Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Манижаи Давлат. АКС


Акс аз саҳифаи расмии Манижаи Давлат дар Фейсбук
Акс аз саҳифаи расмии Манижаи Давлат дар Фейсбук

Номи барандагони ҷоизаи имсолаи Tamoshow

Нигина Амонқулова (Дилро ба дил раҳест), Шабнами Сурайё (Маёзорам), Фарзонаи Хуршед (Саршӯён), Ҷонибеки Мурод (Арӯси замонавӣ), Меҳрнигори Рустам (Таронаборон) ва... Дамирбек Олимов (Дунё) низ ҷоизаҳои имсолаи Tamoshow Music Awards – 2017-ро дар бахшҳои “консерти беҳтарин”, “клипи беҳтарин”, “клипи рақсии беҳтарин”, “саундтреки беҳтарин”, “клипи беҳтарин ба забони хориҷӣ” ва “албоми беҳтарин” аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шуданд. Барои гирифтани ин ҷоизаи мӯътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд. Ширкати "Топ Медиа" – муассиси ҷоиза мегӯяд, ки ин мукофот ба хотири қадрдонии заҳматҳои овозхонҳои тоҷик ва ҳам пуштибонӣ аз истеъдодҳои миллӣ супурда мешавад.

Манижаи Давлат (Манижа Давлатова), овозхони маъруф, ки баъд аз тақрибан 11 соли хомӯшӣ охири соли гузашта дубора аз худ ва оҳангҳои наваш дарак дод, барои "саҳми арзанда дар рушди фарҳанги тоҷик" барандаи ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017 шуд. Маросими тақдими ҷоиза шоми 11 март дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и Душанбе баргузор гардид, вале худи Манижа ба ин маросим наомад. Масъулони ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Манижаи Давлат бо вуҷуди онки чанд сол боз дар саҳна нест, аммо бисёре аз оҳангҳояш аз тарафи овозхонҳои маъруф иҷро шуда, дар Интернет ҳам тарафдорони зиёд дорад.

Аз ҷумла, моҳи декабри соли гузашта ӯ дар саҳифаи расмии Фейсбук аз сабти оҳанги наваш бо номи "Одамкуш" хабар дода ва навишт, ки "умед дорам, мавриди писандатон қарор мегирад". Ин таронаро Раҳмия Аюбӣ иҷро кардааст. Пештар аз он, дар моҳи ноябри соли гузашта аз оҳанги нав барои таронаи “Дили зорам”-и Меҳрнигори Рустам ва ҳамовозияш бо ӯ хабар дода буд.

Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият касб намуд. Вай дар соли 2002 консерти нахустини худро дар “Кохи Борбад”-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи “Сарнавишти ман” ба бозор баровард.

​Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006 ба Афғонистон рафт ва дар онҷо барномаҳои консертӣ ҳам иҷро намуд. Аммо баъд аз ин сафараш дигар рӯи саҳнаи ҳунар наомад ва Ойим Ашӯрова, модари Манижа, ҳам чанд сол пеш дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки намедонад, чаро духтараш аз саҳнаи ҳунар канор рафт. Вале ӯ таъкид карда буд, ки духтараш машғули таҳияи оҳангу таронаҳои ҷадид аст.

Аксҳо аз маросими тақдими ҷоизаи имсолаи Tamoshow:

​Худи Манижа моҳи ноябри соли гузашта дар шабакаи Фейсбук саҳифаи расмии худро боз карда, бо мухлисонаш вориди гуфтугӯ шуд. Вай дар ин муддат даҳҳо матну акс ва видео гузошта, аз вуҷуди худ дарак дод ва ба суоли онки кай ба саҳна бармегардад, низ ҷавоб гуфт. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта, аз ҷумла дар ин маврид навишт, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое бармегардад, ки на муаррифигари садо, балеи шеъру суханаш бошанд.

"Мехоҳам, пеш аз ҳама, шеър муаррифигари суруд бошад, на ин ки суруд муаррифигари шеър... Албатта, ин ҳарду муаррифигари якдигаранд, вале суруд умри кам дораду шеъру сухан мондагоранд. Вақте суруди маро мешунаванд, намехоҳам васфи садоямро бикунанд, бигӯянд чӣ қадар садои ширину дилнишин дорад... Барои ман мояи ифтихор аст, вақте бигӯянд чӣ қадар шеъри баланд хонд”, - таъкид кардааст ӯ.

Ин овозхони тоҷик дар номааш гуфта буд, ки ҳар чиро қаблан хондааст, муаррифигари садояш буд.

Манижаи Давлат ҳангоми иҷрои тарона дар Афғонистон
Манижаи Давлат ҳангоми иҷрои тарона дар Афғонистон

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

XS
SM
MD
LG