Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари мубориза барои қудрат пароканда шуд. САДО


Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, баъди изҳори нобоварии порлумон ба ҳукумати кишвар, рӯзи 19 апрел ҳукумати нахуствазир Сафар Исҳоқовро пароканда кард. Ин таҳаввулот дар пасманзари муборизаи қудрат дар байни раиси ҷумҳури пешин ва феълӣ ҷараён мегирад.

Қирғизистони ҳамсоя бо Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлол дар соли 1991, борҳо авзои пурталотуми сиёсиро пушти сар карда ва солҳои 2005 ва соли 2010 шоҳиди ошӯбҳои хушунатбор ва хунрезӣ шудааст.

Пароканда кардани ҳукуматро як аломати дигари таниш байни Сооронбей Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон медонанд, ки як замон бо ҳам наздик буданд, вале байнашон мухолифат сар задааст.

Беш аз сад раъйи нобоварӣ

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон гуфт, аъзои ҳукумат то замони таъсиси ҳукумати нав ба вазифаҳояшон идома медиҳанд. Раъйгирӣ дар порлумон бо ташаббуси гурӯҳе аз вакилони мухолифи давлат дар порлумон ва интиқоди аҳзоби сиёсии мухолиф аз фаъолияти ҳукумат сурат гирифт. Айни замон, эътилофи ҳокими Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон якбора аз ҳимояти Сафар Исҳоқов даст кашид.

Порлумони ин кишвар 120 курсӣ дорад ва ҳангоми раъйдиҳӣ аз миёни 112 вакили ҳозир, 102 нафар ба ҳукумат раъйи адами эътимод доданд.

Чаро ҲСД Сафар Исҳоқовро ҳимоят накард?

Баъди пирӯзии Сооронбей Ҷеенбеков, рафоқати ду тараф дер давом накард.
Баъди пирӯзии Сооронбей Ҷеенбеков, рафоқати ду тараф дер давом накард.

Амалкарди порлумон ғайриинтизор буд, зеро Сафар Исҳоқови 39-сола, ки моҳи август раиси ҳукумат интихоб шуд, аз шарикони наздики Отамбоев ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, раъйи адами эътимоди эътилофи ҳоким, аломати тарафдории васеи Сооронбой Ҷеенбеков дониста мешавад.

Алмосбек Отамбоев, баъди тарки қудрат дар 5 моҳи пеш дар саҳнаи сиёсӣ кам ба назар мерасид, вале пас аз интихобаш ба мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар рӯзи 31-уми март чанд дафъа Сооронбой Ҷеенбековро танқид кард.

Аз ин пештар дар моҳи апрел, раиси ҷумҳур Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Индира Ҷолдубоева, додситони кулл ва шарикони наздики Алмосбек Отамбоевро аз мақомҳояшон барканор кард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
Линки мустақим

Қирғизистони ҳамсоя бо Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлол дар соли 1991, борҳо авзои пурталотуми сиёсиро пушти сар карда ва солҳои 2005 ва соли 2010 шоҳиди ошӯбҳои хушунатбор ва хунрезӣ шудааст.

Алмосбек Отамбоев дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Ҷеенбековро тарафдорӣ мекард, вале чанде пеш ба танқиди ӯ пардохт ва байни ду тараф ихтилоф сар зад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG