Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирослав Ниёзов: Иҷоза намедиҳем, ки диктотура ҷойи демократияро гирад. ВИДЕО


Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон
Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов гуфт, даҳҳо шаҳрванди ин кишвар, ки дар Душанбе кору зиндагӣ мекунанд, рӯзи 15-уми октябр дар қитъаи раъйдиҳӣ дар бинои сафорат ҳозир шуда, ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назарашон раъй доданд. Ӯ гуфт, ин шаҳрвандон ҳаққи озоди интихобро доштанд ва касе болояшон барои ҷонибдорӣ аз кадом номзаде фишор наовардааст.

Мо тайи чанд соли ахир дар амри расидан ба демократияи комил талошҳои зиёде кардаем ва нафареро мехоҳем, то ин роҳро идома ва густариш бидиҳад

Дар шаҳри Душанбе 87 шаҳрванди қобили раъйи Қирғизистон сабт шудаанд. Ин афрод асосан кормандони сафорат, созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯён ҳастанд. Мирослав Ниёзов гуфт, то нимирӯзи якшанбе тақрибан панҷоҳ дарсади онҳо раъйи худро супурданд.

"Ба назари ман, ҷараёни интихобот шаффоф аст. Қирғизистон низоми нави электронӣ ҷорӣ кард, ки шаҳрвандонро аз изи ангушт шиносоӣ мекунад ва як кас ба ҷои нафари дигар овоз дода наметавонад. Ин система эътимоди раъйдиҳандаро бештар мекунад. Аз тарафи дигар, бибинед, ҳоло ҳеҷ кас ба пуррагӣ гуфта наметавонад, ки нафари пирӯз кадом хоҳад буд. Ҳама натиҷаи овоздиҳиро интизоранд", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раъйдиҳии шаҳрвандони Қирғизистон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, новобаста аз ҳамаи ин, “мардуми мо роҳро барои пайравӣ аз низоми худкома ба таври қатъӣ бастаанд. Мо ин рӯзҳоро аз сар гузарондем. Халқ озодиро мехоҳад. Албатта, дар вақти раъй додан мавқеъ ва манфиати ҳар интихобкунанда фарқ мекунад, аммо арзиши аслӣ ин маҳдуд насохтани демократия дар Қирғизистон аст. Ҳеҷ кадом аз номзадҳо низ ҷуръат намекунад, ки рӯи демократия пой гузорад. Ба ин мардуми Қирғизистон иҷоза нахоҳад дод.”

Раъйдиҳӣ дар бинои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон
Раъйдиҳӣ дар бинои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон

Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфтанд, ки барои рушди демократия дар кишварашон раъй доданд. Аммо ҳамзамон тарафдори он номзаде ҳастанд, ки муносибат бо ҳамсояҳоро беҳтар карда, дар боз намудани роҳҳои байнимарзӣ, аз ҷумла байни Қирғизистону Тоҷикистон мусоидат намояд.

Аз изи ангушт шахсияти раъйдиҳандаро муайян мекунанд
Аз изи ангушт шахсияти раъйдиҳандаро муайян мекунанд

Бахтиёр Додохонов, сокини шаҳри Ҳайдаркоми вилояти Ботканд ва донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, гуфт, “ба нафаре овоз додам, ки роҳҳоро боз кунад, муносибатҳоро бо ҳамсояҳо беҳтар намояд. Дар он сурат мо донишҷӯён ба осонӣ таҳсили худро дар инҷо идома дода метавонем.”

Бархе аз раъйдиҳандагон дар Душанбе донишҷӯён аз Қирғизистон буданд
Бархе аз раъйдиҳандагон дар Душанбе донишҷӯён аз Қирғизистон буданд

Шаҳрванди дигари Қирғизистон Рустам Исҳоқов, корманди Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, гуфт, дар ҳоли ҳозир тарафдори пойбарҷоии субот дар кишвараш ҳаст. Ӯ гуфт, “Ҳоло дар кишвари мо субот ҷорӣ аст ва муносибат бо ҳамсояҳо низ беҳтар шудааст. Номзади нав бояд ин сиёсатро пайгирӣ намояд. Яъне нафаре биёяд, ки ин ҳамаро барбод надиҳад. Ман шахсан дигар инқилоб намехоҳам.”

Раъйдиҳӣ барои интихоби президенти ояндаи Қирғизистон дар ин кишвар ва намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ субҳи 15-уми октябр шурӯъ шуд ва то шоми ҳамин рӯз идома хоҳад кард. Дар маҷмуъ, 11 нафар вориди сабқатанд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, рақобати аслӣ миёни Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқ ва номзади мустақил Омурбек Бабанов ҷараён дорад. Ҳатто тахмин зада мешавад, ки рақобат миёни ин ду нафар интихоботро то ба даври дувум хоҳад кашонд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар ин кишвар беш аз 3 миллион аҳолии қобили раъй ҳаст ва то кунун тақрибан 30 дарсади онҳо райъи худро додаанд. Барои назорати ҷараёни интихобот беш аз ҳафтсад нозири хориҷӣ ба он кишвар рафтаанд. Тоҷикистон ҳам барои назорат аз ҷараёни интихоботи кишвари ҳамсояи худ ду нафарро фиристодааст. Натиҷаҳои аввалияи интихобот субҳи 16-уми октябр ва натиҷаи ниҳоияш на камтар аз 4-уми ноябри имсол эълон хоҳад шуд.

Моҳи декабр замони раёсати Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон ба поён мерасад. Раиси ҷумҳури нав бояд то 7-уми декабр савганд ёд кунад. Интихоботи рӯзи якшанбе маъракаи осоиштаи интиқоли қудрат дар ин кишвар дониста мешавад. Қаблан ду раиси ҷумҳури Қирғизистон дар пайи инқилобҳо барканор ва фирорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG