Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба собиқадорони ҷанги Тоҷикистон мақоми ветеран дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Парлумони Русия қонунеро қабул кард, ки ба ширкаткунандагони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон расман мақоми ветеран медиҳад.

Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия шоми 18 ноябр дар қироати дувум як бастаи тағйирот ба қонуни ветеранҳоро тасвиб кард. Ин қонун ба он низомиҳои Русия, ки солҳои 1992- 1997, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвари пасошӯравӣ ифои вазифа мекарданд, расман мақоми ветерани ҷанг медиҳад. Бар асоси ин қонун, он низомиҳои Русия, ки феълан дар Сурия дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат доранд, низ метавонанд мақоми ветерани ҷангро ба даст биоранд.

Ин бастаи тағйиротро ба Думаи давлатӣ фраксияи ҳизби ҳокими “Единая Россия” (“Руссияи воҳид”) пешниҳод карда буд. Намояндаи дафтари матбуоти фраксияи “Единая Россия” рӯзи 19 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот ба қонуни ветеранҳо дар иҷлосияи Думаи давлатӣ бо иттифоқи оро пазируфта шуд: “Ҳамаи 350 вакиле ки дар иҷлоси ҳузур доштанд, аз ин тағйирот пуштибонӣ карданд. Касе раъйи мухолиф надодааст ва касе ҳам аз овоздиҳӣ худдорӣ накардааст.”

Александр Хинштейн
Александр Хинштейн

Яке аз ташаббускорони ба ҳайси ветерани ҷанг эътироф кардани собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ аз Русия вакили Думаи давлатӣ аз фраксияи ҳизби ҳоким Александр Хинштейн буд. Хинштейн дар иҷлосияи шоми 18 ноябр гуфтааст, эътирофи тақрибан 23 500 нафаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар он кишвар адои хидмати низомӣ мекарданд, “беадолатии феълан вуҷуддоштаро дар қиболи ин ҳазорон нафар аз байн мебарад.”

Ӯ гуфт, ин мардум то ҳол расман ветеран эътироф намешуданд, чунки Русия расман дар амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон ширкат намекард: “Тамоми низомиҳое, ки аз Русия ба онҷо фиристода мешуданд, расман барои иҷрои вазифаи дигар бо ҳадафи ҳимоят аз сулҳ сафарбар мешуданд. На дар санадҳо, на дар билетҳои ҳарбӣ ва на дар парвандаҳои шахсии ин афрод таъбири “амалиётҳои ҷангӣ истифода нашудааст. Дар натиҷа аз 23 500 ширкаткунандаи амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон танҳо камтар аз ҳазор нафар тавонистаанд мақоми ветеран бигиранд.”

Алёна Аршинова, вакили дигари Думаи давлатӣ гуфтааст, аз номи онҳое, ки дар солҳои 90 дар Тоҷикистон хидмати низомӣ кардаанд, ба Дума шикояти зиёд мерасид: “Онҳо мегуфтанд, ки дархости онҳо барои дарёфти мақоми ветеран рад мешавад, чунки дар санадҳояшон ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ сабт нашудааст. Ин дар санадҳо расман сабт шуда ҳам наметавонист, чунки маъмурияти онҳо расман амалиёти ҷангӣ номида намешуд ва аксаран махфӣ буд.”

Дар парвандаҳо ва билетҳои ҳарбии 23 500 афсари аскари Русия, ки солҳои 1992-1997 дар қаламрави Тоҷикистон хидмат кардаанд, маъмулан “иҷрои вазифа ба манзури ҳимояти ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ибарқарории сулҳ, ҳифзи тартибот, ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба субот овардани вазъ, ҳифозати иншшоти муҳими давлатӣ дар шароити вазъи фавқулодда ва низои мусаллаҳона дар қаламрави Тоҷикистон” навишта мешуд. Ҳамин “духӯрагӣ”, яъне ба таври рӯшан зикр нашудани факти ширкати низомиҳои рус дар ҷанги Тоҷикистон боис мешуд, ки идораҳои иҷтимоӣ дар Русия аз сабтиноми собиқадорони ин ҷанг ба ҳайси ветеран худдорӣ кунанд.

Ба ин далел, аз тақрибан 23 500 сарбозу афсаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар ин кишвар адои хидмат кардаанд, то имрӯз танҳо ҳудуди 1000 нафараш ва он ҳам тавассути додгоҳҳои Русия ва ба шарофати санадҳо дар бораи захмҳои дар ҷангҳо бардоштаашон ваё ордену медалҳои ҷангие, ки дар асноди онҳо факти ширкати онҳо дар амалиёти ҷангӣ тасдиқ мешавад, соҳиби унвони ветеран шудаанд.

Акс аз солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон
Акс аз солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон

Иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Русия дар ҳоле ҳаққи дарёфти мақоми расмии ветерани ҷангро ба даст оварданд, ки дар Русия ва дар Тоҷикистон назарҳо ба нақши нирӯҳои Русия дар ҷанги солҳои 1992-1997 зиддунақиз аст. Бархе артиши Русияро ба дахолат дар ҷанги Тоҷикистон ва ҳимоят аз яке аз тарафҳои даргир ва бархеи дигар ҳатто ба таъмини ҳар ду тарафи муқобил бо силоҳ айбдор мекунанд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон масъулияти ҳифзи 1370 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро нирӯҳои тақрибан 7000-нафарии марзбонии Русия бар ӯҳда доштанд. Ҳамин тавр, дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа - ҷабҳаҳои асосии ҷангҳои соли 1992 - дивизияи 201-уми артиши Русия бо беш аз 6000 аскару афсараш мустақар буд.

Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 150 000 кушта ба ҷо гузошта, боиси бехонаюдар шудани то 1 миллион нафар шуда буд. Хисороти молии 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиард доллар рақам зада мешавад.

XS
SM
MD
LG