Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, ки моҳи августи имсол, баъди ба гуфтаи мақомот "қасди худкушӣ", аз мансаб барканор шуд, муовини раиси намояндагии ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) таъин шудааст. Сомонаи расмии ширкат навишт, ӯ масъулияти нигоҳдории роҳҳоро ба уҳда дорад.
Ин дар ҳолест, ки Худоёрзода дар замони вазири нақлиёт будан аз кори IRS, мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, танқид карда, гуфта буд, "аз бемасъулиятии кормандони ширкат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд". Вале пас аз се моҳи он дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон аз кори ширкат ситоиш кард ва афзуд, "агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигоҳдории онро дар сатҳе, ки ҳоло аст, наметавонистем иҷро кунем."
Ширкати офшории IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, нигоҳубини ягона роҳро ба шимоли Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Ширкат дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб карда, барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.
Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.
Ширкати IRS соли 2008 дар минтақаи офшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Баъзе расонаҳо дар оғоз онро ба Ҷамолиддин Нуралиев, ҳоло муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон рабт дода буданд, вале худи ӯ соли 2010 дар як нишасти хабарӣ ин иддаоро рад кард.
Худоёр Худоёрзода аз моҳи январи соли 2017 то охири моҳи августи имсол вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Ӯро субҳи 11-уми август бо захми корд дар бемористони "Истиқлол"-и Душанбе бистарӣ карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки вазир қасди худкушӣ дошт, вале бо гузашти моҳҳо ҷузъиёти он ошкор нашуд.
Худоёрзода 62-сола аст ва дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон низ кор кардааст.