Гулнора Зеваршоева, сокини шаҳри Душанбе, даъво дорад, ки шавҳараш зиёда аз бист сол дар Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат кардааст ва аз манзили давлатӣ рондани ӯ ва кӯдаконаш "одилона нест". Хонаро ба онҳо соли 2012 тақдим кардаанд.
Ҳоло мақомот манзили баҳсиро ба ҳамсари яке аз низомиёне доданӣ ҳастанд, ки дар муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷон бохтааст.
Хонум Зеваршоева мегӯяд, шавҳари ӯ, Шавкат Зокиров, низ солҳои дароз марзро посбонӣ кардааст ва барои идомаи зиндагӣ дар манзили хидматӣ ҳақ дорад.
“Ба ҳамсари марзбони кушташуда ҳам хона диҳанд, мо зид нестем. Ин тасмим набояд боис шавад, ки ману кӯдаконам дар кӯча бимонем. Ин зан як рӯз ҳамроҳи модараш омад. Бо ман ҷанҷол кард ва як варақ нишон дод. Мо хабардор набудем," -- гуфт Гулнора Зеваршоева рӯзи 23-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Манзили хидматӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи президент.
Тарафи дигари баҳс – Нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон – дар аризаи даъвоии худ, аз ҷумла асос овардааст, ки Шавкат Зокиров соли 2014 ҳамроҳи оилааш ба Русия рафт ва шаҳрвандии ин кишварро гирифту хонаи хидматиро ба иҷора дод.
“Шавҳарам дар аввали соли 2014 ба нафақа баромад. Он замон ҳаққи бознишастагияш 900 сомонӣ буд. Барои зиёд кардани нафақа соли 2017 ба Русия рафт. Шаҳрвандӣ гирифт ва нафақаро дар он ҷо дуруст кард. Ҳамин қадар гуноҳ дорад, ки нафақаи Русияро мегирад”, - нақл кард Гулнора Зеваршоева.
Додрас “бинобар ғайриҳадафмандона истифода шудан” ҳаққи истифодаи манзили хидматиро аз Шавкат Зокиров гирфитааст. Дар ҳалномаи додгоҳ гуфта шудааст, ки Зокировро соли 2013 “барои аз ҳадди ваколатҳои худ баромадан” мансабашро як зина поин оварда буданд.
Хонум Зеваршоева мегӯяд, аз ин чиз хабар дорад, вале мавқеи ва шавҳараш ин аст, ки набояд ин қазия ба идомаи зисташон дар манзили хидматӣ таъсир гузорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Як ҳуқуқдони мустақил рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, хидматчиёни ҳарбӣ баъди бознишастагӣ ҳаққи идомаи зиндагиро дар манзили хидматӣ доранд ва “дарёфти шаҳрвандии Русия ё зиндагӣ дар ин кишвар барои бекор кардани санади иқомат асос намешавад”.
“Агар ӯро вазъи зиндагӣ водор кардааст, ки ба Русия равад, бояд ба назар гиранд. Вале хидматчии ҳарбӣ бе иҷозаи соҳибмулк, яъне Дастгоҳи иҷроияи президент ҳақ надорад манзилро ба иҷора диҳад. Баъзе аз паҳлӯҳои ин баҳс ба таҳқиқи бештар ниёз дорад,” – гуфт ҳуқуқдон.
Шавкат Зокиров 50 сол дошта, пас аз хатми Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти Қазоқистон аз соли 1995 то 2013 дар вазифаҳои гуногун дар Нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло дар Русия аст. Ҳамсараш, Гулнора Зеваршоева, ҳамроҳи се фарзанди ноболиғ дар манзили наздикон ба сар мебарад. Тақдири сарпаноҳашон норӯшан мондааст.