Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Куриёи Шимолӣ ба фиристодани нерӯ ба Русия сар кардааст”


Нерӯҳои Куриёи Шимолӣ. Акс ах бойгонӣ
Нерӯҳои Куриёи Шимолӣ. Акс ах бойгонӣ

Куриёи Ҷанубӣ хабар дод, ки аз аввали моҳи октябри имсол Куриёи Шимолӣ ба фиристодани нерӯ ба Русия сар кардааст.

Хабаргузории "Рёнхап" дар бораи интиқоли 12 ҳазор низомӣ навишт.

Ин иддао чанд рӯз баъди он садо дод, ки президенти Украина Владимир Зеленский Пхенянро ба интиқоли нерӯ ва аслиҳа ба Русия барои пуштибонӣ аз Кремл дар ҷанги беасосаш алайҳи Украина муттаҳам кард.

Хадамоти миллии истихбороти Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 18-уми октябр эълон кард, ки аз 8 то 13-уми октябр аксҳое гирифт, ки нерӯҳои вижаи Пхенян дар як киштӣ ба Русия интиқол дода шудаанд

Аз соли 1990 бори аввал аст, ки як киштии русӣ ба обҳои Куриёи Шимолӣ ворид мешавад ва ин оғози ширкати низомии Куриёи Шимолиро дар ҷанг тасдиқ мекунад.

Кремл иддаои пешинаи Куриёи Ҷанубиро дар бораи он ки Пхенян ба Маскав мушаку тӯп додааст, рад карда буд.

XS
SM
MD
LG