Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: “Ҳадафи бозгашти ман ба сиёсат интихоботи 2020 аст”


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев – президенти собиқи Қирғизистон – раиси ҳизби сотсиал-демократи он кишвар интихоб шуд. Анҷумани ҳизб рӯзи 31-марти имсол дар шаҳри Бишкек баргузор гардид.

“Ҳадафи бозгашти ман омода кардани ҳизб ба интихоботи порлумонии соли 2020 аст”, - гуфт Отамбоев дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар мавриди онки оё ҲСД “ҳизби инқилобӣ” хоҳад шуд, Алмосбек Отамбоев гуфт, “Худо инқилобро нишон надиҳад. Фикр мекунам, ончи то ҳоло буд, кофист. Ва ҳадафи ҳизби сотсиал-демократ ба нахуствазирӣ расондани Отамбоев ҳам нест. Нахуствазири кунунӣ хуб кор мекунад. Ҷавону пурэнержӣ аст. Баъзан иштибоҳ мекунад, вале кор мекунад.”

Раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар идома гуфт, ҳадафаш ҳеч вақт бозгашт ба ҳукумат набуду нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи худаш, қаблан ин имконро дошт, ки қудратро дар панҷаҳояш нигоҳ бидорад. Ӯ гуфт, ҳатто пешниҳод карда буданд, ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ ду дафъа раиси ҷумҳур бимонад.

“Аммо фикр мекунам, ин кор на ба Отамбоев ва на ба кишвар даркор нест. Мо бояд кишвари воқеан демократӣ бошем”, - афзуд ӯ.

Алмосбек Отамбоев дар ин нишасти хабарӣ ба муносибати то андозае садамадидаи ӯву раиси ҷумҳури кунунӣ Сорронбой Ҷеенбеков ҳам дахл кард. Вай гуфт, ҳақ дорад, ки баъзе ҳарфҳоро тунд ҳам бошад, ба президент бирасонад. Аз ҷумла, Отамбоев гӯшзад кард, ки беш аз даҳ сол талош кардааст, дар Қирғизистон ҳукумати хонаводагӣ набошад.

XS
SM
MD
LG