Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайри бесобиқаи БДА дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

БДА-и Кӯлоб дар як иқдоми бесобиқа 20 000 сомонӣ пули ҷаримаи тайи 3 рӯз ҷамъовардаи кормандонашро миёни мардуми ниёзманд тақсим кардааст.

Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и Кӯлоб маблағе, ки аз ҷаримаи ронандагони қонуншикан дар се рӯзи ахир ба даст оварда буд, ба ниёзмандон хайр кардааст.

Бо ин маблағ, ки 20 ҳазор сомониро ташкил медод, маводи хӯрока ва либоса харидорӣ шуда, ба хонандагони мактаб-интернат ва беморони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб дода шудааст.

Як масъули БДА бидуни бурдани номаш гуфт, онҳо дар ҳамоҳангӣ бо вазорати корҳои дохилӣ ба чунин иқдоми хайр даст заданд. Ӯ гуфт, умедвор аст, кӯмаки онҳо ва даҳҳо хайрхоҳи дигар, ки дар шабу рӯзи Соли нав ба ниёзмандон кӯмак мекунанд, дар зиндагии қишрҳои мӯҳтоҷ беҳбудӣ хоҳад овард.

-Аслан, маблағи ҷаримаҳо ба буҷа мераванд, вале мо бо мактуб хоҳиш кардем, то ин ҷаримаҳоро ҷудо кунанд, то аз номи кормандонамон ба ниёзмандон кӯмак расонем, - гуфт ин манбаъ.

Кӯмак ба ниёзмандон дар арафаи идҳо аз ҷониби идораҳои мухталиф ва мансабдорон мисле ба як анъана табдил ёфтааст. Ин кӯмакҳо тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ҳам намоиш дода мешаванд, ки корхонае бо фалон миқдор ба ятимхонае кӯмак расонидааст.

Аммо бори аввал аст, ки БДА-и Кӯлоб маблағи аз ҳисоби ҷаримабандиҳо ба даст овардаашро ба ниёзмандон хайр мекунад.

XS
SM
MD
LG