Баъзе аз донишмандони тоҷик даъват кардаанд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон расман пешвои миллат номида шавад. Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмади Самеъ бо нашри як матлаб дар торнамои ҳизби халқии демократӣ гуфтаанд, хидматҳои оқои Раҳмон барои эътирофи пешвоӣ кофист, агарчӣ ба қавли онҳо, "пешвои миллӣ дар фарҳанги сиёсии кишварҳои тозаистиқлол падидаи наву нодир аст".
Муаллифони матлаб бар инанд, ки бо эътирофи раисиҷумҳури кишвар ҳамчун пешвои миллат на танҳо корномаи ӯ қадршиносӣ мешавад, балки ин симо омили ваҳдат ва пешрафти кишвар хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, пешвоёне чун Эмомалӣ Раҳмон зарурат ба чунин эътирофро надоранд, аммо "миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд."
Ин пешниҳод, ки аз як сӯ ситоиши сарвари давлат ва аз сӯи дигар ишора ба ҳифзи "статус-кво" ба хотири суботро дар назар дорад, дар ҳоле садо медиҳад, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме чун "пешвои миллӣ" мавҷуд нест. Вале намунаҳое дар миёнанд, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ унвонҳои шабеҳ ба инҳисори қудрати давлатиро дар қонунгузории худ ҷой доданд ва аз эҳтимол дур нест, Тоҷикистон чунин намунаҳоро дар пайи ситоишҳои рӯзафзун аз шахс ва хидматҳои раисиҷумҳури худ дунбол кунад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва аз нахустин зани довталаби курсии президентӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, "пешво" ё "доҳӣ" номидани президент "зарба ба моҳият ва мафҳуми демократия мебошад." Ӯ афзуд, "дар Қонуни асосӣ сарвари давлат ҳамчун президент ном бурда мешавад. Дар ҳамаи давлатҳое, ки худро демократӣ эълон намудаанд, ҳамин мафҳум аст. Танҳо давлатҳои автократӣ президентҳои худро ба пешво ё доҳӣ иваз мекунанд."
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 боз зимоми қудратро дар даст дорад, бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёд, президент ё раисиҷумҳур аст. Аммо дар маҳофил ва ҷаласаву дидорҳояш бо мардум бештар ба унвони "Ҷаноби олӣ" ва гоҳо бо номи "пешво" ва "падари миллат" низ хитоб мешавад.
Дар гузашта бархе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд, бояд раҳбари давлат ба номи президент ёд шавад, на унвонҳои дигар. Исмоил Талбаков -- муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки ҳизбаш дар замони Шӯравии собиқ Владимир Ленинро доҳии тамоми пролетариатҳо медонист, дар авҷи интихоботи
президентии соли 2013 дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, агар ба мақоми раҳбарӣ бирасад, аввалин коре, ки хоҳад кард, истифодаи ибораи “ҷаноби олӣ”-ро аз миён хоҳад бардошт.
Носирҷон Салимӣ ва Холмаҳмади Самеъ дар матлаби худ аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳ дар кишвар ёдоварӣ карда, барномаҳои иқтисодии ӯ ва берун баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсиониро бо барномаҳои "Пешомади 2020" дар Малайзия, "Роҳи нав"-и Рузвелт, "Ҷаҳиши бузург"-и Дэн Сяопин ва "Барномаи саноатикунонии Сингапур"-и Ли Куан Ю монанд кардаанд.
Вале мунаққидон мегӯянд, мансабдорони тоҷик мехоҳанд, бо чунин ситоишҳо кеши парастиши шахси раисиҷумҳурро рушд дода, нокомиҳои сиёсатҳои ҳукуматро нодида гиранд. Дар ҳоле ки ба қавли Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, то кунун ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон илоҷи таъмини аҳолии кишвар бо ҷои кор ва даромади муносиб, ҳамчунин бо газу барқ наёфтааст.
Вай афзуд, "чунин таҷриба бештар дар кишварҳои ғайридемократӣ мушоҳида мешавад. Дар Осиёи Марказӣ аввал дар Туркманистон ва дертар дар Қазоқистон чунин ибораю вожаҳое мисли пешворо ҳатто дар Қонуни асосияшон муқаррар намуданд. Ин аз паст будани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва замонасозии баъзе доираҳо хабар медиҳад."
Аммо Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор мегӯяд, сокинон аз рӯи эҳтиром раисиҷумҳурро "пешво" ё "ҷаноби олӣ" хитоб мекунанд ва ин набояд мояи нигаронии мухолифон бошад. Оқои Сабзов дар ду ҳафтаи пеш дар як сабқати гуштӣ дар Ҳисор низ дар ин бора сӯҳбат карда, ба сокинон гуфтааст, “худо яктост, президент яктост” ва аз онҳо даъват кардааст, дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шаванд. Ӯ ин нуктаро рӯзи 7 апрел дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ низ тасдиқ кард ва гуфт, "ёдоварӣ мекунам, дар давраи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин қадар ободие, ки шуд, аз вақте ки одам худашро ёд дорад, дар Тоҷикистон набудааст. Бист соли пешро бинеду ҳозираро бинед."
Сабзов мегӯяд, "ҳоло мардум дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шудааст ва натиҷаи интихоботи ахири парлумонӣ онро нишон дод. Ин аст, ки ин қадар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангиро дар сатҳи олӣ мегузаронем."
Дар интихоботи 1 март Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бино ба изҳороти Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, бо 65,2 дарсади оро пирӯз гашт, аммо нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ин интихоботро "бидуни рақобат" шумурданд.
Қаблан дар матлаби муфассале бо номи “Интихоби мо чӣ маъно дорад?”, Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон раисиҷумҳурро “Раҳбар ва пешвои халқ” номид ва аз он пеш ду мушовири собиқадори раисиҷумҳури Тоҷикистон дар матлабе бо номи “Президенти мардумӣ”, ки рӯзи 5 октябри соли 2014, дар зодрӯзи 62-юми Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд, оқои Раҳмонро ба шахсиятҳои бузурги таърихие, чун Авраам Линколн, Шарл де Голл ва Камол Отатурк монанд карданд.