Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармӣ дар мактаб. Аммо аз пули кӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷамъоварии маблағ аз талабаҳо барои фаъол кардани системаи ягонаи гармӣ дар мактабҳои миёнаи Хуҷанд бо вокуниши манфии бархе падару модарон рӯ ба рӯ шудааст.

Баъди беш аз 20 соли аз кор мондани шабакаҳои ягонаи гармидиҳӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон барои бори аввал дар вилояти Суғд мехоҳанд дубора ин шабакаро дар мактабҳо ба кор андозанд, то мушкили сардии синфхонаҳо дар фасли зимистон бартараф гардад.

Вале, ба назар мерасад, мақомот дар ин роҳ умдатан ба пули волидайни хонандагон чашми умед дӯхтаанд. Ҳоло маъракаи ҷамъ кардани маблағ - ҳудуди 200 сомонӣ аз волидайни ҳар талаба дар бархе мактабҳои миёнаи Хуҷанд оғоз шудааст.

Нодира Боқиева, як сокини Хуҷанд аст, ки мегӯяд, 3 фарзандаш дар 2 мактаби Хуҷанд таҳсил мекунанд. Вай рӯзи 30 сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз аввалинҳо дар ин кор саҳм гирифтааст: “Ман ба мактаби писару духтарам 300 сомонӣ додам ва афсӯс намехӯрам. Фақат ман дар мактаб пурсидам, ки ба кори дегхона дар зимистон кафолат медиҳанд? Беҳтар, ки синфаш гарм бошаду фарзандонам хунук нахӯранд. Соли гузашта синфхонаи калонашон хунук буд, як печи барқӣ гузошта буданд, гарм намекард, бачаҳоям касал мешуданд. Агар системаи гармиро ба кор андозанд, дигар аз фарзандонамон дар зимистон хавотир намешавем.”

Вале мусоҳиби дигарам Умед Акрамов, сокини Хуҷанд мегӯяд, бо пули сокинон навсозии ситемаи гармоиши мактабро қабул надорад: “Мактабро гарм кардан кори нағз, чунки ба фоидаи фарзандони мо. Ман тарафдор, ки бачаҳоямон хунук нахӯранд дар зимистон, касал нашаванд. Аммо чаро ин корро аз пули мо мекардаанд ? Давлат барои чӣ пул ҷудо намекунад? Пули таъмири синфашон ҳам ба гардани мо. Ман ба писарам гуфтам, ки ҳозир пули зиёдатии медодагӣ надорам, худамон дар хона сад мушкил дорем.”

Идораи маорифи Суғд мегӯяд, барномаи ба кор андохтани системаи ягонаи гармоиши мактабҳо бо дастури раиси вилояти Суғд ҷиҳати фароҳам кардани шароити хуб дар мактаб рӯи даст гирифтаанд.

Ораш Калонов, мутахассис оид ба сохтмон ва зимистонгузаронӣ дар шӯъбаи маориф дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, волидайни талабаҳо танҳо як қисми маблағи ин корро пардохт хоҳанд кард: “Тибқи ин дастур, дар давоми се соли оянда системаи марказонидаи гармоиши муассисаҳои таълимии вилоят бояд ба кор дароварда шавад. Ҳоло ба тариқи таҷрибавӣ дар 7 мактаби миёнаи Хуҷанд ин корро сар кардем. 30 дарсади маблағи ин корро шаҳрдорӣ, 40 дар сади он аз падару модарон, 30 дар сади боқимондаро мактабҳо аз буҷаи худ – аз ҳисоби маблағҳои сарикасии таҳсил пардохт мекунанд. Баъди маҷлиси кумитаи падару модарони мактабҳо ва гирифтани ризояти онҳо ба пул чидан сар мекунанд.”

Мутахассисони бахши сохтмони идораи маориф барқарор карани системаи ягонаи гармидиҳии як мактаби миёнаро аз 100 то 300 ҳазор сомонӣ баровард кардаанд. Яъне, агар як мактаб 1 ҳазор талаба дошта бошад, волидайни ҳар талаба бояд ҳадди ақал 100 сомонӣ пул диҳанд. Идораи маорифи Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, 20 мактаби миёнаи шаҳри Хуҷанд дорои системаи ягонаи гармӣ аст.

Соли равон ба бахши маорифи вилояти Суғд аз буҷа 522 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Вале ҳамзамон бо он ки дар вилояти Суғд чандин мактаби нав сохта шудааст, бар пояи иттилои расмӣ, боз ҳам “77 бинои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 478 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ” ниёз доштааст.

Ва ходимони бахши маориф талош доранд бо ҷалби пули тоҷирону ашхоси саховатпеша ва падару модарон ба ободонии мактаб норасоии маблағро то дараҷае ҷуброн кунанд. Ва ин дар ҳолест, ки таҳсил дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, ба ҷуз ангуштшумор мактабҳои хусусӣ, расман бепул аст.

Оё ба хотири беҳбуди вазъ беҳтар нест давлат бархе мактабҳоро пулакӣ ва маблағи ба буҷа воридшударо ба рушди мактабҳои умумии бепул сарф кунад? Ин бори гарони давлатро низ дар маблағгузории мактабҳо сабук ва мушкилро ҳал мекард. Муҳаббат Бобоҷонова, мудири маорифи вилояти Суғд дар посух ба ин савол гуфт: “Ҳозир мо 21 мактаби хусусӣ дорем. Вале ман фикр мекунам, дар ҳоли ҳозир шароити иқтисодии мардуми мо пулакӣ кардани бештари мактабҳоро намебардорад. Ғайр аз ин ва муҳимтар – аз рӯи қонун, таҳсили ҳатмӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ройгон мебошад.”

Вале хонум Бобоҷонова афзуд, қонуни маориф барои дар мактабҳои миёна ба роҳ мондани “хадамоти пулакии иловагӣ”, ё баргузор кардани дарсу маҳфилҳои иловагӣ иҷоза додааст. Ва маблағҳои он ба суратҳисоби махсус гузаронида шуда, таҳти назорати бахши муҳосибот барои беҳбудии шароити таълимии мактаб, аз ҷумла барқарор кардани системаи ягонаи гармоиш сарф карда мешавад. Маблағе, ки ба назар мерасад, барои навозии дегхонаҳо ва фаъол кардани системаи ягонаи гармӣ кофӣ нест.

Идораи маорифи Суғд мегӯяд, аз соли таҳсили гузашта маблағ барои барқарор кардани системаи ягонаи гармидиҳӣ дар харҷномаи мактабҳо дохил карда шудааст. Вале бархе манобеъи наздик ба иҷрои барномаи фаъол кардани системаи ягонаи гармидиҳии мактабҳо мегӯянд, соли равон аз буҷаи шаҳрдориву мактабҳо барои фаъолсозии дегхонаҳо маблағ ҷудо нашудааст. Аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир корҳои аввалия танҳо бо пули волидайн иҷро мешавад. Чизе, ки норизоии бархе аз онҳоро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG