Ин тарона "Осмон боронист" унвон дошта, шеъри шоири афғон Ҳоруни Роъун аст, ки солҳои зиёде дар Тоҷикистон ҳам зиста ва ҳоло дар Канада ба сар мебарад.
Ҷаноби Роъун рӯи сафҳаи Фейсбуки худ аз сабти ин таронаи Манижа хушҳолӣ карда ва гуфтааст, "пас аз ҳафт сол дубора Манижаи Давлат ба дунёи мусиқӣ баргашт, бо ин сурудаи ман -- "Осмон боронист".
Қафасам тангу дилам тӯфонист,
Абрҳо дар баданам зиндонист,
Нест чатре, ки паноҳам бошад, Осмон боронист,
Осмон боронист...
Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002-юм консерти нахустини худро дар Кохи Борбади Душанбе баргузор карда ва ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" ба бозор баровард.
Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006-ум ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо барномаҳои консертӣ ҳам иҷро намуд.
Аммо баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое пахш гардиданд. Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст.