Баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордани 54-сола дар рӯйхати 25 варзишгари бойтарини ҳамаи давру замон аз рӯи ривояти маҷаллаи Forbes мақоми аввалро касб намудааст. Дар ин бора хабаргузории INTERFAX.RU иттилоъ додааст.
Бар асоси рейтинг ё феҳристе, ки дар сомонаи маҷаллаи Forbes нашр шудааст, Майкл Ҷордан дар тамоми карйераи худ $1,85 млрд фоида кардааст.
Майкл Ҷордан 17-уми феврали соли 1963 дар Бруклини ИМА таваллуд шудааст. Ин бозигари афсонавии Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) дар дастаҳои «Чикаго Буллз» (1984−1993, 1995−1998), «Вашингтон Уизардс» (2001−2003) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ғолиби шашкаратаи NBA мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ИМА Ҷордан ду бор (1984, 1992) қаҳрамони олимпӣ гардидааст.
Ба сегонаи варзишгарони бойтарин аз рӯи ривояти Forbes ба ҷуз Ҷордан ҳамватанҳои ӯ голфбозон Тайгер Вудс ($1,7 млрд) ва Арнолд Палмер ($1,4 млрд) дохил шудаанд.
Дар байни футболбозон собиқ бозигари мунтахаби Англия Дэвид Бекҳэм бо $800 млн бойтарин мебошад. Ӯ ва баскетболбози амрикоӣ Коби Брайант дар рейтинг ҷойи ҳафтумро ишғол кардаанд.
Криштиану Роналдуи португалӣ, ки чанд рӯз пеш бори панҷум барандаи «Тӯби тиллоӣ» гардид, дар рейтинг дар ҷойгоҳи 12-ум ($725 млн) қарор дорад. Лионел Мессии аргентинӣ, ки инчунин панҷ бор «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овардааст, мақоми 16-умро соҳиб шудааст ($600 млн).
Коршиносони маҷалла тамоми даромади варзишгаронро (маош, подош ва ҷоизаҳо, инчунин даромад аз қарордодҳои таблиғотӣ) бо назардошти таворруми пул аз рӯи ҳолати то 1-уми июни соли 2017 қиёс кардаанд.
Топ-25 варзишгари бойтарини замони муосир
1. Майкл Ҷордан (баскетбол) ($ 1,85 млрд)
2. Тайгер Вудс (голф) – $ 1,7 млрд
3. Арнолд Палмер (голф) – $ 1,4 млрд
4. Ҷек Никлаус (голф) – $ 1,2 млрд
5. Михаэл Шумахер (Формула 1) — $ 1 млрд
6. Фил Микелсон (голф) – $ 815 млн
7. Коби Брайант (баскетбол) – $ 800 млн
7. Дэвид Бекҳэм (футбол) – $ 800 млн
9. Флойд Мейвезер-хурдӣ (бокс) – $ 785 млн
10. Шакил О’Нил (баскетбол) – $ 735 млн
11. Леброн Ҷеймс (баскетбол) – $ 730 млн
12. Криштиану Роналду (футбол) – $ 725 млн
13. Грег Норман (голф) – $ 705 млн
14. Майк Тайсон (бокс) – $ 700 млн
15. Роҷер Федерер (теннис) — $ 675 млн
16. Лионел Месси (футбол) — $ 600 млн
17. Алекс Родригес (бейсбол) — $ 575 млн
18. Ҷефф Гордон (пойгаи автомобил) — $ 525 млн
19. Оскар де ла Ҳойя (бокс) — $ 520 млн
20. Мэнни Пакяо (бокс) — $ 510 млн
21. Дерек Ҷитер (бейсбол) — $ 490 млн
22. Пейтон Мэннинг (футболи амрикоӣ) — $ 480 млн
22. Кевин Гарнетт (баскетбол) – $ 480 млн
24. Эвандер Ҳолифилд (бокс) — $ 475 млн
25. Андре Агасси (теннис) — $ 470 млн.