Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод: Амрико ва Толибон "дар остонаи тавофуқ" ҳастанд


Фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон. Моҳи июли соли 2019
Фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон. Моҳи июли соли 2019

Фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон рӯзи 1-уми сентябр дар "Твиттер" навишт, Вашингтон ва Толибон дар "остонаи як тавофуқ" ҳастанд. Ба қавли Залмай Халилзод, ин тавофуқ "хушунатҳоро коҳиш дода, роҳро барои афғонҳо хоҳад кушод, то барои музокирот дар мавриди як сулҳ" гирди ҳам оянд.

Бо вуҷуди ин гуфтаҳо ва поёни даври нуҳуми музокироти Амрико ва Толибон дар Қатар, ҷангҷӯён дар ду рӯзи ахир ба чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Кундуз ва Пули Хумрӣ ҳамла кардаанд.

Мақомоти Афғонистон субҳи 1-уми сентябр хабар доданд, ки шаҳри Кундуз пурра аз дасти Толибон гирифта шуд, вале даргирӣ дар Пули Хумрӣ ҳамчунон идома дорад.

Намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, дар бораи вазъияти Кундуз бо намояндаҳои дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа гуфтугӯ карда, аз онҳо хостааст, "ба чунин хушунатҳо бояд поён дода шавад".

Залмай Халилзод дар "Твиттер" навишт, "ҷанг танҳо замоне хотима меёбад, ки ҳар ду тараф ба поён додани он мувофиқа кунанд."

Вай афзудааст, рӯзи якуми сентябр ба Кобул меравад, то дар бораи натиҷаҳои даври нави музокирот бо Толибон ба ҳукумати Афғонистон маълумот диҳад.

"Ҳамаи афғонҳо бояд дар музокироти байнулафғонӣ иштирок кунанд, то ба як оштӣ ва мусолиҳаи сиёсӣ бирасанд ва як оташбаси ҳамаҷониба таъмин шавад", -- навиштааст ӯ дар "Твиттер".

Созиши дуҷонибаи Амрико ва гурӯҳи Толибон шомили хуруҷи тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон мебошад. Ва дар муқобил бовар ҳосил кардан, ки хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ истифода намешавад.

Пас аз ин тавофуқ, қарор аст, музокироти фарогир барои сулҳи Афғонистон байни гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии мухталиф дар ин кишвар оғоз шавад.

Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 20 ҳазор сарбозу афсари хориҷӣ қарор доранд, ки бахши аъзами онҳо амрикоӣ ҳастанд. Расонаҳои амрикоӣ гузориш дода буданд, ки Амрико дар қадами нахуст шуморе аз нерӯҳои худро аз 14 ҳазор ба 7 ҳазор нафар коҳиш хоҳад дод.

Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин набарде аст, ки Амрикоро даргири худ кардааст. Ҷанг дар ин кишвар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор тан аз низомиён ва ғайринизомиён боис шудааст.

Бино бар гузоришҳои расмии Вазорати дифои Амрико, то моҳи июни имсол беш аз 2210 низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG