Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил дар Ғазза як долони дигари назоратӣ сохтааст


Тонки исроилӣ дар Ғазза
Тонки исроилӣ дар Ғазза

Исроил як долони назоратии дигар дар Ғазза сохтааст, ки паҳноиаш як километр аст. Телевизиони Sky News бо омӯзиши аксҳои моҳвораӣ ин долонро мушоҳида кардааст.

Ба навиштаи ин расона, боз кардани як долони дигари назоратӣ далели он аст, ки Исроил ҳоло аз Ғазза берун шуданӣ нест.

Ин долон Ғаззаро аз ҳам ҷудо мекунад ва аз як тарафи ин борика ба дигар тараф рафтани сокинонро душвор мекунад.

Долони нав аз марзи Исроил бо Ғазза то шаҳри Байт-Ханун тӯл дорад.

Исроил то кунун ду долони дигарро, ки аз миёни Ғазза мегузаранд, идора мекунад.

Як талаби ҲАМОС, созмони террористӣ дар Аврупо ва Амрико, барои созиши оташбас дар Ғазза ин аст, ки Исроил аз ин долонҳо берун равад. Исроил ин пешниҳодро қабул надорад.

Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки агар ба созиши оташбас даст наёбанд, эҳтимол ҷанг тӯлонитар шавад.

Дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 40 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Исроил пас аз ҳафтуми октябри соли гузашта, ки ҲАМОС дар он рӯз беш аз 1200 исроилиро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт, ба Ғазза ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG