Зокир Собирови 64-сола чеҳраҳои шинохтаи олами рассомии Тоҷикистон аст, ки ҳамчун асосгузори равияи нави наққошӣ - "Параллелизм" дар кишвар эътироф мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мутаассифона ин равия дар кишвар шинохта нест ва мардум низ ба он таваҷҷуҳ надоранд. Аммо ҳунари ӯ дар хориҷ аз кишвар ҳаводор пайдо кард ва эҷоди ин рассоми тоҷик дар як намоишгоҳи бонуфузи Ню-Йорк соҳиби ҷоизаи "Уқоби тиллоӣ" шуд.
Собиров дар бораи ин таҳаввулот ва тафовути "Параллелизм" аз равияҳои дигар ва ҳамчунин вазъи рассомони тоҷик бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Зокир Собиров: “Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ худашон бо ман тавассути интернет тамос гирифтанд ва дархост карданд, ки барои иштирок чанд асари худро фиристам. Ман чор кори хуро фиристодам, ки аз ин миён ба расми “Бародари ман” ҷоиза доданд. Ин расмҳо дар равияи нав, ки “Параллелизм” ном дорад, эҷод шудаанд. Асосгузори ин равия худи ман ҳастам ва боис ба хушҳолист, ки дар ин намоишгоҳ ҳам худи асар унвон гирифт ва ҳам равия расман эътироф шуд. Барои Тоҷикистон ин комёбии бузург аст. Ҳоло ки равияро қабул карданд, метавонем онро тоҷикӣ яъне “Нурворизм” номгузорӣ намоем. Бояд бигӯям, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ то ҳол равияе дар санъати рассомӣ кашф нашудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ягон мауллиф дар танҳоӣ равияеро пешниҳод накардааст. Маъмулан чанд муаллиф якҷоя як равияро месозанд. Ба ин тартиб, дар намоишгоҳи байнулмилалии ҳунарҳои зебои шаҳри Ню-Йорки Амрико барои се равия - реализм, имперсионизм ва параллелизм - ҷоиза доданд.”
Радиои Озодӣ: Агар дар мавриди асари “Бародари ман” бигӯем, дар ин расм воқеан бародаратон нақшофарӣ шудааст? Ва фарқи равияи “параллелизм”, масалан, аз равияи “реализм” дар чист?
Зокир Собиров: “Бале, бародарам дар ин расм инъикос ёфтааст, аммо муҳим он аст, ки чӣ тавр он сохта ва тартиб дода шудааст. “Параллелизм” ба маънои доштани хатҳои параллелӣ нест, балки ба маъно аз фазо ва нурҳо иборат будан аст. Дунёи мо, ману Шумо ҳама аз фазо иборат ҳастем. Ин нуқтаи назарияи ман ва нуқтаи назарияи нав дар фалсафаи ҷаҳонист. Ғайр аз ин, ман дар санъати тасвирӣ қолабшиканӣ кардам. Саҳнаҳои қафоро дар пеш ва пешро баръакс дар қафо тасвир кардам. Ҳарчанд қолабҳо шикаста шуданд, вале муҳит ва моҳияти он нигоҳ дошта шуд. Аз ин маълум мешавад, ки дар фазо ҳама чиз мувофиқ шуданаш мумкин аст.”
Радиои Озодӣ: Асарҳои Шумо то имрӯз бо ҳамин равия дар дигар намоишгоҳҳо ҳам пешниҳод мешуд аммо ҷоиза намегирифт...
Зокир Собиров: “Зеро то ҳанӯз ин равия эътироф нашуда буд. Барои эътироф намудан муҳит ва одамон лозиманд, ки онро дарк мекунанд. Ман аз соли 2006 дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон асарҳои худро пешниҳод мекунам, вале ҳеч кас дарк намекунад ва моҳияташро намефаҳамад. Ҳатто шахсиятҳое ҳам, ки соҳибмаърифатанд, мегӯянд, ин чӣ лозим? Ман ҳам дар посух чизе намегӯям ва кори худро идома медиҳам.”
Радиои Озодӣ: Чаро кӯшиш намекардед, ки асарҳоятонро ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ бифиристед?
Зокир Собиров: “Мо барои ин кор шароит надорем, на аз лиҳози молӣ ва на аз лиҳози иттилоотӣ. Муҳит баста аст. Иттиҳодияи рассомон худ дар ҳолати ногувор қарор дорад.”
Радиои Озодӣ: То он даме ки “параллелизм”-ро ихтироъ кардед, дар кадом равия расм меофаридед?
Зокир Собиров: “Ба мавзӯъ бастагӣ дошт. Ман тӯли бист сол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ саҳнагузорӣ мекардам, ки он ҷо аз асарҳо вобастагӣ дошт. Аммо он вақт ҳам кӯшиш мекардам, ки навоварие ворид намоям, вале ҳеч кас дарк ҳам намекард. Вале чун театр ба ҳолати на он қадар хуб гирифтор шуд, ба портрет сохтан, асарҳои нигорӣ ва меъморӣ рӯ овардам.”
Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки то имрӯз чӣ қадар расм офаридед ва оё нигоштаҳои худро мефурӯшед?
Зокир Собиров: “Гап сари ин ки ман харидор надорам, зеро он нархҳое, ки барои расмҳоям мепурсам, дар Тоҷикистон ҳеч кас ҳозир нест пардохт намояд. Аммо аз ин нархро поин бурдан ба маънои паст кардани қадри санъат аст. Аз ин хотир, барои фурӯхтан намеофарам, ман танҳо эҷод мекунам, ҳамин.”
Радиои Озодӣ: Барои мисол, ҳамин расми “Бародари ман”-ро чӣ қадар нархгузорӣ кардед?
Зокир Собиров: “50 ҳазор доллар, ҳарчанд дар музояда мумкин арзишаш зиёдтар бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин расм бо равияи нав офарида шудааст, қиматаш хеле баланд аст, аммо инро кӣ дарк мекунад? Вале дар хориҷа боварӣ дорам, ки харидор ёфт мешавад, аммо то он ҷо рафтан хеле душвор.”
Радиои Озодӣ: Пас, тақдим кунед...
Зокир Собиров: “Таърихро пош додан гуноҳи калон аст.”
Радиои Озодӣ: Интизор надоред, ки гирифтани ҷоиза дар намоишгоҳи ахир бароятон роҳро боз хоҳад кард?
Зокир Собиров: “Алакай даъватҳо оғоз шуданд. Ҳоло аз Русия даъват гирифтам ва асарамро ҳам фиристодам, натиҷааш моҳи декабр маълум мешавад. Ғайр аз ин, ҳамин як асар дар Итолиё, Прага ва Лондон иштирок хоҳад кард. Интизори ман ҳам хеле зиёд аст ва фикр мекунам асар мавқеи худро пайдо хоҳад кард.”
Радиои Озодӣ: Шумо, ки рассоми барҷастаи тоҷик ҳастед, дар мисоли худ зиндагии рассомони кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Зокир Собиров: “Бисёр вазнин. Метавон гуфт, ки рассомон наметавонанд аз пушти ин санъаташон зиндагияшонро бичархонанд. Чунин аҳволро на танҳо рассомон, балки дигар аҳли санъат низ доранд. Аз тарафи дигар, ҳама то он дараҷа қолабӣ шудааст, ки як чизро аз пеши худ пешниҳод карда наметавонанд ё метарсанд ё ба худ бовар надоранд. Ғайр аз ин, ҳама вақт чизи нав дастгирӣ намешавад. Масалан дар саҳна навовариро наметавонед ба коргардон ва ё коллектив бифаҳмонед, чунки онҳо барои қабул кардан тайёр нестанд. Бо тамошобинон ҳам ҳамин гуна. Сабабҳои зиёд вуҷуд дорад, ки маҷрои навро на ҳама қудрати дарк кардан дорад. Рассомон зиндагияшонро агар аз ҳисоби тиҷорат набошад, аз ҳисоби эҷодӣ пеш бурдан наметавонанд. Шахсиятҳое нестанд, ки арзиши воқеии асарҳоро баҳогузорӣ кардан тавонанд. Барои мисол ман равияи “параллелизм”-ро ҳанӯз соли 2006 кашф кардам, вале то ҳанӯз ҳеч кас дар Тоҷикистон ба ин таваҷҷӯҳ накардааст, гӯё ба ҳеч кас ин лозим нест. Ҳамааш аз муҳит вобаста аст. Академик Капитса мегӯяд, “Культуру надо насождать, если можно даже силой.” Мо низ бояд ҳоло ҳамин гуфтаҳоро ҷорӣ кунем. Яъне, фарҳанг дар ҷомеа ниҳодина шавад, чун дигар илоҷ надорем.”
Радиои Озодӣ: “Аз нигоҳи Шумо даврони тиллоӣ барои рассомони тоҷик кай буд?
Зокир Собиров: “Албатта даврони Шуравӣ. Вале аз тарафи дигар сиёсати худи ҳамон давр қолабӣ буд ва аз он берун баромаданро идеология иҷозат намедод. Масалан дар замони Хрушёв қасди инқилобро доштанд, аммо бо булдозерҳо асарҳои рассомонро дар Маскав вайрон карданд.”