Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Курск. Русия ва Украина аз пешравӣ хабар доданд


Ҷанг дар хоки Русия давом дорад.
Ҷанг дар хоки Русия давом дорад.

Блогерҳои рус дар майдони ҷанг навиштаанд, ки гурӯҳе аз низомиёни Украина аз самти дигар дар ҳудуди вилояти Курск вориди хоки Русия шудаанд.

Моҳе пеш Украина беш аз сад деҳа дар вилояти Курски Русияро таҳти назорат гирифта буд. Русия эълон кард, ки барои рондани артиши Украина аз хокаш амалиёт оғоз кардааст.

Дар ҳоле Русия аз озод кардани чанд деҳа аз дасти артиши Украина дар Курск хабар дод, ки блогерони рус дар саҳифаҳои телеграмиашон навиштаанд, ки низомиёни украинӣ аз ҷанубу ғарбӣ Курск вориди деҳаи Весёло шудаанд.

Вазорати мудофиаи Русия расман дар ин бора чизе нагуфтааст. Танҳо дар хабарномае ин вазорат ишора кардааст, ки дар ин минтақа аз чанд талоши рахна кардани марз пегирӣ кардаанд.

Тарҳи украинии DeepState, ки ҳар рӯз харитаи ҷангро нашр мекунад, гуфтааст, артиши Украина аз дигар минтақаи Курск вориди хоки Русия шуда, деҳаи Ветрено ва Дуровкаро таҳти назорат даровардаанд.

Моҳи пеш, пас аз оғози ҷанг бори аввал артиши Украина ба вилояти Курски Русия ҳамла карда, беш аз ҳазор километри мураббаъро таҳти назорат даровард.

Русия эълон кард, ки барои озодсозии ин минтақа амалиёт оғоз кардааст, вале хабар мерасад, ки низомиёни украинӣ аз дигар тариқ боз вориди хоки Русия шудаанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки вазъ дар Курск таҳти назораташон аст ва артиши Русия пешрафте накардааст.

XS
SM
MD
LG