Касе аз масъулон ва ходимони парваришгоҳи шаҳри Чкалов дар пайи ҳодисаи нимашаб аз ин муассиса фирор кардани ду тарбиятгиранда ва аз сӯи раису чанд корманди бозори "Назари нек" мавриди латукӯб қарор гирифтани онҳо, ҳатто танбеҳи маъмурӣ нагирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки Гулнора Мадаминова, собиқ мудири ин парваришгоҳ рӯзи панҷшанбеи 23-юми апрел дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, парваришгоҳ дояи навбатдор дорад, ки вазифаи вай нигоҳубини шабонгоҳии тарбиятгирандагон аст ва дар сурати ғайб задани кадоме аз онҳо, бояд пулис ва раҳбарони муассисаашро огоҳ намояд. Ба гуфтаи вай, шаби ҳодисаи латукӯби Зиёдбеку Эраҷ як мураббии ин муассиса масъулияти посбонии тарбиятгирандагонро бар ӯҳда доштааст.
Вале баръакс, нимашаби 15-ум ба 16-уми январ раҳбарони парваришгоҳро пулис аз ҳодисаи ба гумонӣ дуздӣ ба даст афтодани ду тарбиятгирандаи ин муассиса дар ҷараён гузоштааст. Зимнан, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз аниқ нашудааст, ки он шаб дар парваришгоҳи Чкалов мураббии навбатдор дар ҷои кораш ҳозир буд ё на? Агар ҳозир буд, ду шогирди парваришгоҳ чӣ тавр тавонистанд аз муассиса фирор кунанд ва мураббӣ аз ин бехабар монад?
Суоли асосии дигарро Татяна Хатюхина, вакили дифои марҳум Зиёдбек Ҷӯраеви 16 -сола ва Эраҷ Исоеви 17-сола, тарбиятгирандагони ин парваришгоҳ ба мудири собиқи он матраҳ кард, ки оё ин ҳодисаро дар парваришгоҳ мавриди баррасӣ қарор доданд ва касе ҳам аз кормандони муассиса мавриди муҷозоти маъмурӣ қарор гирифт? Дар посух ба ин савол хонум Мадаминова сокит монд.
Ба гуфтаи хонум Хатюхина, ки ин қазияро таҳқиқ кардааст, ҳам Гулнора Мадаминова, раҳбари пешини парваришгоҳи шаҳри Чкалов, ҳам Муҳаббат Ҳайдарова, мураббии нигаҳбон дар он шаб “бо хоҳиши худ” аз кор рафтаанд. Дар толори мурофиа Гулнора Мадаминова, мудири пештараи парваришгоҳ инро рад накард. Зимнан, хонум Мадаминова баъди “бо ихтиёри худ” аз кори раҳбарии парваришгоҳ канор рафтан, ба вазифаи муовини мудири маркази таҳсилоти иловагӣ дар шӯъбаи маорифи шаҳри Чкалов таъин шудааст.
Қаблан масъулони маориф тариқи расонаҳо эълон карда буданд, ки мудири парваришгоҳ баъд аз қазия аз кор сабукдӯш карда шудааст. Вале хонум Хатюхина мегӯяд: “Ин бисёр ҳайратовар аст, ки аз ҷониби вазорати маориф қазияи тарбиятгирандагони парваришгоҳи Чкалов, ки шаб аз парваришгоҳ фирор карданду бо қатли яке онҳо анҷом ёфт, дар пайи ҳодиса ба таври шоиста мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор нагирифтааст. Ва он масъулони парваришгоҳ, касе барои риоят накардани қоидаҳои кор, муҷозот нашудааст. Ҳамаи онҳо бо “хоҳиши шахсии худ” аз парваришгоҳ рафтаанд. Дафтарҳои кории пок доранд ва оянда метавонанд дар муассисаҳои дигар ба кори нигоҳубин ва таълиму тарбияти кӯдакон машғул шаванд.”
Дар мурофиаи рӯзи панҷшанбеи 23-юми апрел раҳбари собиқи парваришгоҳи Чкалов ва ду мураббии дигари ин муассиса ба додгоҳ гуфтанд, ки замони бозпурсӣ аз сӯи муфаттиш вақте, ки Эраҷ Исоев ба нақли лату кӯб шуданаш аз сӯи пулис оғоз кард, муфаттиш ӯро аз ҳарф задан боздошт ва нагузошт ҷузъиёти зарбу лат хӯрданаш аз дасти пулис, сабт шавад.
Пулисе, ки ба гуфтаи Эраҷ Исоев замони ба Шӯъбаи корҳои дохилиии Ғафуров бурдан ба вай даст бардоштааст ва муфаттиши парванда, ки ба гуфтаи вакилони дифоъ, нагузоштааст нақли Эраҷ дар ин бора наворбардорӣ шавад, барои пурсиш ба додгоҳ ҳозир нашуданд. Ва дархости вакилони мудофеъ аз раиси мурофиа ҷиҳати таъиноти судӣ ба додситонӣ ҷиҳати таҳқиқи лату кӯби Эраҷ аз сӯи пулис, боз боқӣ мондааст.