Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "Равуо дар марз бо Қазоқистон ҳанӯз душвор аст"


Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ мисли пешин мушкил боқӣ мондааст. Дар ин бора хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад .Ба гуфтаи манбаъ, дар гузаргоҳи "Оқ-Жол" ва "Оқ-Тилек" навбатпоӣ мушоҳида мешавад, аммо дар гузаргоҳҳои "Чалдовар" ва "Чон Капка", навбатпоӣ нест.

"Дар гузаргоҳи "Оқ-Жол" 23-юми октябр наздики 300 нафар дар навбат истода буданд. Давоми 15-20 дақиқа 30 одам аз марз убур кард. Давоми ним соат аз ин гузаргоҳ 7-8 мошин гузашт. Дар маҷмуъ 40 мошин дар марз навбат меистанд. Дар "Оқ-Тилек" мошинҳои борбар дар навбат истодаанд. Онҷо ҳоло наздики 400 мошин қарор дорад", - хабар медиҳад намояндаи хадамоти марзбонӣ Салқин Абдикариева.

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз 10 октябр назорати шадиди марзӣ роҳандозӣ шуд. Ҷониби Қазоқистон дар гузаргоҳи марзии "Кордай" постгоҳи назоратии иловагиеро ташкил ва ба санҷиши мошинҳои боркаш сарбозони мусаллаҳро ҷалб кард.

XS
SM
MD
LG