Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд ҷамъ мешаванд


Kyrgyzstan Bishkek CIS Summit of Heads of State Dosaliev publication September 16, 2016
Kyrgyzstan Bishkek CIS Summit of Heads of State Dosaliev publication September 16, 2016

Нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои иштирок дар як нишаст дар Тошканд ҷамъ мешаванд. Ин ҷаласа рӯзи 3 нобяр баргузор хоҳад шуд.

Расонаҳои Узбакистон менависанд, ки Тошканд бори нахуст саммити раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ-ро мизбонӣ мекунад. Дар баробари сарвазирони Қирғизистону Узбакистон, раҳбарони ҳукуматҳои Арманистон, Қазоқистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев низ аз иштироки худ дар ин нишаст хабар додаанд.

Аз Озарбойҷону Туркманистон дар нишасти Тошканд ноибони нахуствазирҳо намояндагӣ мекунанд. Қарор аст, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо иштирокдорони саммит мулоқот анҷом диҳад.

Интизор меравад, ки дар ин нишаст 18 санади марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, савдои озод, энерҷӣ, рушди мошинсозӣ ва обёриву масоили гумрукӣ баррасӣ шавад.

Бино ба хабарҳо, дар доираи саммит мулоқоти дуҷонибаи иштирокдорон барномарезӣ шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки сарвазирони Қирғизистону Қазоқистон дар робита ба вазъи марзи байни ду кишвар мулоқот хоҳанд кард ё не.

XS
SM
MD
LG