Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари салафиҳои Тоҷикистон: ҲНИТ баста шавад


Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ. Акс аз соли 2007
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ. Акс аз соли 2007

Нафаре, ки раҳбари салафиҳои Тоҷикистон дониста мешавад, ҲНИТ-ро “муздури хориҷиён” хонда, гуфтааст, дар Тоҷикистон, ки “99,9 дарсад мусалмон аст, ба чунин ҳизб зарурияте вуҷуд надорад.”

Муҳамммадӣ Раҳматуллоҳ, нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи навбаромади Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва рӯҳониёни бонуфузе, чун бародарон Тӯраҷонзодаҳо буд, дар мақолае бо номи “Мардуми Тоҷикистонро чун як мусулмон бояд донист!” зарурати ин танҳо ҳизби мазҳабии расмӣ дар Осиёи Марказиро зери суол бурдааст.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ дар ин матлаб, ки рӯзи 24 январ дар сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуд, бо барчидани далелҳое, чун “дар Тоҷикистон маълум, ки асосан мусулмонҳо зиндагӣ мекунанд.Дар Ҷумҳурӣ зиёда аз 4 - ҳазор масҷидҳо фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо ба мардуми мусалмон барои намозгузорӣ хизмат мерасонанд, рузадорӣ ва ба ҳаҷ рафтан пурра амалӣ шуда истодааст. Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ интишор ва дастраси ҳамагон аст» менависад, «аммо бо ташкил намудани ҲНИТ чунин ба назар мерасад, ки касе аъзои ин ҳизб аст, ӯ мусулмон аст ва дигарон мусулмон нестанд, ки ин ба ҷудоиандозии ҷомеа оварда расонида истодааст.»

Муаллиф дар идома ба собиқаи ҲНИТ мепардозад ва менависад, маҳз қудратхоҳии ҲНИТ Тоҷикистонро ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ кашонд. Ӯ аз шиорҳои майдони Шаҳидон дар соли 1992 ба монанди "Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо мечакад аз чанги ту!” ё «Роҳи мо роҳи Алист, гуму гӯр шав коммунист» ёд мекунад ва суол мегузорад, ки “худ қазоват кунед, дар соли 1992 Амрико чӣ муносибате ва таъсире ба Тоҷикистон дошт, ки мардум ин шиорҳоро баланд мекарданд?”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба ақидаи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, баъди расидан ба мансабҳои дилхоҳ дар натиҷаи созишномаи сулҳ раҳбарони ин ҳизб ниқоб аз рӯи худ бардоштанд: “Маҳз аз ҳамин чо маълум шуд, ки онҳо чӣ мехоханд ва ин ҳама даъвою талошҳояшон ба хотири чист? Аксарияташон аз паси ҷамъ кардани молу мулк шуданд. Ёди ҳамсангарҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ заданд. Занони бева ва фарзандони бепадару ятим сарсону овора монданд. Аз хизмат ба дину Ислом ва мусалмонони кишвар хабаре набуд. Маҳз ҳамин марҳилаи имтиҳон ниқобро аз рӯи ин ҳизб бардошт ва мардум симои ҳақиқии пуштибонон, муддаъиён ва пайравони онро шинохт.»

Муаллиф дар идома барои онҳое, ки ба назари вай, то ҳол «фирефтаи даъво ва шиорҳои ин ҳизб мешаванд», дар як «айбнома»-и иборат аз 10 банд ба қавли худаш, «зарфият ва ҳайсияти аслӣ»-и ҲНИТ-ро бозгӯ мекунад. Ӯ аз ҷумла менависад:

«1.Агар ин ҳизб дар ҳақиқат ҳизби исломист, пас тӯли ин солҳо барои чӣ дар бораи фаҳмиши эътиқодии мардуми кишвар хеҷ кореро ба анҷом нарасонид.

