Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рассоми машҳур аз шаҳрвандии Ӯзбакистон даст мекашад


Рассоми шинохтаи Ӯзбакистон Вячеслав Охунов эълом доштааст, ки аз шаҳрвандии ин кишвар даст мекашад, зеро мақомот ду сол ба ин сӯ барояш раводиди сафар ба хориҷаро намедиҳанд.

Вячеслав Охунов, яке аз рассомони саршиноси Ӯзбакистон мегӯяд, ҳар боре, ки барои ширкат дар анҷуманҳои байнулмилалии ҳунарӣ даъватнома мегирад, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон барояш раводиди хуруҷ намедиҳад. Аммо на танҳо ин ҳолат, балки куллан муносибати мақомот ба ӯ ва эҷодиёташ сабаб гаштааст, ки аз шаҳрвандии Ӯзбакистон даст кашад. «Тамом. Тоқатам тоқ шуд. Ман мехоҳам аз шаҳрвандии Ӯзбакистон бароям. Аввалан ин ки, ба ман гуфтанд, Вазорати корҳои хориҷӣ қарор кардааст, ки дигар бароям раводиди сафар дода нашавад. Дуввум, номи маро аз тазкираи рассомони Ӯзбакистон берун карданд. Пас, ман шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар набудаам. Ман беҳуқуқам. Ин тавр ки бошад, ба ман чунин шаҳрвандӣ даркор нест. Ман мехоҳам дар байни одамони озод, дар як давлати озод зиндагӣ кунам», гуфтааст ӯ ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ.

Чанде пеш ба иллати нагирифтани раводид Охунови 66-сола боз аз як сафари хориҷӣ маҳрум шуд. Вай соли гузашта Шӯъбаи раводидҳо ва номнависи хориҷиҳо ё «ОВИР»-и Вазорати корҳои дохилии Ӯзбакистонро ба додгоҳ кашонд. Аммо додгоҳ аз қарори ин шӯъба барои надодани раводид ба Охунов ҳимоят кард.

Сипас, Охунов аз болои додгоҳи ноҳиявӣ ба додгоҳи шаҳр шикоят бурд, вале ҳукм бетағйир боқӣ монд. Он гоҳ Охунов ба воситаи як шабакаи телевизионии Қазоқистон гуфт, ки мехоҳад ба номи раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов аризае навишта, аз шаҳрвандии Ӯзбакистон даст кашад.

Ин наққош бовар дорад, ки ҳукумат ӯро барои дигарандешияш бад дидаву зери фишор гирифтааст. Ӯ се сол пеш дар як намоишгоҳи байнулмилалӣ дар Туркия бо яке аз раҳбарони мухолифони Ӯзбакистон мулоқот кард: «Муҳаммад Солеҳ дӯсти ман аст ва ман ҳамчун як дӯст бо ӯ вохӯрдам. Сониян, маро ба анҷумани Ҷунбиши мардумии Ӯзбакистон ба Прага даъват карданд. Сабаби дигар он аст, ки ман ҳамроҳ бо Баҳодур Мӯсоев намоишеро баргузор кардам, ки вазъи бади зиндагии мардуми Ӯзбакистонро нишон медод. Зоҳиран, ин ҳама, ки баёнгари назари танқидии ман ба ҳукумат аст, ҷамъ шуда, чунин натиҷа дод. Сабаби дигареро намебинам», мегӯяд Вячеслав Охунов.

Аз рӯйи қонун, мақомот бояд дар ду ҳафта масъалаи раводиди сафари хориҷиро баррасӣ кунанд. Посухи рад дар ин бобат аҳёнан иттифоқ меафтад.

Сардори Раёсати раводид ва сабти номи хориҷиён дар шаҳри Тошканд Улуғбек Саидов ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо дар сурати қарздории бузург раводид дода намешавад. Бино бар қонунҳои Ӯзбакистон, тарки шаҳрвандии ин кишвар кори осон набуда, танҳо бо имзои президент имконпазир хоҳад гашт.

Аммо рассоми машҳур Вячеслав Охунов ба иллати нагирифтани раводиди сафар аз ширкат дар анҷуманҳои ҳунарӣ дар чандин кишвари аврупоӣ маҳрум шуд ва охирин даъватнома ба ӯ аз Гамбурги Олмон омада буд.

P.S. Дар ҳоле, ки ин матлаб омодаи чоп мешуд, аз Академияи санъати тасвирии Украина ба рассоми ӯзбак Вячеслав Охунов занг зада гуфтанд, ки омодаанд ҳама шароити зиндагиву корро барояш муҳайё созанд.

XS
SM
MD
LG