Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рад шудани истеъфои Ҳалимов ва номаи ӯ ба сардори собиқи ОМОН


Саидмурод Ҳалимов
Саидмурод Ҳалимов

Подполковник Саидмурод Ҳалимов, бародари полковники ОМОН -- Гулмурод Ҳалимов, мегӯяд мақомот номаи истеъфои ӯро напазируфта ва гуфтаанд, ки ҳар кас барои кирдори худ ҷавоб мегӯяд.

Подполковник Саидмурод Ҳалимов бо нашри як нома аз додараш сарҳанг Гулмурод Ҳалимов -- фармондеҳи собиқи дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ ё ОМОН, ки ахиран эълон кард, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, хоста, ки ба Тоҷикистон бозгардад ва дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ин номаи Ҳалимови калонӣ рӯзи 29 май навишта шуда, аммо бори аввал баъд аз нимрӯзи 30 май дар оҷонсии хабарии Тоҷнюс нашр гардид.

Саидмурод Ҳалимов дар номаи худ мегӯяд, аз чунин шеваи кори додараш дар хиҷолатанд ва намедонанад, ки худро аз ин вазъ чигуна халос кунанд. Ӯ гуфтааст, дар пайи огоҳ шуданаш аз ин кори бародари худ номаи истеъфояшро ҳам навишт, вале раҳбарияташ гуфтаанд, ҳар кас барои кори худ ҷавоб медиҳад ва ӯ бояд ба фаъолияташ идома бахшад.

Подполковник Ҳалимов афзудааст, "шахсан аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда, бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъд аз гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, муовини вазири адлия - Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода маро барои сӯҳбат

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

таклиф намуда, аз гузориши навиштаам ва ҳолати мазкур пурсиданд. Баъд аз сӯҳбати гузаронидашуда, роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд."

Саидмурод Ҳалимов аз моҳи майи соли 1995 то ба ин сӯ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаъолият доштааст. Ӯ мегӯяд, як моҳ пеш аз нопадид шудани додараш хабардор шуда, барои дақиқ кардани он ки дар куҷост, аҳли оиларо низ пурсидааст. Вале ҳамагӣ гуфтаанд, ки дар бораи дар куҷо Гулмурод Ҳалимов иттилое надоранд.

"Баъдан, овозаҳое паҳн гардиданд, ки гӯё ӯ сафар ба давлати Сурия намуда бошаду ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳ шуда бошад. Аз ин овозаҳо шахсан ва аҳли оилаи мо сахт ба ташвиш омада, бовар намекардем, чунки шароити оилавии ӯ хуб буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоштанд,"--изофа кардааст ӯ.

Подполковник Ҳалимов мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастани додараш дар ҳолест, ки ӯ манзили алоҳидаи истиқомативу мошин дошта, соҳиби як оилаи хуб ва обрӯву эътибор низ будааст. Ӯ меафзояд, "баъди паҳн гардидани навори видеои бо иштироки бародарам Гулмурод Ҳалимов ба ҳайрат омада, чӣ кор кардани худ ва чӣ тавр ба падари пиронсолам фаҳмонданро надонистам. Ман аз ин роҳи пешгирифтаи

Гулмурод Ҳалимов ҳангоми адои вазифааш ба ҳайси раҳбари ОМОН
Гулмурод Ҳалимов ҳангоми адои вазифааш ба ҳайси раҳбари ОМОН

бародарам ягон хабаре надошта, ба чи восита қабул намудан, бо кадом роҳ рафтан ва ё бо маслиҳати кадом шахсон ба ин гумроҳӣ рафтани ӯро намедонам ва ҳеч гоҳ ӯро чунин қабул намекунам ва роҳи пешгирифтаи ӯро қатъиян маҳкум менамоям."

Саидмурод Ҳалимов дар охирини номаи худ гуфтааст, аҳли оилаи онҳо аз Гулмурод Ҳалимов хоҳиш доранд, ки бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан бозгардад ва дар назди қонун – чӣ хубу чӣ бад – ҷавоб гӯяд. Вай ҳатто гуфтааст, аз чунин рафтори додараш огоҳӣ надошт ва агар мақомот пайванди ӯро бо чунин рафтори ӯ исбот кунанд, омодааст дар курсии ҷавобгарӣ бинишинад.

Ин нома ва ё муроҷиати аввалини хонаводаи "ҷиҳодиён"-и тоҷик барои бозгаштаи онҳо ба Ватан нест. Дар гузашта низ борҳо хонаводаи ҷангиён бо нашри навори видео аз онҳо хостаанд, ки ҷангро як сӯ гузошта ба зодгоҳи худ баргарданд ва оилаҳои парешони худро саробонӣ кунанд.

Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23 апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, 27 май дар як навори видеоӣ гуфт, ба "Давлати исломӣ" пайвастааст ва бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон хоҳад баргашт. Дар ин наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст.

Сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон дар ин навор ибтидо корномаи худро ҳикоят мекунад ва аз ҷаласаҳо бо ҳузури вазири умури дохилии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби ба "Давлати исломӣ" пайвастанаш шудаанд. Вай дар ин навор бо сарбанди сиёҳ ва силоҳи снайперии латтапеч зоҳир мешавад ва мегӯяд, сар аз соли 2001 намоз мехонд ва таърихи Тоҷикистону таърихи исломро медонист ва огоҳона ба "Давлати исломӣ" пайвастааст. Бахши асосии сӯҳбатҳои Ҳалимов ба забони русӣ садо дода, танҳо дар охир вай чанд ҷумла ба тоҷикӣ баён медорад ва мегӯяд, дар ислом миллат вуҷуд надорад. Дар як пайт аз навор дар паси сӯҳбатҳои Ҳалимов садои азон ба гӯш мерасад ва пушти сарии ӯ танаи нахле ба чашм мерасад.

Ин навор, ки бо ишораи "Фурот" ва сифати баланд таҳия гаштааст, рӯзи 27 май, дар ҳоле нашр мешавад, ки масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон мегуфтанд, қазияи нопадид шудани фармондеҳои ОМОН-и ҷумҳуриро пажӯҳиш мекунанд, вале дар бораи он ҳоло чизе гуфта наметавонанд. Дар зимн, пас аз чанд соати нашраш навори мазкур аз шабакаи YouTube пок карда шуд.

XS
SM
MD
LG