Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори сездаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 48 имтиёз ба даст овардааст, барои рақибонаш дастнорас шуд ва пеш аз муҳлат ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфт.

Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гашта буд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқдол» бо 48 имтиёз пешсафи ягона аст ва натоиҷи бозиҳои боқимонда мавқеи қаҳрамонро тағйир нахоҳад дод. Дар бозиҳои боқимондаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Ҳосилот»-и Фархор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ мекунад.

Мубориза барои медалҳои нуқраю биринҷӣ идома меёбад. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар мақоми дуюм, КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 36 имтиёз дар зинаи сеюм, «Равшан»-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва «Вахш»-и Бохтар бо 29 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор доранд.

«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 5 имтиёз дар зинаи охирин – дувоздаҳум – ҷойгир шудааст, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳад кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври 21-ум

30-юми октябр

КМВА – «Истиқлол» 1:2

1-уми ноябр

«Вахш» – «Хуҷанд» 1:0

«Истаравшан» – «Ҳосилот» 0:0

2-юми ноябр

«Панҷшер» – «Барқчӣ» - 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

16

0

1

50-7

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

11

4

4

28-13

37

3

КМВА (Душанбе)

21

10

6

5

34-21

36

4

«Равшан» (Кӯлоб)

18

9

7

2

26-12

34

5

«Вахш» (Бохтар)

20

9

2

9

22-20

29

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

8

5

6

28-28

29

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

8

3

6

18-13

27

8

«Ҳосилот» (Фархор)

20

5

8

7

23-21

23

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

18

5

4

9

20-33

19

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

19

4

5

10

16-26

17

11

«Панҷшер» (Балхӣ)

20

3

4

13

14-38

13

12

«Кӯктош» (Кӯктош)

20

1

2

17

6-54

5

Даври 21-ум

3-юми ноябр (якшанбе)

«Кӯктош» - «Эсхата»

Даври 22-юм

10-уми ноябр (якшанбе)

«Эсхата» – «Панҷшер»

«Барқчӣ» – КМВА

«Истиқлол» – «Равшан»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

«Ҳосилот» – «Вахш»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG