Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Эрон: "Таҳримҳоро шикаст медиҳем"


Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи панҷшанбеи 4-уми октябри зимни суханронӣ дар миёни нерӯҳои басеҷӣ дар "Майдони Озодӣ"-и Теҳрон баён кардааст, ки кишвараш ба "фишори иқтисодӣ" рӯбарӯ мебошад, аммо ин таҳримҳоро хоҳанд шикаст. Вебсайти расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ ин ҳамоишро "ҳамоиши даҳҳоҳазорнафарии басеҷиён" хондааст.

Эрон дар рӯёрӯи бо таҳримҳои Амрико

Раҳбари Эрон дар мавриди фишори таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷумла гуфтааст, "таҳримро шикаст медиҳем ва шикасти таҳрим шикасти Амрикост ва бо ин шикаст, Амрико бо лутфи илоҳӣ бояд як силлии (шаппотӣ) дигаре аз миллати Эрон бихӯрад."

Қисматҳои зиёди суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар "Майдони Озодӣ"-и Теҳрон ба душманони Ҷумҳурии исломӣ, ба вижа Амрико равона шуда буд.

Ӯ гуфт, "мо албатта мушкили иқтисодӣ, иқтисоди нафтӣ дорем, ки ин худаш айби бузург аст. Фарҳанги сарфаҷӯӣ надорем, бисёр заиф аст. Исроф бисёр айб аст. Ин айбҳоро мо дорем, вале айби воқеӣ инҳо нест. Айби воқеӣ бунбаст аст, ки алҳамдуллилоҳ надорем."

Амрико моҳи майи соли ҷорӣ аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки соли 2015 имзо шуд, берун рафт ва таҳримҳои зидди Теҳронро дубора эҳё кард. Вашингон ҳамчунин аз кишварҳои дигар ҷаҳон хост, ки аз таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон, пайравӣ кунанд.

Аммо Русия, Чин ва Туркия гуфтанд, ки ба равобити иқтисодии худ бо Теҳрон идома медиҳанд ва аз ин таҳримҳо ҷонибдорӣ намекунанд. Амрико Эронро дар нооором кардани Ховари Миёна, идомаи барномаи мушакҳои дурпарвоз ва таҳдид ба кишварҳои минтақа, муттаҳам менамояд.

Хоманаӣ: "Эрон дар мавқеияти бисёр ҳассосе аст"

Қисматҳои зиёди суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар "Майдони Озодӣ"-и Теҳрон ба душманони Ҷумҳурии исломӣ, ба вижа Амрико равона шуда буд. Раҳбари Эрон гуфтааст, "мегӯянд, ки аз Амрико бадгӯӣ накунед, то бо шумо душман нашавад. Аммо ба далели он, ки як қудрати бузурги исломӣ дар ин минтақа сар баланд кардааст, Амрико аз ин метарсад."

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзудааст, ки Эрон дар "мавқеияти бисёр ҳассосе аст", аммо ҳамин мушкилоти иқтисодӣ ва хориҷии кишвар боис шудааст, ки Эрон аз "беамалӣ берун омадааст ва хелеҳо, ки фақат тамошогар буданд, имрӯз эҳсоси масъулият мекунанд."

Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, душманони Эрон, аз ҷумла Амрико дар арсаи расонаҳои навпайдо, бо бад нишон додани ҳукумати Эрон талош мекунанд, ки афкори эрониёнро ба каҷӣ баранд.

72 дақиқа суханронии Хоманаӣ барои 2 калима: душман ва Амрико

Мушовири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар паёме дар "Твиттер"-и худ ин ҳамоишро "қудратнамоӣ дар баробари барандозон" хондааст. Ҳисомиддин Ошно, мушовири Ҳасани Рӯҳонӣ навишт, "иҷтимои азими Озодӣ посухи қотеи раҳбарӣ ва мардон ва занони басеҷии саросари кишвар ба таҳдид ва таҳрими Амрикост."

Оқои Хоманаӣ дар ҷое аз суханронии худ ишора кард, "он рӯшанфики роҳатталаб ва риёкор ва мунофиқ, ки асоси душманӣ бо Амрикоро инкор мекунад ва намефаҳмад ва нусхаи таслим дар муқобили Амрико барои миллат менависад, агар омили душман набошад, ҳадди ақал марди майдони пешрафти кишвар нест."

Ӯ дар идома ба онҳое, ки дар даруни ҳукумат роҳи ҳалли музокира бо Амрикоро матраҳ мекунанд, ҳушдор дод, "душман мехоҳад миллати Эронро ба ин натиҷа бирасонад, ки ... роҳи ҳалле вуҷуд надорад, магар... таслим шудан дар муқобили Амрико. Ман ошкоро эълом мекунам, касоне, ки дар дохили кишвар ин фикрро, ки маҳбуби душман аст, тарвиҷ мекунанд, инҳо хиёнат мекунанд, ин хиёнат ба кишвар аст."

Хуруҷи Амрико аз "Паймони дӯстӣ" бо Эрон

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико

Ин суханони раҳбари Эрон дар ҳолест, ки ба дунболи шикояти Теҳрон ба Додгоҳи байналмилалӣ аз рӯи сиёсати таҳримҳои Вашингтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико "Паймони дӯстӣ" бо Эронро, ки соли 1955 имзо шуда буд, лағв кард. Қарори лағви "Паймони дӯстӣ"-ро Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи 3-юми октябр эълон кард ва гуфт, ки ин қарор бояд 39 сол пеш лағв мешуд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи аршади Созмони Милали Муттаҳид ба ИМА амр кард, ки таҳримҳои зидди Эронро сабуктар кунад. Додгоҳи байналмилалӣ амр кард, ки борҳои башардӯстона, аз қабили мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, ғизо, колоҳои кишоварзӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти марбут ба амнияти ҳавонавардӣ бояд ба Эрон ворид шаванд.

Қарор мегӯяд, ки таҳримҳои ИМА ба мавод ва таҷҳизоти номбурда, "Паймони дӯстӣ", равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулӣ дар байни Эрон ва Амрикоро нақз мекунад. Майк Помпео гуфт, Додгоҳи байналмилалии Гаага аз салоҳияти тасмимгирӣ дар баробари таҳримҳои Амрико, ки аз манфиатҳои муҳими амниятиаш ҳимоят мекунад, бархӯрдор нест. Ӯ қарори додгоҳро "нороҳаткунанда" унвон кард.

XS
SM
MD
LG