Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БДА-и Кӯлоб мегӯяд, дидбонгоҳи "Олимтой" қонунӣ буд


Мавзеи "Олимтой"
Мавзеи "Олимтой"

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, нигаронии вазири корҳои дохилӣ аз ташкили дидбонгоҳи ғайриқонунӣ дар мавзеи «Олимтой» асоси воқеӣ пайдо накард.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ як гуруҳ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти ин ниҳод дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро беасос манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ба иттилои вазорат, худсарии кормандони БДА, ки боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр гардидааст, роҳбарияти ин ниҳодро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани гумонбарон дар ин кор ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дилшод Фозилов, сардори БДА дар минтақаи Кӯлоб дар як тамоси телефонӣ гуфт, ронандаҳое, ки ба вазир шикоят бурдаанд, иштибоҳ кардаанд, зеро дидбонгоҳи «Олимтой» аз моҳи апрели соли равон расман тибқи фармони Вазири корҳои дохилӣ фаъол аст. Ба гуфтаи оқои Фозилов, шикояти ронандаҳоро як комиссияи вижа тафтиш кард ва маълум шуд, ки кормандони БДА-и минтақаи Кӯлоб ҳеҷ дидбонгоҳи ғайриқонунӣ дар рӯзҳои Иди Саиди Фитр ташкил накардаанд ва дар ҳамон дидбонгоҳи расмӣ фаъолияти хизматии худро анҷом додаанд.

Аммо ронандагон мегӯянд, масъулини БДА-и минтақаи Кӯлоб ба вазири корҳои дохилӣ дурӯғ мегӯянд, зеро воқеан, ба ҷуз дидбонгоҳи «Олимтой», дар роҳи вуруд ба ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ кормандони БДА истода буданд. Шариф, як ронандаи мусофиркаш гуфт, шикояти онҳо аз вуҷуди ду се дидбонгоҳ дар ин мавзеъ буд. Ба гуфтаи ӯ, аз самти Кӯлоб ба Душанбе як дидбонгоҳ то дидбонгоҳи расмии «Олимтой» вуҷуд дошт ва пас аз гузаштан аз ин дидбонгоҳ ду ҷои дигар нозирони БДА ё ба қавли ронандаҳо «радар» истода буд.

Ӯ мегӯяд, вуҷуди кормандони БДА ронандагонро нороҳат накардааст, балки беҳудаву баҳуда боздоштани мошинҳо ҷои гила аст: «Бояд ҳақиқат бошад. Гуноҳ дорӣ надорӣ, баҳонае ёфта, манъ мекунанд. Масалан, маро манъ мекунад ва ягон қоидаро вайрон накардаам, аммо як гуноҳро хоҳӣ нахоҳӣ дар сарат мезананд. Дар ин ронандагонро алам мекунад.»

Рустам, ронандаи дигар мегӯяд, на танҳо дар рӯзи ид, балки ҳар рӯз ин аҳвол давом дорад. Ӯ мегӯяд, назди бозори марказии Кӯлоб дар пеши ҳар мошин як корманди БДА истодааст, вале он ҷо ҳеҷ ҳаракат дар танзим нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳолат вуҷуди кормандони БДА мантиқан танҳо барои гирифтани пора аст, вагарна ҳаракати нақлётро танзим мекунанд.

«Дар пеши бозор аз ҷобаҷо кардани кормандони БДА, беҳтар аст аломатҳои роҳро гузошт. Бояд навишт, ки дар аз фалон ҷой ва фалон соат гузоштани мошин иҷозат нест. Ҳоло аломати роҳ нест ва ё бошад, ҳам дар зераш мошин гузошта шудааст. Дигар фаҳмидан мушкил аст, ки чаро кормандони БДА он ҷо меистанд. »

Дар ҳоле, ки аксари ронандагон аз вуҷуди заруру нозарури кормандони БДА дар роҳҳо шикоят мекунанд, Баҳриддин Давлатов, як ронанда афзоиши онҳоро ба манфиати кор медонад. Баҳриддин мегӯяд, агар сари ҳар қадам пинҳону ошкор кормандони БДА дидбонгоҳ накунанд, садамаҳо афзоиш хоҳад ёфт.

«Ронандаҳо аз ҳамин гаишникҳо (кормандони БДА) метарсанд, вагарна бо суръати 200 километр соат мошинро меронанд. Будани онҳо хуб аст, ки камтар ронандаҳо андеша мекунанд. Агар онҳо набошанд, бовар кун, садамҳо зиёдтар мешавад. Бубинед, ки садамаҳо аслан дар ҷойҳое рух медиҳанд, ки кормандони БДА ҳузур надоранд.»

Дар ҳамин ҳол, Пайрав Саидов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар ташкил шудани чунин дидбонгоҳҳо бештар худи ронандаҳо айбдоранд, зеро аввалан ҳуҷҷатҳои ронандагиашон дуруст нест ва дуввум умуман намепурсанд, ки корманди БДА дар кадом асос дар роҳ истодааст.

«Ҳар ронанда ҳақ дорад, ки дислакатсия пурсад. Кормандони БДА ҳақ надоранд, ки бо мошини шахсӣ рейд гузаронанду ҳар ҷое хост, радар истифода кунад. Инро ҳам бояд ҳар як ронанда пурсад. Мутаасифона кормандони БДА хеле дағалгуфтор ҳам ҳастанд, ки ин чизро ҳам Вазорати корҳои дохилӣ бояд ислоҳ кунад. »

Аз самти Душанбе то шаҳри Кӯлоб соле пеш панҷ дидбонгоҳи расмӣ амал мекард, вале ҳоло танҳо се тои он боқӣ мондааст. Аммо ба гуфтаи ронандагон, ба таври ғайрирасмӣ ҳар рӯз дар самти роҳи Кӯлоб Душанбе дар чанд мавзеъ, берун аз дидбонгоҳҳои расмӣ метавон кормандони БДА-ро мушоҳида кард, ки ба боздоштани мошинҳо машғуланд.
XS
SM
MD
LG