймол насозад. Мушкилашон ин аст, ки «аз боло» соҳибмулк дастгирӣ намекунад онҳоро…»

Ба иддаои манбаъ, садҳо корманди собиқи ин корхона ночор барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар рафтаанд.

Таъхир дар пардохти ҳақмузди кормандони ширкати «Тоҷикхимпром»-ро Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, «амали ғайриконститутсионӣ» хонда, гуфт, мақомоти интизомиро мебояд фаъолиятҳои молиявии ин корхона ва бахусус, мудирияти онро тафтиш кунад. Раиси вилояти Хатлон зимни мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Ёвон аз кори соҳибмулкони «Тоҷикхимпром» интиқод кард:

«Музди мардумро ёфта диҳед. Мо ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ хоҳем кард. Мудирияти ин корхона қонунро вайро карда истодааст. Натанҳо қонун, балки Конститутсия ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро поймол мекунад. Ҳар як шахс бояд ҳақмузди меҳнати худро сари вақт дарёфт кунад. Ба раҳбарияти корхона як моҳ муҳлат, ки вазъро ислоҳ кунад, вагарна нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида хоҳад шуд.»

«Тоҷикхимпром» ҳамчунин дар назди мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла кумитаи андоз низ, миллионҳо сомонии дигар қарздор будааст. Дар ҳамин ҳол, Саидхон Ғуфронов, иқтисоддони маҳаллӣ, мегӯяд, агар давлат манфиатдор бошад, ки корхонаи «Тоҷикхимпром»-ро дубора эҳё ва бар суди иқтисоди кишвар истифода кунад, мебояд қарзҳои ин ширкати саноатиро барҳам занад.

«Агар ин қарзҳоро барҳам назананд ҳам, бояд қарзҳои боимтиёз ихтисос дода шавад, то ки корхона фаъолияти дурустеро ба роҳ монда тавонад. Мутаассифона, бонкҳои мо қарз диҳанд ҳам, фоизҳои баланди аз 25 то 40-фоиза доранд, ки қобили қабул нест. Масалан, дар Русия ё кишварҳои ғаарбӣ ба хотири мусоидат кардан ба доираҳои тиҷорӣ қарзҳои дарозмуддат бо фоизи хеле кам медиҳанд ва ин як роҳи хуб гардон кардани тавлидот аст», - гуфт ӯ.

«Тоҷикхимпром» ягона корхонаи истеҳсоли маводи кимиёвӣ дар Тоҷикистон ва минтақа аст. Маҳсули тавлидоти ин корхона дар солиёни пеш аслан ба хориҷа содир мешуд. Соли 2007-ум «Тоҷикхимпром» ба музоядаи байналмилалӣ гузошта буд. Ширкати бритониёии «Енҷик химикал», ки барандаи музояда эътироф шуда буд, омодагии худро барои пардохти ҳудуди 10 миллион сомонии баҳои корхонаи «Тоҷикхимпром»-ро таъйид карда, ҳамзамон тасмим гирифта буд, ки ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти нав ба корхона ворид намояд.

Аммо худи ҳамон сол Ҳукумати Тоҷикистон натоиҷи музоядаи байналмилалиеро, ки дар он корхонаи «Тоҷикхимпром» ба ширкати бритониёии «Енҷик химикал» фурӯхта шуда буд, эътироф накарда, онро лағв намуд.
XS
SM
MD
LG