Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабрдидаи бозори "Назари нек" гуфт, милиса ҳам ӯро латукӯб кардааст


Tajikistan -- Market of 'Nazari nek', Bobojon Ghafurov, nothern part of Tajikistan
Tajikistan -- Market of 'Nazari nek', Bobojon Ghafurov, nothern part of Tajikistan

Эраҷ Исоев, тарбиятгирандаи парваришгоҳи шаҳри Чкалов дар додгоҳ гуфт, корманди пулис низ ӯро лату кӯб кардааст. Вале яке аз кормандони пулис, ки ӯро ба беморхонаи бурдааст, инро рад мекунад.

Дар рӯзи сеюми бозбинии парвандаи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва се кормандаш, ки дар куштори Зиёдбек Ҷӯраеви 16-сола ва лату кӯби Эраҷ Исоеви 17-сола - тарбиятгирандагони парваришгоҳи шаҳри Чкалов айбдор мешаванд, ҷузъиёти наве ба миён омад, ки гӯё як корманди умури дохилӣ низ Эраҷро задааст. Ҳоло бояд ин иттиҳом пажӯҳиш шавад.

Назар Назаров, яке аз вакилони дифои Эраҷ ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Вақте, ки ду корманди милиса ӯро ба автомобили “Опел”- и яке аз онҳо мешинонанд, ӯро як корманди пулис, ки дар курсии ақиб нишаста буд, лату кӯб мекунад. Аз сари Эраҷ, ки аз зарбу лати кормандони бозор кафида буд, хун ба туфлии корманди милиса мечакад. Вай “туфлиамро ифлос” кардӣ, гуфта, ӯро боз кӯфтааст. Мутобиқи қарори пленуми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2012, агар дар вақти тафтиши аввалия ё додгоҳӣ мавриди лату кӯб, шиканҷа ҷой дошта бошад, додгоҳ бояд ташхису санҷиш таъин кунад”, бинобар ин мо аз додгоҳ талаб кардем, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтани Эраҷ аз тарафи корманди милиса низ ба таъиноти додгоҳӣ таҳқиқ шавад. ”

Худи Эраҷ низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ кард, вале гуфт, номи он корманди пулисро намедонад: “Он милиса “ҳамаи дуздиҳои шудагӣ кори шумо, ба гардан мегирӣ”, гуфта, ба сару баданам зад. Ман инро вақти тафтиш ва дар додгоҳ ҳам гуфтам.”

Вале Анвар Назаров, ваколатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар автомобили “Опел”-и худ Эраҷро ҳамроҳи ҳамкораш Орипов ба беморхонаи шаҳри Чкалов бурдаанд, рӯзи чаҳоршанбеи 22 апрел дар толори мурофи ба ҳайси шоҳид латукӯби вай аз сӯи ҳамроҳашро рад кард. Вай гуфт, ки дар курсии ақиб дар паҳлуи Эраҷ як ҳамкораш, ки аз вай танҳо Орипов ном бурда шуд, менишаст, вале Эраҷро зарбу лат накардааст. “Мо ваколат надорем, ки ягон гумонбар ё ҷабрдида, махсусан кӯдаконро зарбу лат кунем,” - эълон дошт ин корманди пулис дар толори додгоҳ.

Вале вакилони дифои Эраҷ инро қабул надоранд ва аз додгоҳ тақозо карданд, ки таҳқиқи лату кӯб шудани Эраҷ аз сӯи корманди пулис таҳқиқ шавад. Содиқ Ваҳҳобзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд ва раиси мурофиаи ин парванда баъди машварати кӯтоҳ бо вакилони мудофеъ гуфт, додгоҳ дар ин бора баъд аз бозпурсии он корманди дигари пулис, ки ӯро то беморхона бурдааст, ҳамчунин муфаттиши парванда ва муаллимае, ки дар пурсиш Эраҷро ҳамроҳӣ кардааст, тасмими худро эълон хоҳад дошт.

Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”, Аҳлидин Файзиев – сардори бахши бехатарӣ ва Бобурҷон Юсуфов -- посбони ин бозор бар асоси ду банди кодекси ҷиноӣ - 104, қисми 2, яъне "куштори инсон" ва 112 - "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" муттаҳам мешаванд. Мудири ошхонаи бозори “Назари нек” – Тоҷиев фақат барои “қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ” айбдор дониста мешавад. Ба ҷуз мудири ошхона, дигар айбдоршавандаҳо замони тафтиши аввалияи парванда дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.

Ҳодисаи куштори ятими парваришгоҳи шаҳри Чкалов шаби 15 ба 16 январ рух дод. Дар эътирофи аввалияи худ дар ин гуноҳ, ки тавассути шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд ҳам намоиш дода шуд, Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт,ҳангоми латту кӯби наврасони ятим Зиёдбеку Эраҷ "худро идора карда натавонистааст." Зиёдбек дар натиҷаи ин латту кӯб ҳалок шуд ва Эраҷ Исоев, ятими дигари ҳамин хона-интернат ба бемористон интиқол ёфт.

Дар ин навор Рустам Ҷӯраев, маъруф ба “Ҳоҷӣ Рустам”, ки ба куштани Зиёдбек Ҷӯраев, хонандаи 17-солаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов чигуна латтукӯб кардани ин ятими гумонбар дар дуздӣ аз мағозаи “Сабрина”-и бозорашро ба муфаттишон нишон медиҳад ва мегӯяд, аз карда пушаймон шудааст. Зиёдбек Ҷӯраев ва хонандаи 16-солаи мактаб-интернати Чкалов Эраҷ Исоев шаби 15 ба 16 январ аз сӯи муҳофизони бозор бо гумони дуздӣ дар бозори “Сабрина” дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG