Шервони Умриддин мегӯяд, ин хабарро рӯзи 7-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Саразм” ба ӯ расонданд. Замоне ки мехост барои дармони духтараш ба шаҳри Самарқанд биравад.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “масъаларо баррасӣ доранд”, аммо ҷузъиёт надоданд. Шарҳи расмии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, нерӯҳои марзбонӣ ва сафорати ин кишвар дар Душанбе дастрас нест.
Шервони Умриддин мегӯяд, марзбонҳои Узбекистон рӯзи 7-уми сентябр ӯро дар гузаргоҳи сарҳадӣ се соат нигоҳ дошта, сипас гуфтаанд, ки бо дастури Тошканд вурудуш мамнуъст. Далели ин тасмим, ба гуфтаи ӯ, гуё нашри се видео дар бораи фаъолон ва вазъи забони тоҷикӣ дар Самрақанду Бухоро будааст.
“Яке “Гурдофариди фарҳангӣ”, ки бахшида ба 60-солагии Амина Шарофиддинова нашр шуд. Ман ҳаммуаллифаш ҳастам,” – гуфт хабарнигор.
Вай афзуд, “наворҳои дигар “Гилаи рӯшанфикрони Самарқанду Бухоро” (Рӯзи ғамангези забон) ва “Қадамгоҳи Айнӣ” будааст. Ҳарчанд фаҳмондам, ки ман муаллифи ин филмҳо нестам, марзбонҳои Узбекистон эътибор надоданд.”
Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, дар тақрибан ду ҳафтаи охир талош кардааст, шарҳи расмӣ ва хатии манъи вурудашро ба Узбекистон бигирад, вале ҳанӯз бенатиҷа.
“Рӯзи 13-уми сентябр ба сафорати Узбекистон дар Душанбе рафтам. Гуфтанд, ки сабабҳояшро аз Вазорати корҳои хориҷии худатон пурсед. Ё занг зада аз Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон фаҳмед. Ин ба мо дахл надорад. Шахсро бесабаб аз ҳаққи сафар ба Узбекистон маҳрум намекунанд. Шояд ягон қонуншиканӣ карда бошед.”
Шервони Умриддин мегӯяд, дар чанд соли охир ҳамагӣ панҷ дафъа ба дидани Самарқанду Бухоро ва гӯшаҳои дигари Узбекистон рафта, қонуншиканӣ накардааст. Ин дафъа, мегӯяд ӯ, барои машварат бо пизишкон ба Самарқанд рафтанӣ буд, то муолиҷаи духтари беморашро сар кунад.
Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр марз доранд. Таъйини хати сарҳади ду кишвар соли 2019 пурра ба поён расида, баррасии нишонагузории он ҳанӯз ҷараён дорад.
Дар замони президентии Ислом Каримов, равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбекистон ва ё баръакс бисёр мушкил ва дар аксар маврид имконнопазир буд. Равуо дар тақрибан ҳашт соли охир байни ду ҳамсоя бидуни раводиди ё виза шуда, ба таври чашмгир афзудааст.