Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисайн Пиров – барандаи мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар Лондон


Шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон барандаи нишони тилои мусобиқаи бонуфузи байналмилалии дзюдо дар Лондон шуд.

Ҳисайн Пиров, дзюдочии тоҷики муқими Бритониё, барандаи нишони тилои мусобиқаи байналмилалии Southend International Judo Championship шуд.

Ин мусобиқа рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Лондон натиҷагирӣ шуд ва Ҳисайн Пиров дар вазни то 90 кило дар 9 рақобат бо варзишгарон аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупои Марказӣ ва худи Бритониёи Кабир мақоми аввалро касб кард.

Ҳисайн Пиров дар ин мусобиқа ба унвони узви клуби варзишии United Judo иштирок кард. Ӯ 37 сол дошта, 11 соли пеш аз Тоҷикистон ба Лондон кӯчидааст. Ду соли охир ба узвияти клуби дзюдо шомил шуд ва ҳоло талош дорад, ки унвонҳои як варзишгари касбиеро, ки дар Тоҷикистон дошт, дар он ҷо дубора барқарор кунад.

"Ман дар Тоҷикистон дар синни 6 то 17-18-солагӣ дар шаҳри Кӯлоб зери назари устодам Носир Бозоров дарси гуштии миллӣ ва самбо омӯхтам. Дар Тоҷикистон то дараҷаи устоди варзиш расидам. Дар Бритониё бояд тамоми ин марҳилаҳоро аз нав гузарам. Ҳоло ман ба мартабаи номзади устоди варзиш аз рӯи квалификатсияи British Judo Association расидам. Исми ман алакай ба реестр ё феҳрасти махсуси варзишгарони касбӣ ворид шудааст ва ҳадафам ин аст, ки баъди чанд сол ҳамчун варзишгари касбӣ дар мусобиқаҳои ҳирфаӣ баромад кунам," -- гуфт ӯ.

Соли ҷорӣ Ҳисайн Пиров тавонист дар панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар Бритониёи Кабир нишони тилоро ба даст оварад. Ӯ мегӯяд, баъд аз танаффуси тӯлонӣ дар машқҳои варзишӣ ин нишондодҳоро хеле хуб арзёбӣ мекунад ва умедвор аст, ки баъд аз як-ду сол метавонад вориди сабқатҳои касбӣ шавад. "Ҳадафам ҳам ҳамин аст, ки дар байни варзишгарони синни боло – “Seniors” дар мусобиқаҳои касбӣ иштирок кунам. Барои ин каме фурсати омодагӣ лозим аст," -- афзуд ӯ.

Ҳисайн Пиров аз рӯи тахассусаш иқтисодшинос аст ва ба Лондон нахуст бо ҳадафи таҳсил ва баъд кор рафтааст. Ҳоло ӯ дар як ширкати шведии "Агрокултура" ба ҳайси аудитор кор мекунад.

Вай мегӯяд, баъди он дубора ба варзиши ҷиддӣ майл кард, ки писару духтараш ба дарсҳои дзюдову таэквондо машғул шудаанд. "Ман мехостам барои фарзандонам намуна шавам, то ки онҳо ҳам тавонанд барои дастёбӣ ба муваффақиятҳои баланд дилгарм шаванд," -- мегӯяд Ҳисайн Пиров.

Ӯ афзуд, дар ҳар лаҳзаи пирӯзиву муваффақияташ ба ёди Тоҷикистон меафтад ва орзу мекунад, ки аз Лондон истода метавонад барои ҳимояи шарафи ватанаш хизмат кунад. "Феълан ман ҳеч иртиботи ҳуқуқие бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон надорам, вале, бовар кунед, ҳар муваффақияте, ки ба даст меорам, ба номи Тоҷикистон аст," -- мегӯяд Ҳисайн Пиров.

XS
SM
MD
LG