2. Агар ин ҳизб дар ҳақиқат аз тарафи рӯҳониёни точик идора мешуда бошад, пас ҳамкорӣ бо ташайюъ ва зери парчами онҳо рафтан чӣ маънӣ дорад ва ин амал ба ҷомеаи аҳли суннат ва ҷамоати Тоҷикистон чӣ суде мерасонида бошад…

5. Дар аввал ба сулҳ розӣ нашудани ин ҳизб ва минбаъд аз тарафи Эрон ба созиш маҷбур кардани онҳо чӣ сирре ва оқибатҳоеро дар пай дошт, имрӯз ба ҳамагон маълум гардидааст. Имрӯзҳо низ рӯзномаву маҷалла, воизону доъиён, олимону рӯҳониёни ин ҳизб барои кӣ ва чӣ хизмат мекунанд, барои касе пушида нест. Онҳо ҳатто матлабе барои ислом ва ақидаи аҳли суннат ва ҷамоати Точикистон наменависанд ва таълифу тарҷума намекунанд. Баръакс пӯшида ва ошкоро аз ақидаи ташайюъ ва давлати сунниситези Эрон ҳимоя мекунанд.

Болотар аз ин, саршиностарин рӯҳониён ва сиёсатшиносони ин ҳизб ба мазҳаби ташайюъ гаравида, дигар қишрхои ҷамъиятро низ ба ин ақидаи ботил ҷалб мекунанд. Ин ҳизб бо ин роҳ мехоҳад дар ояндаи наздик чун Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳавсиҳои Яман кишвари моро бо дасти Эрон зери тасарруфи худ гирад.

6. Роҳбарияти ин ҳизб бо муддаъиёни кунунии наҳзат пайваста аз Эрон дидан карда, бо китфбӯсиҳои хоҷаҳои ташайюъашон аз онҳо маслиҳат мегиранд…»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Дар се банди охири ин «айбнома» Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ хулоса мекунад, ки ҲНИТ «муздури хориҷӣ аст ва ба ҷуз аз расидан ба қудрат ҳадафи дигареро қоил нест», «арзишҳои динӣ ва миллиро қоил нест ва ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсияш аз ягон чиз руй намегардонад» ва ба ин далел, «ба фикри банда аз сабаби он ки мардуми шарифи Тоҷикистон 99,9% мусалмон аст, доштан ба чунин ҳизб зарурияте вуҷуд надорад.»

Мақола баъди боздошт?

Ин мақола, ки дар пешорӯи интихоботи порлумонии рӯзи 1 март ва дар ҳоле нашр шуд, ки манобеи Радиои Озодӣ ва ҳам наздикони Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ аз боздошти ӯву тақрибан 17 тан аз пайравонаш дар аввалҳои моҳи январ хабар дода буданд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 16 январ дар нишасти хабариаш боздошти 3 пайрави равияи Салафия дар моҳи декабрро тасдиқ кард, вале гуфт, аз дастгир шудани раҳбари онҳо Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ хабар надорад.

Аммо наздикони ин раҳбари ғайрирасмии равияи Салафия мегӯянд, ки ӯ “ягон 6-7 рӯз дар пеши Танка” (қароргоҳи раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе) дар боздошт буд, вале сипас раҳояш карданд.

Даъвати Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ба манъи фаъолияти ҲНИТ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ, чун дар остонаи боқӣ маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, даъватҳо аз чор тараф бо талаби ҳазфи сифати исломӣ аз номи ин ҳизб ва набудани зарурати ҳизби исломӣ барои ин кишвар зиёд садо медиҳанд.

Таърихчаи Салафия дар Тоҷикистон

Яке масҷидҳои соли 2009 басташудаи салафиҳо
Яке масҷидҳои соли 2009 басташудаи салафиҳо

Ҷараёни Салафия дар миёнаи солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Фаъолияти озодонаи воизони Салафия андешаҳоеро ҳам ба бор оварда буд, ки гӯё мақомот аз ин равияи навбаромад бо ҳадафи коҳиш додани нуфузи афзояндаи рӯҳониёне, чун Ҳоҷӣ Мирзову бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва ҳам алайҳи ҲНИТ – умдатарин ташаккули мухолифин – истифода мебарад.

Аммо дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таври ғайричашмдошт фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро билохира “экстремистӣ” эълон кард.

XS
SM
MD
LG