Мунтахаби Чин бо 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми сеюмро азони худ кард.
Дар чор рӯзи рақобатҳо варзишгарони 21 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони ҳашт кишвар – Ҷопон бо шаш медали тилло, Чин, Фаронса, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Австрия ва Колумбия бо яктоӣ нишони тилло мукофотонида шуданд.
Дар ин мусобиқот русиягиҳо дар ҳайати дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) иштирок карда, 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон дар Душанбе 531 варзишгар (290 писар ва 241 духтар) аз 67 кишвари 5 қораи олам иштирок карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба ҳайаташ 24 варзишгар (17 писару 7 духтар) дохил буданд, бо 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи 12-умро ишғол намуд. Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кило медали нуқра ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин дар байни ҷавонмардон Суннатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода – ҳарду дар вазни то 81 кило мақоми панҷумро касб карданд. Дар байни духтарон Мадина Қурбонзода натиҷаи хубтар нишон дод. Вай дар вазни то 52 кило ҷойи ҳафтумро гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи якум 2500 евро, барои ҷойи дуюм 1500 евро ва барои ҷойи сеюм 850 евро - сарфароз гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон ду паҳлавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков соли 2019 дар Марокаш дар вазни то 73 кило ва Эмомалӣ Нуралӣ соли 2022 дар Эквадор дар вазни то 66 кило медали тилло ба даст оварда буданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон-2024 дар Душанбе:
ДУХТАРОН
Вазни -48 кг
1.Хинран Ҳуи (Чин)
2.Сачийо Ёшино (Ҷопон)
3.Кларисе Рибейро (Бразилия)
3.Кристина Дудина (IJF)
Вазни -52 кг
1.Ол Ироҳа (Ҷопон)
2. Сенҷу Ношо (Ҷопон)
3. Мио Ҳуҳ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Алюссия Поуланге (Фаронса)
Вазни -57 кг
1.Рико Ҳонда (Ҷопон)
2.Ююнг Тао (Чин)
3.Бианса Рейс (Бразилия)
3.Каролина Сиенника (Полша)
Вазни -63 кг
1.Мелкиа Аучекорне (Фаронса)
2.Руссо Савита (Италия)
3.Анна Скалса (Чехия)
3.Со Моричика (Ҷопон)
Вазни -70 кг
1.Елена Денгг (Австрия)
2.Април Лун Фоҳоюо (Швейтсария)
3.Каҷа Счустер (Словения)
3.Тайла Грауер (Олмон)
Вазни -78 кг
1.Бренда Олава (Колумбия)
2.Матилда Софие Ниемейер (Олмон)
3.Ева Ро Будденкотте (Олмон)
3.Дандара Камило (Бразилия)
Вазни +78 кг
1.Ҳионҷи Ли (Кореяи Ҷанубӣ)
2.Кела Канкан (Фаронса)
3.Чиҳиро Ямагучи (Ҷопон)
3.Сафа Солиман (Миср)
ҶАВОНМАРДОН
Вазни -60 кг
1.Ямато Фукуда (Ҷопон)
2.Лоиқ Қутбиддинов ( Тоҷикистон)
3.Талгат Орюнбассар (Қазоқистон)
3.Муродил Муродиллоев (Узбекистон)
Вазни -66 кг
1.Фукучи Шунтаро (Ҷопон)
2.Кентоку Кайри (Ҷопон)
3.Алессио Де Лука (Италия)
3.Герман Кобетс (IJF)
Вазни -73 кг
1.Кеито Киҳара (Ҷопон)
2.Юсуке Такеичи (Ҷопон)
3.Мардон Равшанов (Узбекистон)
3.Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон)
Вазни -81 кг
1.Лука Ҷавахишвили (Гурҷистон)
2.Ҷиангнан Ванг (Чин)
3.Сулаймон Шукуров (Озарбойҷон)
3.Азат Кумисбай (Қазоқистон)
Вазни -90 кг
1.Комеи Кавабата (Ҷопон)
2.Егор Малкин (IJF)
3.Алишер Саманов (Узбекистон)
3.Вадим Жимбовски (Молдова)
Вазни -100 кг
1.Муҳаммадсодиқ Содиқов (Узбекистон)
2.Нозому Мики (Ҷопон)
3.Фарес Мехоух (Фаронса)
3.Аждар Боҳиров (Озарбойҷон)
Вазни +100 кг
1.Денис Батчаев (IJF)
2.Канан Насибов (Озарбойҷон)
3.Иброҳим Татароғлу (Туркия)
3.Саба Кардава (Гурҷистон)
Рӯзи якшанбеи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки 181 варзишгар (91 писар ва 90 духтар) аз 15 кишвари се қора номнавис шудаанд.
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии омехта иштирок мекунад. Ба ҳайати даста 10 нафар (6 писару 4 духтар) шомиланд.
Гуфтугӯ