Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко хостори рондани журналистони Би-би-сӣ ва Радиои Озодӣ аз Беларус шуд


Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми кор дар хиёбонҳои Минск, 15 июли соли 2020
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми кор дар хиёбонҳои Минск, 15 июли соли 2020

Александр Лукашенко, президенти Белорус, дар пайи ёфтани баҳонаест барои қатъ кардани кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Беларус, гуфт Дейзӣ Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ. Ин дар ҳолест, ки Лукашенко дар як ҷаласаи ҳукуматӣ аз вазири корҳои хориҷияш талаб кард, рӯзноманигороне аз кишвар берун ронад, ки ба қавли ӯ, "ба бетартибиҳои оммавӣ даъват мекунанд".

Дар рафти ҷаласа, ки рӯзи 23 июл баргузор шуд, Лукашенко борҳо аз матн берун рафта, аз фаъолияти дастгоҳи президент, сухангӯи президент ва раиси Шӯрои Ҷумҳурӣ изҳори тааҷҷуб кард. Вай гуфт, мансабдорон бояд рӯйдодҳои кишвар ва хориҷро ба мардум дурусттар фаҳмонанд.

"Мо соҳибони ин кишвар ҳастем. Вазифаҳои худро иҷро кунед. Наметавонед - ошкоро бигӯед, ки наметавонед. Дигарон ба ин кор машғул мешаванд. Дар ҳукумат ва ҳам дар вазорати корҳои хориҷӣ мунтазир мешаванд, ки президент дастур диҳад. Ин чи муносибат аст? Би-би-сӣ, Радиои Озодӣ ва дигарон. Онҳо ба бетартибии оммавӣ даъват мекунанд. Чаро шумо инро таҳаммул мекунед? Шумо онҳоро сабти ном кардаед", - гуфт Лукашенко.

Вай талаб кард, ки чораҷӯӣ шавад ва то охири маъракаи интихоботӣ мунтазир намонанд. "Ихроҷ кунед, агар қонунҳои моро риоя намекунанд ва мардумро ба "майдонҳо" даъват мекунанд", - гуфт вай.

Аммо Дейзӣ Синделар дар посух ба ин иддаои президенти Беларус гуфт: "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ айбмонии бадхашмонаи президенти Беларус Александр Лукашенкоро, ки гӯё мо ба тазоҳурот даъват мекунем, рад мекунад. Баръакс худи хабарнигорони мо ҳангоми иҷрои вазифаи худ қурбонии ҳабсҳои беасос ва зӯроварӣ аз ҷониби полис мешаванд."

Вай афзуд: "Бо ин иттиҳомот Лукашенко мекӯшад нақши васоити ахбори мустақили Беларусро, ки тамоми ҳодисаҳои марбут ба интихоботи президентии 9 августро бозтоб медиҳанд, таҳриф кунад. Мо омодаем, ки кори муҳими худро барои мардуми Беларус идома диҳем ва истифодаи хитобҳои бемасъулиятона ва таҳдидҳои мансабдоронро, ки рӯзноманигорони моро зери хатар мегузоранд, маҳкум мекунем."

Дар Белорус маъракаи интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Александр Лукашенко бори шашум аст, ки ба мақоми президентӣ номзад мешавад. Рақибони асосии вай аз ширкат дар корзор маҳрум карда шуданд. Дар кишвар тазоҳуроти мухолифон ва эътирозҳои худҷӯш баргузор мешавад. Ширкатдорони эътирозҳо ва рӯзноманигороне боздошт мешаванд, ки ин тазоҳуротро бозтоб медиҳанд.

Ахиран беш аз 200 рӯзноманигор аз мақомот ва ниҳодҳои қудратии Белорус талаб карданд, ки таъқиби расонаҳо қатъ карда шавад. Дар ду моҳи маъракаи интихоботӣ даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла хабарнигори Бахши белорусии Радиои Озодӣ барои инъикоси эътирозҳо боздошт шуданд.

Интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9 август баргузор мешавад. Комисияи марказии интихоботӣ 5 номзад, аз ҷумла Александр Лукашенкоро сабти ном кард. Номзади асосии мухолифон Светлана Тихановская бо ҳарос аз таҳдидҳои амниятӣ фарзандони худро ба хориҷ аз Беларус фиристод.

XS
SM
MD
LG