Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи дахмаи давраи Ҳайтолиён дар Балҷувон


Бозёфтҳо аз Балҷувон
Бозёфтҳо аз Балҷувон

Дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон қабристонеро пайдо кардаанд, ки гуфта мешавад, дар он аскарони даврони Ҳайтолиён гӯру чӯб шудаанд.

Кашфи дахмаи замони Ҳайтолиён дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон як ҳайати байналмилалии археологҳоро ба ин минтақа ҷалб кардааст.

Сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон дафнгоҳи антиқиеро кашф кардаанд, ки бино ба хулосаи пешакии бостоншиносон, дар ин мазор ҷанговарони сулолаи Ҳайтолиён гӯронда шуда, аз қарнҳои 3 то 5 милодӣ боқӣ мондааст. Барои ҳафриёт ва пажӯҳиши комили ин дахма як ҳайати муштараки бостоншиносони Тоҷикистон ва Русия дар аввалҳои моҳи оянда ба ин ҷо сафар мекунад.

Шамсулло Аҳадов, мудири шӯъбаи фарҳанг ва ҷаҳонгардии ҳукумати ноҳияи Балҷувон рӯзи панҷшанбеи 17 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳамроҳи устухонҳои ҷангиён, ҷавшан, шамшер, корд, лавозимоти аспҳои ҷанганда низ аст, ки аз ҷониби сокинони рустои Шаҳидон, аз замини фарохе, ки онҷо қарор буд корҳои кишоварзӣ анҷом шавад пайдо шудааст."

Шамсулло Аҳадов
Шамсулло Аҳадов

Ба гуфтаи ҷаноби Аҳадов, дар канори устухонҳои пайдошуда, инчунин обгинаҳо, тангаҳои тилло ва зарру зевар ва ороишоти занона низ ошкор шудааст. Вай меафзояд: «Ин ҷасадҳо бо як усули махсус гӯронда шудаанд, ки баъзеяшон - бо зару зеварҳо ва баъзеи дигарашон - бо ханҷарҳо. То ҳол дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ба монанди ин бозёфтҳое пайдо нашуда буд.»

Шералӣ Ҳоҷиев, бостоншинос аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ мегӯяд, ки тарзи хобидани устухонҳо дар ин қабристон собит мекунад, ки инҷо сарбозони даврони Ҳайтолиён гӯронида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, "ин ба сулолаи бузурги Ҳайтолиён, ки дар Осиёи Марказӣ баъди пош хӯрдани империяи Кӯшониён рӯи кор омад, дахл дорад. Онҳо дар минтақаи Осиёи Миёна ҳудудҳои зиёдро онҳо зери тасаруфи худ нигоҳ медоштанд. Ҳамаи ин мурдаҳо мард буда, ҷолиб ин аст, ки ҷанговарон ё саркардаҳо бо тамоми абзору лавозимоти ҷангияшон гӯронида шудаанд.»

Ҳамроҳ бо аскарон дар ин мазорҳои баландиашон то 2,5 метр аспҳои онҳо низ дафн шудаанд. Ба гуфтаи Шералӣ Ҳоҷиев, «дар зери манаҳи асп 50 сантиметр санг ва хиштҳои сангӣ гузошта шудааст, то асп мисли зинда ва гӯё дар ҳолати омодабош ба ҷанг ба назар бирасад. Аспҳоро бо зину дигар афзораш мегӯрондаанд. Сарҳои сарбозон тарафи Шарқ ва пойҳояшон тарафи Ғарб мебошад , ки ин як оини давраи Зардушт аст.»

Агар тахмини бостоншиносон тасдиқ шавад, сокинони Балҷувон ифтихор хоҳанд кард, ки минтақаи онҳо ҳанӯз беш аз 1600 сол пеш маскунӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳоло талош мекунанд, бо пайдо кардани ашёи қадимае аз қаламравашон таърихи худро ҳарчӣ бузургтар нишон диҳанд.

Бозёфтҳои қадима аз Балҷувон
Бозёфтҳои қадима аз Балҷувон

Чанде пеш эълон шуд, ки дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон шаҳр ва қалъаи Карон кашф шуд ва он гӯё 4 ҳазор сол таърих дорад. Ҳамин тавр, дар Фархор аз кашфи дахмаҳое хабар доданд, ки таърихашон гӯё то ба 4000 сол мекашад.

Дар гузашта 2500-солагии Истаравашан ё Ӯротеппа ва 2700-солагии Кӯлоб таҷлил шуда, қарор аст, соли оянда 3000-солагии Ҳисор ҷашн гирифта шавад. Аммо бисёриҳо бар ин назаранд ки ин сабқати “Кӣ қадимтар аст?” байни минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳамчунон идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG