Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми сентябр ба муносибати "Рӯзи дониш ва дарси сулҳ" дар бинои нави Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони ин донишгоҳ ҳанӯз ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, паст будани сатҳи дониши хонандагони мактабҳои миёнаро имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ бармало кард. Натиҷа ин аст, ки «бархе аз муаллимон дар макотиби миёна талаботи баҳогузориро риоят намекунанд».
Манзур ин аст, ки омӯзгорон ба шогирдони худ баҳое мегузоранд, ки болотар аз сатҳи дониши воқеии онҳост. Ҳарчанд вазъи кулли маориф ин гуфтаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро тақвият медиҳад, бархе аз омӯзгорони соҳибтаҷриба бар инанд, ки шеваҳои баҳогузорӣ дар ҳар навъи мактабҳо ва дар шаҳру деҳот аз ҳам фарқ мекунанд.
Камолиддин Тӯраев, ки 30 сол боз омузгорӣ аст, мегӯяд, омӯзгорон аксаран замоне баҳои «ғайривоқеӣ» мегузоранд, ки хонандаро ба омӯзиши бештар ва беҳтар ҳавасманд кунанд. Ҳамзамон ин омӯзгор мегӯяд, музди кам муалимонро маҷбур кардааст, ки дарси зиёд гиранд ва ҳатман ки нерӯяшон ба ин ҳама намерасад: «аз сӯи дигар, бояд дар мактабҳои соатҳои дарсии омузгор кам карда шавад. Барои мисол бубинед, агар дар як ставкаи корӣ омузгор 500 сомонӣ маош гирад, ин барои таъмини хонаводааш намерасад, аз ин хотир маҷбур мешавад, ки бояд соати корияшро бештар гирад. Вақте омузгор соати кориро аз як ставка зиёд гирад, вай аллакай ба дарс пурра омода шуда наметавонад. Бояд соати кори омузгор кам карда шавад, ки тавонад барои дарс гуфтан омода бошад».
Бисёриҳо бар инанд, ки дар давраи истиқлолият стандартҳои таълим дар мактабҳо чандин зина поин афтод ва мактабу маориф натавонистаанд, рисолати худро ба ҷо оранд. Мавҷуда Соҳибназарова, як сокини пойтахт мегӯяд, бар замми коҳиши меъёрҳо ва заъфи барномаҳои таҳсил як бахши умдаи муаллимони имрӯза аз сидқи дил кор намекунанд: «аввал ин ки таваҷҷуҳ ба мактабҳои ҳамагонӣ камтар аст, дуюм ин ки аксари омузгорон рузашонро кур мекунанд ва талош мекунанд маош гиранд. Баъдан робитаи волидайн бо мактабу омузгор хеле кам аст. Падару модарон танҳо ба маҷлисҳои меоянду халос. Ягон бор намераванд, дар дасрҳо ширкат кунанду бинанд ки кадом муаллим чӣ гуна дарс мегӯяд. Дар мактабҳои мо танҳо шеъру суруд мехонанд. Субҳ бо хондани гимн шуруъ мешавад ва ним соат ҳар субҳ вакти хонандаҳо гирифта мешавад, ки ин кори беҳуда аст. Дар мактаб бо ҳар баҳона пул талаб мекунанд, ҳатто гоҳҳо пуле ки барои дарсҳои иловагӣ дода мешавад, бар ивазаш дарс намехонанд».
Онҳое, ки дар ин байн аз омӯзгорон ҳимоят мекунанд, бар инанд, ки бояд ба онҳо маоши баландтаре дода шавад ва ҳамаҷиҳата таъмин будани онҳо боиси боло рафтани мақомашон дар ҷомеа гардад. Вале бархи дигар мегӯянд, агар расман музди кори муаллимон кам бошад ҳам, онҳо хонандагонро ба манбаи даромад табдил додаанд ва аз суи дигар мактабҳои пулакӣ низ пайдо шудаанд, лек вазъ бетағйир боқӣ мемонад.
Ҳарчанд пулситонии омӯзгорон дар мактабҳои миёна ҳамеша мавриди танқиди волидайн ва матбуот қарор дошт, устодони ин дабистонҳо пулситониро марбут ба вазорат ва шуъбаҳои маориф медонанд. Зарина Ҳакимова омӯзгоре, ки аз гуфтани ҷои кораш худдорӣ кард, бо интиқод аз бархе иқдомҳои вазорат ва шуъбаҳои маориф гуфт, бо вуҷуди он ки маоши омузгорон барои таъмини зиндагияшон кифоя нест, аммо онҳо ҳаргиз аз хонанда бо хоҳиши худ маблағи «фонди синф»-ро талаб намекунанд. «Муаллимон гоҳҳо барои ҳавасмандсозии хонандаҳо баҳои баробар ба донишро фаромуш мекунанд. Агар аз руи ҳақиқат нигоҳ кунем ин ҷиз вуҷуд дорад. Вале ин ба он маъно нес тки хонанда бар ивази баҳо ба муаллима чизе медиҳад. Дуюм чизе ки ҳаст, дар баробари омузгорон хонандаҳоро ҳам барои ҳама гунна газетаҳо обуна мекунанд, ки ин кори омузгорӣ мактаб нест. Китобчаҳои киссагӣ, нишонҳо ҳамаи инро аз шуъбаҳову вазорати маориф мефиристанд, ки як нишон аз 3 то 5 сомонӣ арзиш дорад, ин албатта барои бархе волидон гарон меафтад. Ин ҳама бо хоҳишу супориши масъулони боло сурат мегирад, на омӯзгору оддии ин ё он мактаби миёна»,- афзуд Зарина Ҳакимова.
