Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтанд, гапи вазири сулҳ нодуруст аст


Музокирот бо Толибон дар Қатар
Музокирот бо Толибон дар Қатар

Толибон баёнияи як вазири афғон дар бораи барномаи музокироти мустақим бо ин гурӯҳи ифротиро рад кард. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар рӯзи 28-уми июл гуфт, ин гурӯҳ фақат замоне бо ҳукумат мустақим гуфтӯгу мекунад, ки бо Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба мувофиқа бирасанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи дигари Толибон гуфт, ки “ҳеҷ гуна мувофиқате” барои гуфтӯгу бо намояндагони ҳукумат ҳосил нашудааст.

Ӯ афзудааст, ки вақте бо Амрико ба созиш расиданд, он замон Толибон омодаанд дар музокироти байниафғонӣ ширкат кунанд. Ба қавли ӯ, намояндагони ҳукумат дар гуфтугӯҳо, фақат аз номи худ, на аз номи ҳукумат намояндагӣ мекунанд. Рӯзе пештар аз ин Абдулсалом Раҳимӣ, вазири умури сулҳи Афғонистон гуфт, ки ҳайати 15 нафарии ҳукумат барои гуфтӯгуи мустақим бо Толибон омода мешавад. Ӯ афзуд: “Ба хотири омодагӣ барои музокирот, ҳамроҳи тамоми тарафҳои зиддахл дар тарҳи сулҳи Афғонистон кор мекунем ва қарор аст, ду ҳафтаи оянда аввалин ҷаласа дар яке аз кишварҳои аврупоӣ баргузор шавад.”

Айни замон сафари Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон дар ин кишвар идома дорад. Қарор аст, ӯ ҳафтаи оянда ба Қатар баргашта ва бо ҳайати Толибон барои хотима додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон гуфтугӯ кунад. Ҳам Вашингтон ва ҳам Толибон гуфтаанд, ки дар роҳи расидан ба созиши сулҳ пешрафт кардаанд, ки як шарташ музокироти мустақими Толибон бо ҳукумат аст. Ин гурӯҳи тундрав ҳукумати Афғонистонро дастнишондаи Ғарб номида ва музокирот бо он худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG