Дар девори дафтари кори ӯ дар ситоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк, манзараҳои кӯҳу водиҳои Тоҷикистон овезонанд. Вай ба хабарнигорон мегӯяд, ки Тоҷикистонро ватани дувумаш медонад. Владимир Горяев, зодаи Украина, ки бо пешниҳоди Русия дар дастгоҳи раҳбарии Созмони Милали Муттаҳид вазифаҳои муҳиме дошт, дар ҳамаи даврҳои гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон ҳамчун ёвари намояндагони вижаи СММ ширкат варзида, ҳамаи ҳуҷҷатҳои он, аз ҷумла созишномаи ниҳоӣ ба дасти ӯ навишта шудаанд. Аз ӯ пурсидем, раванди сулҳи тоҷикон, ки ба муносибати он 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эълон шудааст, чӣ гуна оғоз ёфта, чӣ таърихе дошт?
Владимир Горяев: Ҳамааш, мутаассифона, аз як сафҳаи ғамангези таърихи халқи тоҷик оғоз шуд, аз низое дар моҳи сентябри соли 1992 сар зад. Вазъ он замон хеле пуршиддат буд; ҷануби кишвар гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд. Раисҷумҳури Узбекистон, ҷаноби Ислом Каримов, номае ба раҳбари онвақтаи СММ – Бутрос Ғолӣ фиристод ва таваҷҷуҳи ӯву аъзои Шӯрои Амниятро ба вазъи кишвари ба ӯ ҳамсоя ҷалб кард. Бо назардошти наздикии хатти сарҳад, ки он замон шаффоф буд ва дар Тоҷикистон шумораи қобили мулоҳизаи узбекон зиндагӣ мекард, ки дар он суи марз хешовандон доштанд ва баракс тоҷикони зиёде ҳам дар Узбекистон мезистанд ва пайвандони зиёде дар Тоҷикистон доштанд, вазъ дар ин кишвар мавриди нигаронии ӯ буд. Баъдтар ин тақозои Каримов аз ҷониби раисҷумҳури Финланд, ҷаноби Мауно Койвисто дастгирӣ ёфт, ки он рӯзҳо бо сафари корие дар Узбекистон буд. Ӯ изтироберо дарк кард, ки мардуми минтақаро фаро гирифта буд ва низ ҷалби таваҷҷуҳи Дабири кулли созмони мо, Бутрос Ғолиро дархост намуд. Дар посух Ғолӣ нахустин миссия ё маъмурияти ин созмонро барои омузиши вазъ ба минтақа равон кард, ки ман ҳам шомили он будам. Ин маъмурият бисёр хурд ва аз ману ҳамкорам, Рэймонд Соммеринс иборат буд.
Ҳеҷ гоҳ созишнома идеалӣ намешавад. Созишномаи сулҳи байни тоҷикон беҳтарин коре буд, ки дар он шароит анҷом шуд.
Мо 10 рӯзро дар Тоҷикистон гузарондем. Вазъ, чунонки гуфтам, бисёр ҳам пуршиддат буд. Шаҳри Душанбе он вақт таҳти назорати ҳукумати, ба истилоҳ Муросои Миллӣ, вале амалан дар дасти гурӯҳҳои мухталифи даргир қарор дошт. Бештари онҳо таҳти назорати ҲНИ, бархе таҳти Ҳизби демократӣ, он замон ба раҳбарии Шодмон Юсуф буданд. Вазъи бисёр муташанниҷ ҳукмрон буд. Ва вазъи дар ҷануби кишвар - вилояти Қурғонтеппа, шаҳри ҳамном ва Калининобод ва Кӯлоби он замон дар муҳосира аз он ҳам пуршиддаттар буд ва мо ба он ҷоҳо ҳам рафтем. Хуллас, мо бовар ҳосил кардем, ки Тоҷикистон фоҷиаи ваҳшатнокеро аз сар мегузаронад. Ҳазорон нафар аллакай ҷон бохта, ҳазорони дигар хонаву дари худро гузоштаву бадар рафта, ё манзилҳои ба коми оташи ҷанг рафтаи худро тарк карда буданд. Барои ҳамин аз Тоҷикистон баргашта, вазъро ба Дабири кул шарҳ додем ва ӯ дар навбати худ онро ба Шӯрои Амнияти СММ маълум кард, ки Тоҷикистон дар қабзаи даргирии шаҳрвандии густардае қарор дорад. Мо андешаи чӣ гуна ёрӣ расониданро мекардем. Дар навбати аввал ба мардуми осоишта, ки он давра азоби бисёр сахт мекашид.
Бутрос Ғолӣ дар охири моҳи октябри соли 1992 миссияи дуюмро ба Тоҷикистон равон кард, ки мутахассисони умури паноҳандагон, Салиби Сурх ва Барномаи хӯрокворӣ аъзои он буданд. Онҳо саривақт расонидани ёриҳои башариро баррасӣ карданд.
Ҳамин тавр ҳама чиз оғоз ёфт. Аммо аз он ки низоъ ба худии худ фурӯ наменишасту баръакс забона мезад, дар моҳи январи соли 1993 бо мувофиқаи давлати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд нав шуда буд, як маъмурияти хурди сиёсии СММ ба Душанбе омад, ки қарор буд ба таври доимӣ он ҷо бимонад. Ин миссияи хурд аз чанд корманди бахши сиёсӣ: ду нозири низомӣ ва кормандони техникӣ иборат буд. Онро Ливиу Бота раҳбарӣ мекард. Пойдор доштани робита бо давлати Тоҷикистон ва аз рӯйи имкон бо ҷиноҳҳои мухолиф ва бедиранг расонидани маълумот ба Дабири кулли СММ вазифаи ин маъмурият буд. Инчунин вазифаи гурӯҳи танзимгар, таҳти раҳбарии ҷаноби Исмат Киттонӣ аз фароҳам кардани заминаҳо ва оғоз намудани гуфтушунидҳои мустақим ё ғайримустақим байни ҷонибҳои даргир буд. Ман ҳам ба ҳайси мушовири сиёсии ӯ дар ин гурӯҳ будам.
Мо ба ҳама нерӯҳои сиёсии қобили таваҷҷуҳ, ки дар дохил ё беруни Тоҷикистон буданд, машваратҳо доштем. Давлати Тоҷикистонро раҳбар ва аъзои ҳукумати ӯ муаррифӣ мекард, аз суи дигар, мо бо намояндагони созмони “Лаъли Бадахшон” ва ҷиноҳҳои низомие, ки он замон дар ин минтақа буданд, намояндагони ИНОТ, бо ҷанобони Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода, Давлат Усмон дар ҷойҳои гуногун: Исломобод, Теҳрон, Маскав, Кундуз, Толиқон, ки нерӯҳои опозисюн мустақар буданд ва бо касоне, ки қобили гуфтушунид буданд, суҳбат ва машваратҳо доштем.
Вазифаи марҳилаи аввал, чуноне ки гуфтам, розӣ кардани тарафҳо ба гуфтушунид буд. Ин осон набуд. Ин ақидаро раҳбари давлат пазируфта, мо дастгирии ӯро эҳсос мекардем. Вале дар байни атрофиёнаш, аз ҷумла қумондонҳои саҳроӣ афроди хунгарме буданд, ки мегуфтанд, сари мизи гуфтушунид бо ҷангандаҳои опозисюн нишастан намехоҳанд, чунки дастони онҳо то оринҷ дар хун аст. Мутаассифона, аз суи раҳбарони сиёсӣ ва махсусан – фармондеҳони саҳроии ҷониби дигар, ИНОТ низ чунин вокунишҳои эҳсосотӣ бо айни ҳамон суханҳо садо медод, ки мо бо ин ҳукумат сари мизи гуфтушунид намешинем, зеро дастони онҳо ғарқи хун аст. Мутақоид кардани онҳо ба ин ки ҷуз сари мизи музокирот нишастан роҳи дигаре нест, сахт душвор буд. Ба ҳар ҳол тадриҷан бо ёрии кишварҳои ҳамсоя ва манфиатдор: Русия, Эрон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба мо муяссар шуд, тарафҳои даргирро ба гуфтушуниди сиёсӣ ва оғози муколама мутақоид кунем.
Озодӣ: Ба ёд биёрем, ки он вақт сарони опозисиюн эълон карданд, ки агар гуфтушунид зарур аст, танҳо бо Русия вориди муколама хоҳанд шуд, на бо Душанбе. Оё чунин чизе шуда буд ва ба назари Шумо, чаро он замон чунин изҳорот садо дод?
В. Горяев: Бале, Шумо дуруст мегӯед, ки ин гуна талаб пеш гузошта буданд. Вале тавре ки худатон медонед, ҳамеша, дар ҳар мавриди низоъ тарафе, ки опозисиюн номида мешавад, он гузинаеро меҷӯяд, ки мавқеашро дар гуфтушунидҳои оянда мустаҳкам намояд. Аз ин нигоҳ он изҳорот як мавқеъталабии опозисиюни тоҷик буд. Мо ингуна медонистем, ки опозисиюн барои нишастан паси мизи гуфтушунид бо далелҳои мухталиф омода нест ва тақозои муколама бо Русия, ки як тарафи даргир набуд, сунъӣ ва ба хотири андак дароз кардани муҳлати то шурӯи ҷараёни гуфтушунид буд. Аммо ба зудӣ, ки мо иртиботи худро бо раҳбарияти ИНОТ фаъол кардем, ин монеа бартараф гардид. Ба сурати умум, дар ин масъала назари ИНОТ яксону ягона набуд. Тафовутҳои зиёде вуҷуд дошт. Бархе фаъолони опозисиюн хуб мефаҳмиданд, ки ин як дархости мавқеъталабона ва тактикӣ, ба хотири мустаҳкам кардани ҷойгоҳ ва иртиботи худ бо Русия бо назардошти нақши ин кишвар дар минтақа буд. Ин ҷанбаи қабл аз муколамаро ман ҳамин гуна мефаҳмам.
Озодӣ: Баъд чӣ шуд ?
В. Горяев: Сипас, аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 нахустин даври гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар Маскав барпо гардид. Омодагӣ ба он бисёр ҷиддӣ ва фарогир буд. На фақат мо, дастаи СММ, балки ҳайатҳои ду тараф сахт кор мекарданд. Ба мо ҳамкасбони русиягиамон, ҷаноби Анатолий Адамишин, ки дар он замон муовини аввали вазири корҳои хориҷии Русия буд, хеле ёрӣ расониданд. Ӯ дар аввали моҳи март ба Эрон сафар ва бо раҳбарони ИНОТ мулоқот дошт. Онҳо замони будубош дар Маскав, ки даври аввали музокирот қарор буд дар он ҷо шавад, кафолати бехатарӣ мехостанд. Инчунин, мувофиқа карданд, ки давраҳои музокирот на дар як ҷо, балки дар ҷойҳои гуногун, Маскав, Исломобод, Теҳрон бичархад. Сабаби ин маълум буд. Ҳар тараф худро дар пойтахти кишваре, ки дар пасаш қарор дошт, шояд, роҳаттар ҳис мекард. Давлати Тоҷикистон худро бештар дар Маскав бароҳат медид. ИНОТ, аз он ки раҳбаронаш дар Теҳрон ва Исломобод буданд ва давлатҳои ин кишварҳо онҳоро дастгирӣ мекарданд, худро дар пойтахти ин кишварҳо бароҳат эҳсос мекарданд. Ба ин хотир ин усули чархиши ҷойи баргузории гуфтушунидҳо пазируфта шуд, ки минбаъд дурустӣ ва самарбахшии он маълум гардид.
Озодӣ: Ҳамзамон, тавре ёд дорем, даври музокирот дар Теҳрон бе натиҷаи мушаххас анҷом ёфт, на?
В. Горяев: Ман наметавонам ба ин ақида розӣ шавам, ки бе натиҷаи мушаххас анҷом ёфт. Худи ин далел ки ин як чорабинии якдафъагӣ нест ва ҷараёни музокирот баъди Маскав дар Теҳрон идома ёфт ва ҳарду тараф бо ҳузури худ дар Эрон содиқ будани хеш ба ҷараёни ҳаллу фасли сулҳовари ҷангро тасдиқ карданд, ба худии худ натиҷаи мушаххаси музокироти даври Теҳрон аст. Ба пас бингарем, даври Маскав бисёр пурмаҳсул буд, сипас барои дар Теҳрон гузаронидани даври дигар дар моҳи июн мувофиқа карданд. Ғайр аз ин дар ҷараёни музокироти даври Эрон як масъалаи барои он рӯзҳо бисёр муҳиму доғ -- оташбас баррасӣ гардид. Дар тӯли беш аз як ҳафта моро муяссар шуд формулаи дақиқи оташбас ва қатъи амалиёти дигари душманонаро омода кунем. Ин формула на танҳо қатъи тирпарронӣ дар сарҳад ва роҳандозии амалиётҳои ҷангӣ, балки чорабиниҳои дигарро низ дар бар мегирифт. Ҳамчунин, пешниҳодҳоро дар бораи механизмҳои назорати оташбасро таҳия ва ҳамоҳанг намудем. Ин ҳама корҳои бисёр судманде буданд, ки вақт мехостанд. Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки созишномаи оташбас имзо нашуд, чунки ИНОТ барои имзои онро бо озодии ҷонибдорони худ бастагӣ дод, ки бисёрии онҳо дар ҷиноятҳои вазнин айбдор мешуданд, заҳмати мо беҳуда нарафт. Созишномаи оташбас дар моҳи сентябр, пас аз машварати сатҳи боло дар Теҳрон ба имзо расид. Дар он давра раҳбари дастаи СММ нав шуда, Рамиро Перес Баллон, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Ҳамчунин дар моҳи декабри соли 1994 раҳбарони нави ҳайатҳои ҳукумат ва ИНОТ сари кор омаданд. Нахустин ҳайати ҳукуматиро вазири меҳнат – Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ИНОТ-ро Отахон Латифӣ сарварӣ мекарданд. Дар гуфтушунидҳои сатҳи боло раҳбарии ҷониби ҳукуматро ҷаноби Достиев (Абдулмаҷид Достиев, мувоини аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон – Озодӣ) ва ҷониби ИНОТ – ро ҷаноби Тураҷонзода (Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини аввали ИНОТ – Озодӣ) бар дӯш доштанд. Ҷаноби Нурӣ низ дар музокирот ҳузур дошт ва мо бо ӯ низ машварат мекардем. Барои ҳосил шудани ин созишнома муовини вазири корҳои хориҷии Русия Алберт Чернишов, ки низ ба Теҳрон омада буд ва муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ҷаноби Воизӣ (Маҳмуди Воизӣ – Озодӣ) ёрии бузург расониданд. Он рӯзҳо басо пуршиддат ва кор сахту пурмашаққат буд. Вале аввалин натиҷаи мушаххас ба даст омад. Метавонам бигӯям, ин нуқтаи гардиш дар ҷараёни сулҳи тоҷикон буд.
Озодӣ: Бале. Вале мо агар ба ин тартиб ҳодисаҳоро ёдоварӣ кунем, суҳбат ба дарозо хоҳад кашид.
В. Горяев: Дуруст аст.
Озодӣ: Биёед, чунин саволро матраҳ кунам. Чӣ ба Созмони Милал ёрӣ расонд, ки ин гуна хуб пеш равад? Барои он ки дар ҳаллу фасли бисёр низоъҳо чунин суръати пешрафт мушоҳида намешуд. Албатта, ёрии кишварҳои дигар низ корагар буд. Вале оё кадом механизм, сабаб ва омилҳое боис шуданд, ки ба ин зудӣ пешрафт ба даст ояд ?
В. Горяев: Нахуст, пешрафт чандон босуръат ҳам набуд. Пешорӯи роҳи гуфтушунидҳо мушкилиҳо ва сахтиҳо дошт. Дар марҳилаҳои гуногуни музокирот давраи рукуд ҳам вуҷуд дошт, ки бисёр вазнин меуфтод. Вале давраи ҷаҳиш ҳам буд, ки як силсилаи санадҳои хеле муҳим ба имзо мерасид. Вақте моро мепурсанд, ки рози комёбии музокироти байни тоҷикон, балки тамоми ҷараёни сулҳофаринӣ чӣ буд, ман аз сидқи дил метавонам бигӯям, ки кафолати аслӣ ва бунёдии ҷараёни сулҳу оштӣ ҳаллу фасли сиёсӣ ва аҳду паймони сиёсии раҳбарони давлат, аз ҳама аввал президент – Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Абдулло Нурӣ барои хотима гузоштан ба ин саҳфаи сангину хунини таърихи тоҷикистониён буд. Ин шарти асосӣ ва бунёдии шодкомии гуфтушуниди тоҷикон буд. Ҳама корҳои дигар: фаъолияти муассири нозирон дар музокирот, ки ба мо хеле ёрӣ мерасонд, нақши бузурги СММ ва шарикони мо: САҲА ва Созмони Конфронси Исломӣ, ба назари ман, омилҳои муҳим, вале ёрирасон буданд. Омили асосӣ ин иродаи сиёсии худи тоҷикон дар расидан ба сулҳ ва боз кардани давраи нави таърихи худ буд. Ин ирода муҳим ва бунёдӣ буд. Иродаи сиёсӣ маъмулан на ҳамеша ва ба зудӣ шакли созишномаҳои муҳимро мегирад ва дар ҷараёни музокироти тоҷикон низ ҳамин гуна буд. Тавре гуфтам, ҷараёни гуфтушунид душвориҳо ва лаҳзаҳои буҳронии худро дошт, аммо билохира иродаи сиёсӣ ба сулҳу оштӣ, бастани Созишномаи умумии ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ расонид, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид.
Озодӣ: Ташаккур, Владимир. Оё лаҳзаҳое ҳам буданд, ки аз нуқтаи назари миссияи СММ ҷараёни музокирот роҳ ба бунбаст дошт ва наздик буд ҳамаи дастовардҳо ба коми нобудӣ равад? Оё лаҳзаҳои рӯҳафтодаги комил ҳам буданд?
В. Горяев: Аз он ки мо дар СММ хушбинҳои ҳирфаӣ ҳастем, ҳеч гоҳ шубҳа надоштем, ки созишномаи сулҳ баста ва сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон пойдор хоҳанд шуд. Чунки такрор мекунем, мо дақиқу рӯшан медидем, ки раҳбарони ҳар ду тарафи музокиракунанда, раисҷумҳур ва раҳбари ИНОТ ва ҳамкорони онҳо хостори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон буданд. Вале тавре ки гуфтед, дар чанд маврид бо мушкилоте рӯ ба рӯ шудем, ки моро ба изтироб меовард, хостаҳоямон бо воқеият созгор намеомад ва ҷараёни музокирот дар баъзе мавридҳо ях мебаст. Бигирем, пас аз имзои оташбаси муваққат дар Теҳрон давраҳои музокирот дар Исломобод, сипас дар Алмаато, машваратҳои сатҳи боло дар Маскав идома дошт. Бо ин вуҷуд гуфтушунид то августи соли 1995 ба ҷое нарасид. Мо муҳлати оташбаси муваққатро дароз кардем, бисёр ҷанбаъҳои дигари башардӯстонаро баррасӣ намудем, раҳо кардани ҳарбиёнеро амалӣ намудем, ки ҷангандаҳои опозисиюн асир гирифта буданд ва озод намудани ҷонибдорони опозисиюн аз зиндон низ ҷараён ёфт – ин гуна пешрафтҳои тактикӣ доштем, аммо ба комёбии бузурги стратегие даст наёфтем. Ман чунин меҳисобам, ки марҳилаи бисёр муҳими музокирот гуфтушунидҳои ғайримустақиме буд, ки Перес Баллон ва тими ӯ байни Душанбеву раҳбарияти опозисиюн, ки дар он замон дар Кобул буданд, доир мекарданд. Мо мокувор байни Душанбеву Кобул равуо доштем. Ва созишномаи усулҳои бунёдии сулҳ ва оштии миллиро ба имзо расонидем. Ин санади бисёр муҳим аст, чунки он ба қабули санадҳои дигар дар оянда асос гузошт ва андозаҳои аслиро аз пеш муайян намуд. Ин кор рӯзи 17- уми августи соли 1995 ба поён расид.
Ман аз сидқи дил метавонам бигӯям, ки кафолати аслӣ ва бунёдии ҷараёни сулҳу оштӣ аз ҳама аввал президент – Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Абдулло Нурӣ барои хотима гузоштан ба ин саҳфаи сангину хунини таърихи тоҷикистониён буд.Владимир Горяев
Ҳайати ҷониби ИНОТ бетағйир монда, вале сардори ҳайати ҳукуматӣ дар он давра Маҳмадсаид Убайдуллоев (Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон – Озодӣ) таъин шуда буд. Ӯ ба мо дар таҳияи ин санад хеле кӯмак расонд. Сипас кор тибқи ин санади бунёдӣ хеле ба кундӣ пеш мерафт. Моҳи ноябри соли 1995 дар мавриди шурӯи даври бетанаффуси гуфтушунид тасмим гирифтем. Он давр хеле тӯлонӣ буд, баробари се даври маъмулӣ ва дар шаҳри Ишқобод доир гашт. Дӯстони туркмани мо пурсаброна ҳар ёриву мададе, ки аз дасташон меомад, ба хотири гузаронидани ин даври гуфтушунид дареғ надоштанд.
Вале ин музокирот дар пасманзари пайваста вайрон шудани шартҳои оташбас хеле ба душворӣ мегузашт. Кишвар дар моҳи январи соли 1996 ба амалиёти густардаи низомӣ ва ҷанг дар Тавилдара печид. Ин вазъ метавонист ояндаи гуфтушунидро зери суол барад. Ҳайати мухолифон таҳдид мекард, ки агар даргириҳо идома ёбад, мизи музокиротро тарк хоҳад кард. Чизе ба ҷойи ҷангу пархош пайдо кардан сангин буд, вале ёфт шуд. Ва ҷараёни гуфтушунид ба гунаи чашмрас ҷон гирифт. Ба дунболи даври Ишқобод музокирот дар Теҳрону Маскав баргузор гашт. Ҳайати ҳукуматиро дар ин давра Талбак Назаров (Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – Озодӣ) раҳбарӣ мекард, ки бо тафаккури таҳлиливу сабру таҳаммул ва борибинии дипломатии худ барои пешбурди гуфтушунид ба мо ёрии хеле бузург расонд. Ва аз январи соли 1996 сар карда, музокирот дар масъалаҳои расондани ёриҳои башарӣ, бозгардони муҳоҷирон ба пешрафт даст ёфт. Мо дар ин самт бо суръат пеш рафтем. Масъалаҳои низомӣ моҳи март дар даври Маскав ва масъалаҳои сиёсӣ дар даври кӯтоҳи музокирот дар Бишкек ҳаллу фасл гардид. Машваратҳо дар Машҳади Эрон муҳим буданд. Дар мавриди ҷараёни музокирот мехостам, дар бораи як ҷузъи техникии гуфтушунид, тарҳи иродаи сиёсӣ – мулоқоти президент Раҳмонов ва раҳбари ИНОТ Абдуллоҳи Нурӣ ҳарф занам. Онҳо дар як марҳилаи ҳалкунанда бо ҳам вохӯрданд. Аслан онҳо дар марҳилаҳое мулоқот мекарданд, ки гуфтушунид дучори бунбаст мешуд ва зарурати тасмимгириҳои асосӣ, муҳим ва бунёдӣ пеш меомад. Тамосу мулоқоти дуҷонибаи онҳо барои пайдо шудани бовари байни ду ҷониб ва коркарди қарорҳои аз ҳама муҳим ва ҳассос кумак мекард.
Озодӣ: Агар аз ин ҳама ҷанбаъҳои сиёсӣ гузарем ва бо нигоҳи соф инсонӣ назар андозем, Шумо чӣ ёддошт ва эҳсосе аз ин ҳама нишасту бархост байни тоҷикон доред ?