Ин омӯзгор илова мекунад, ки ҳама мактабу муаллимро айбдор мекунанд, гоҳе ҳам оиларо, вале гӯё худи хонандагон дар ин байн гуноҳе надоранд. Ҳол он ки насли наврас зиёд хоҳиши омӯхтан ва пеш рафтанро надорад. Ин ақидаро Абдукарим Ҳалимов, ки 45 соли умри худро дар тарбияи насли наврас сарф карда, ҳоло бознишастааст, тасдиқ мекунад: «Ҳоло барои тарбияи фарзанди худат мушкили мекашӣ, як замоне шудааст, ки гоҳо гапат ба фарзанди худат намегузарад. Тарбияи фарзанди бегона воқеан мушкил аст. Ҳоло тамоми гуноҳе, ки хонадаи мактаб содир мекунад ба души мактабу омӯзгор бор аст. Ин дар ҳолест, ки муаллима маоши хубу зиндагии осуда ҳам надорад».
Бо вуҷуди он ки дар масъалаи мактабу маориф солҳост, нигаронии зиёде садо медиҳад, то ҳанӯз ягон ниҳоди давлатӣ ё ғайридавлатӣ роҳҳои наҷоти соҳаро аз вазъи феълӣ ба гунаи равшану барҷаста пешниҳод накардааст. Дар оғози соли таҳсил аз мушкилоти соҳа зиёд гуфта мешавад, сол ба поён мерасад ва як сол баъд аз нав айни ин мушкилот гаштаю баргашта сари забонҳо мешавад.
Э.Раҳмон: "Ҷараёнҳои тундрав наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми сентябр ба муносибати "Рӯзи дониш" дар бинои нави Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар он факултаҳои техникӣ, забонҳои руминӣ-немисӣ ва забони русӣ ҷой дода шудаанд, сӯҳбат мекард, ҳамчунин бо нигаронӣ аз гароиши ҷавонон ба равияву гурӯҳҳо бегона аз ҷомеаи кишвар хост, ки бетараф набошанд.
Ҷаноби Раҳмон дар ин замина ишора ба ҳодисаҳои хунини Ироқ ва Сурия кард, ки ҷангҳои дохилӣ ва ҳамчунин танишҳои байнимазҳабӣ ин кишварҳоро ба бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ рӯбарӯ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷонибдорӣ аз сулҳ дар ҷаҳон гуфт, "бо таваҷҷуҳ ба мухолифатҳо ва муқовиматҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳаӣ ва қавмӣ дар ҷаҳон сулҳу субот аз ҳарвақта зарур аст."
Ин аст, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур, Тоҷикистон тероризм, ифротгароӣ ва радикализм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯзро маҳкум мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро омили таъмини амнияти кишвар ва бақои давлат арзёбӣ кард ва гуфт, "баъзе маворид расонаҳо аз он интиқод мекунанд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон мактаб ё муассисаҳои таълимиро ифтитоҳ мекунад. Бояд бигӯям, миллате, ки савод дорад, давлати он рушд мекунад. Таъмини амнияти миллӣ ба рушди илму маориф бастагӣ дорад."
Ба ин далел раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф аҳамияти ҷиддӣ дода ва талош хоҳад кард, ки ҷиҳати фароҳам овардани имконияту шароит барои таълиму тарбияи насли наврас, тамоми чораҳоро андешад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, миллате, ки савод дорад, ҳамон давлат рушд мекунад ва пеш меравад. Ӯ амнияти давлат ва миллатро ба соҳаи илму дониш вобаста донист.
Эмомалӣ Раҳмон зимни нигаронӣ аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет, аз волидон хост, ки дар ин амр фарзандони худро назорат намоянд, зеро бар асари истифодаи ноҷои интернет ва телефонҳои мобилӣ, ҷанҷолҳои байнимактабӣ ба вуқӯъ пайваста ва ҷавонон даст ба ҷиноят мезананд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба натиҷаҳои интиҳоноти Маркази миллии тестӣ гуфт, ки дониши мактаббачаҳон дар кишвар ниҳоят паст будааст. Раиси ҷумҳур дар ин замина гуфт, бархе аз муаллимон дар макотиби миёна талаботи баҳогузориро риоят намекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки «соли оянда бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ пешниҳод менамоям, ки қабул ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, донишгоҳи пӯлод ва хӯла, донишгоҳи энергетикаи Москва ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад». Ҳамчунин президент таъкид кард, ки аз ин ба баъд озмунҳои фаннии мактаббачаҳо низ тавассвути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.
Имрӯз 1-уми сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз ёфт ва ба гуфтаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имсол 1 миллиону 717 ҳазору 63 хонанда ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд.