Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ҳоло 6 ҳазор нафар тундравҳои Давлати исломӣ дар Афғонистон фаъолият мекунанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистону кишварҳои Қавқози шимолӣ ҳастанд. Вай ин нуктаро дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Казахстанская правда" изҳор доштааст.
Ба гуфтаи Карасин, афзоиши хатари терроризм, аз ҷумла аз қаламрави Афғонистон, андешидани тадбирҳои иловагии заддитеррористиро тақозо мекунад.
Карасин гуфтааст: “Барои ҷавоби муассир ба терроризм бояд ҳамкориҳои кишварҳои мо дар сатҳи сиёсӣ ва дар ниҳодҳои марбута ва хадамоти вижа дар бахши табодули маълумот густариш ёбад”.
Вай гуфтааст, аз охири соли 2015 ба ин сӯ тундравҳои Давлати исломӣ мавзеъгириҳои худро дар Афғонистон таҳким мебахшанд.