Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ронандагони Кӯлоб аз БДА-и Данғара


Ронандаҳои таксиҳои самти Душанбе - Кӯлоб - Душанбе аз рафтори кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар қаламрави ноҳияи Данғара изҳори нигаронӣ мекунанд.

Чанд тан аз ин ронандагон рӯзи душанбе, 21-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он шикоят карданд, ки маъмурони пулиси роҳ дар ҳудуди ноҳияи Данғара мошини онҳоро манъ мекунанд ва баҳудаву беҳуда ҷаримаашон мебанданд.

Ба таъкиди ин ронандагон, онҳо бештар аз муомилаи дурушти кормандони БДА дар ҳудуди ин ноҳия дар ташвишанд.

Ҷамшед Раҷабов, як ронандаи ҷавон мегӯяд, муомилаи дурушти маъмурони пулиси роҳи ноҳияи Данғара - зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - дар як соли ахир бештар шудааст. Ҷамшед мегӯяд, бо кормандони БДА-и ноҳияи Данғара дигар баҳс фоидае надорад, зеро, ба бовари ӯву дигарон, ҳар кадоми онҳо дар сатҳи болоии ҳукумат пуштибони қавӣ доранд: «Ҳар нафаре рост омад, бозмедоранд ва агар дар ҳуҷҷатат Кӯлоб навишта шуда бошад, мисле ки чап гирифта бошанд, гуноҳатро меёбанд ва ё на, ҷарима мебанданд. Бачаҳо чизе ҳам гуфта наметавонанд, зеро ҳамаро медонанд, ки хешу табори кианд. Намедонам, барои чӣ маҳз ронандаҳои Кӯлобро чап гирифтаанд?»

Ронандагон мегӯянд, ба далели назорати ҷиддии кормандони БДА дар ин минтақа онҳо талош мекунанд, то тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, вале боз ҳам мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Бозоралӣ Қосимов, ронандаи дигар мегӯяд, ҳатто бархе ронандагонро як бор дар даромадгоҳи ноҳия ва дафъаи дигар дар баромадгоҳи Данғара ҷарима мекунанд: «Бо назари паст ба мо нигоҳ мекунанд. Гоҳо таҳқир ҳам мекунанд. Ба маъное ки ҳар ҷое шикоят мекунед, кардан гиред. Мо медонем, ки баҳс бо онҳо фоида надорад, аз ин рӯ, ягон пул дода, ҷонамонро халос мекунем.»

Ронандагони самти Кӯлоб - Душанбе - Кӯлоб аз мавориди ришваситонии маъмурони пулиси роҳ ҳам сӯҳбат мекунанд, аммо бинобар далели қавӣ надоштан, аз зикри намунаҳое дар ин робита худдорӣ мекунем.

Аммо Шодӣ Қурбонов, сардори шӯъбаи БДА дар ноҳияи Данғара иддаъои ронандагони самти Кӯлоб - Душанбе - Кӯлобро беасос медонад.Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, дар ин шоҳроҳ ҳамагӣ 4 корманди БАД-и Данғара фаъолият мекунанд. Дигарон, ба гуфтаи ӯ, маъмурони пулиси роҳи минтақавианд: «Кадоме ки суръати ҳаракатро вайрон мекунад, мошини ҳамон манъ карда мешавад. Мисол, бисёре аз ронандагон қоидаи сабқат (обгон)-ро вайрон мекунанд. Шумо хуб медонед, ки дар ҳамин Себистон садама зиёд мешавад. Мо ба он хотир кормандонамонро он ҷо мегузорем, ки садама камтар шавад. Ягон касро беҳуда манъ намекунанд.»
Аммо Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», ки дар охирин шумораи ин ҳафтанома аз чунин як муомилаи дурушти кормандони БДА-и Данғара нисбат ба худи ӯ ва дигар ронадагон дар самти Кӯлоб - Душанбе - Кӯлоб як матлаб ба нашр расонидааст, мегӯяд, воқеан, мисоли мушаххас рӯи даст дорад, ки пулиси роҳ аз исми зодгоҳ ва шахсияти президенти кишвар сӯъиистифода карда ва ҳар гунае ки хоҳад, бо ронандагон муносибат менамояд: «Мо фактҳои дақиқу равшан овардем, ки як нафаре аз кормандони БДА худро додари домоди бародари президент гуфта, сари мардум фишор меоранд. Ин нафарро мо пайдо кардем ва ба мақомот пешниҳод кардем. Аммо агар зӯри мақомоти давлатии як кишвар ба як хеши дури президент нарасад, то ӯро аз қонуншиканӣ боздоранд, пас ин кишвар ман намедонам, ки ба чӣ рӯёрӯиҳо бояд рӯ ба рӯ шавад, то ки муҳимияти ҷамъияти шаҳрвандиро дарк кунад, муҳимият волоияти қонунро дарк кунад.»

Гуфта мешавад, бархе аз зодагони ноҳияи Данғара бо дарназардошти ҳамшаҳрии президенти кишвар буданашон чунин рафтор мекунанд ва мутмаинанд, ки касе онҳоро чизе гуфта наметаовнад.

Данғара, яке аз даҳ ноҳияи тобеъи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шумор меравад. Раҳбарони шӯъбаҳои маориф, тандурустӣ, андоз, корҳои дохилӣ, фарҳанг, молия ва дигар ниҳодҳои ин ноҳия зертобеъи раёсатҳои минтақаи Кӯлоб мебошанд. Аммо масъули як раёсат дар минтақаи Кӯлоб бидуни зикри номаш гуфт, кор бо намояндаашон дар ноҳияи Данғара мушкил аст, зеро ӯ хоҳад, ҳисобот медиҳад, нахоҳад - намедиҳад.

Аммо Шодӣ Қурбонов, сардори БДА-и Данғара ин гуфтаҳоро "бофтаҳои дурӯғ ба хотири бадномкунӣ" унвон кард. Ӯ мегӯяд, фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯби қонун ба роҳ монда шудааст: «Ин ҳама гапи мардум аст. Дар асл, ин хел гап нест. Чапгирӣ гуфтанӣ гап нест. Марҳамат, шумо бигузаред ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунед, ку, бубинед, ки кӣ шуморо манъ мекунад? Ғам додану бадбинӣ ин овозаҳои беасос аст, ки ҳамон қоидаи ҳаракати роҳро вайронкунандаҳо мебофанд.»

Вале Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР" мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон микро-маҳалчигӣ зуҳур кардааст, ки аз ҷумла минтақаи Кӯлобро ҳам ба ду қисмат тақсим намудааст: «Ин микро-маҳалчигӣ оҳиста-оҳиста бо дастгирии чунин нозирон рушд мекунад. Як минтақаи муттаҳидро бо дасти худ алакай ба ду пора тақсим карданд.»

Зимнан, дар чанд соли охир ин пешниҳод ҳам дар сари забонҳост, ки Данғара - зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон - пойтахти Тоҷикистон ваё ҳадди ақал маркази маъмурии вилояти Хатлон шавад.
XS
SM
MD
LG