В. Горяев: Бароям Тоҷикистон ватани дуюм аст. Ман на танҳо 12 соли кори касбӣ, шояд, қисмате аз рӯҳу равонамро ҳам раванд бахшидам. Бароям Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дорад. Ман хеле шодам, ки ҳозир аз Тоҷикистонро боздид кардам. Дигар мусиқии мусалсали Калашников, ки дар сафарҳоям дар солҳои 1992, 1993, 1995 моро ҳамроҳӣ мекард, ба гӯш намерасад. Дидани Душанбеи бисёр орому осуда, тӯдаҳои мардуми шабҳангом дар хиёбони сабзи Рӯдакӣ ва кӯчаву хиёбонҳои дигари пойтахти тоҷикон, сайругашти оромон ва бе тарсу ҳароси одамон роҳатбахш аст. Ин ҳама эҳсоси бузурги ризоятро дар қалби кас бедор мекунад. Ва аз он ки мо дар остонаи солгарди барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон мехостам ба дӯстони сершуморам дар ин ҷо сулҳу осоиш, хушбахтӣ, некуаҳволӣ, шукуфоӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу кунам. Тавре гуфтам, Тоҷикистон ватани дуюми ман аст.
Озодӣ: Дар ду тарафи музокиракунанда одамоне буданд, ки онҳоро “сарсахт” меномиданд. Онҳо то охир сари мавзеъгирии худ пойфишорӣ мекарданд. Ба ҳадде, ки дар ҳаққашон мегуфтанд, ки зидди сулҳанд. Вале имрӯз аз онҳо ситоиш мекунанд, ки агар ҳама талабҳояшон иҷро мешуд, шояд, вазъи кишвар, демократигардонӣ ва ислоҳот беҳтар ҷараён мегирифт. Шумо ба ин чӣ назар доред?
В. Горяев: Сараввал, тавре ки худатон медонед, таърих “агар” – ро намепазирад. Таърих “агар” надорад. Чизе шуд, шуд ва мебоист ҳамин гуна мешуд, на ба гунаи дигар. Ман наметавонам бигӯям, ки дар музокирот “сарсахтон”, ё “уқобҳову кабӯтарҳо” доимӣ буданд. Ин нақшҳоро мантиқи гуфтушунидҳо тағйир медод. Чунки вазъ дигаргун мешуд ва заминаҳо тағйир мехӯрд. Ҳар тараф бо эътиқоди амиқ аз мавқеи худ дифоъ мекард. Фақат мавқеъҳои шахсӣ дар миён набуд, сухан аз дифои манфиатҳои гурӯҳи бузурги одамон: ҳамқабилаҳо, ҳамсилоҳон низ мерафт. Ин якум. Дуюм ин ки тарафҳо аз усулҳо ва роҳу равишҳои бисёр муҳими худ, ки ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳанд, дифоъ мекарданд. Ба ҷуз ин дар гуфтугӯҳо дар бораи ҳукумати баъдиҷангӣ хостҳои шахсӣ ҳам дар миён гузошта мешуд. Табиист, ки зимни гуфтугӯҳо сари тақсими хони ҳукумат аз суи намояндагони муайяни ҳар ду тараф хостҳои фардиро низ дар миён мегузоштанд ва аз он сахт дифоъ мекарданд. Дар он вазъият ин як раванд, як падидаи табиӣ буд.
Дигарбора сари суоли шумо бозмегардам. Гумон надорам, ки фаразан, бо роҳу равиши дигар кор мекарданд ё аз усули дигар кор мегирифтанд, авзоъ дигаргун мешуд. Ин тавр фикр намекунам. Он чӣ муқаддар шуда буд, ба вуқӯъ пайваст. Созишномаҳои сулҳ, медонед, натиҷагирии аввалу охири омилҳои хеле зиёдест, ки ба авзои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва вазъи соф равонии мардуми Тоҷикистон гиреҳ хӯрда буд. Ғайр аз ин нерӯҳо ва нуфузҳои минтақаӣ низ омилҳои муайян буданд. Ҳамчунин бо диди фарохтар бингарем, аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанги бародаркуши тоҷикон, ки оё қобили таҳаммул ё ғайри қобили таҳаммули онҳо буд, низ набояд сарфи назар кард. Ҳеҷ гоҳ созишнома идеалӣ намешавад. Созишномаи сулҳи байни тоҷикон беҳтарин коре буд, ки дар он шароит анҷом шуд. Он натиҷаи ниҳоии ҳама омилҳо буд.