Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳур одамони "номаъқулашро" барканор кард


Соронбой Ҷеенбеков ва Абдил Сегизбоев
Соронбой Ҷеенбеков ва Абдил Сегизбоев

Соронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон ду мақоми баландпояи амниятиро, ки бо президенти пешин наздик будаанд, аз мақомҳояшон барканор кардааст.

Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини ӯ Болот Суюмбоев рӯзи 7-уми апрел аз мақомҳояшон сабукдӯш шудаанд. Барканории ду нафар аломати дигаре аз авҷ гирифтани таниш байни Соронбой Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев медонанд, ки то 6 моҳ пеш бо ҳам наздик буданд.

Отамбоев дар интихоботи моҳи октябри соли 2017 Соронбой Ҷеенбековро тарафдорӣ мекард, аммо дар ҳафтаҳои гузашта ба танқиди ӯ пардохт. Баъди интиқодҳои раиси ҷумҳури собиқ, барканории мақомҳои наздик ба ӯ аз ҳукумати Қирғизистон шурӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG