Дмитрий Койота дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт: “Азбаски Гулнора Каримова алакай тақрибан ҳамчун наққош маъруф шудааст, Петро ҳам фикр кард, ки Тоҷикистон интихоби хубест. Ин як кишвари нисбатан фақирест, ки раисиҷумҳураш Эмомалӣ Раҳмон хеле ва хеле сарватманд ва фасод дар ин кишвар як падидаи фарогир шудааст. Аз ин рӯ, ҳар нафар аз берун ба достони Тоҷикистон бовар мекард.”
Петро Водкинс худро “Фомин” ва агент ё намояндаи Эмомалӣ Раҳмон ба 10 нигористони маъруф, аз ҷумла Waddington Custot, White Cube, Hamiltons ва Blain Southern муроҷиат кардааст, вале танҳо дар чанд ҷо пеш аз оғози муомила дар бораи Раҳмон маълумоти бештар хостаанд.
Пораҳои нашршуда аз сӯҳбатҳои Водкинс бо фурӯшандагон, ки ӯ тавассути Scype анҷом додаву ҳамагиро барои таҳияи як филми мустанади 15-дақиқаӣ бо номи “Нархи ҳунар” сабт кардааст, ҳокист, ки аксари нигористонҳо дар роҳи даст ёфтан ба фоидаи хуб аз харидуфарӯш бо ҳокимони худкома парҳез намекунанд ва парвои зиёде надоранд, ки ин миллионҳое ки барои як наққошӣ пешниҳод мешаванд, оё бо кадом роҳу усул ба даст омадаанд?
Як порча аз сӯҳбати Водкинс бо фурӯшандаи Waddington Custot Galleries:
“Фомин”: Ҳоло иҷозат бидиҳед, чанд ҷумла дар бораи муштариям бигӯям. Ӯ президенти Тоҷикистон аст. Шумо чизе дар бораи ин бахши олам медонед?
Фурӯшанда: Бале.”
Як порча аз сӯҳбати “Фомин” бо фурӯшандаи нигористони Hamiltons:
Фурӯшанда: Ӯ президенти кишвар аст, ё президенти ширкати нафт дар ин кишвар?
“Фомин": Ӯ президенти кишвар аст.”
Петро Водкинс, соҳибкори собиқи рус, ки тоза ба майдони наққошӣ пой гузоштааст, тобистони имсол бо як маъракаи «фурӯш»-и пӯшак ё памперсҳои кӯдакона бо тамғаи Ҷорҷио Арманӣ ном баровард. Ӯ мегӯяд, чизпарастӣ чунон ақлу ҳуши бархеро бурдааст, ки мардуми зиёде тайёр буд барои ҳар пӯшак 30 доллар пардохт кунад.
Дар маъракаи дувум ӯ бо номи ҷаълии “Фомин” ва ҳамчун “агент”-и раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳи бештар аз 3 моҳ бо 10 нигористони маъруф ҷиҳати харидории осори ҳунармандоне, чун Дамиэн Ҳёрст, Андреас Гурскӣ ва Ай Вейвей вориди музокира шудааст.
Аз ин 10 нигористон, бо шумули Waddington Custot, White Cube, Hamiltons, and Blain Southern – танҳо чандеаш аз муомилаи машкук бо “агент”-и Раҳмон даст кашидаанд. Бақия гуфтаанд, ки омодаанд бо ӯ муомила кунанд ва тавре мехоҳад, сирри харидуфурӯшро пинҳон нигоҳ бидоранд. Ба “Фомин ҳатто маслиҳат ҳам додаанд, ки барои пинҳон кардани ҳар навъ робитаи Эмомалӣ Раҳмон бо ин муомилот аз суратҳисобҳои оффшорӣ истифода кунад.
Миллионҳо долларро барои харидории осори ҳунарӣ масраф кардани ҳокимони аҷибу ғариби пасошӯравӣ дигар барои касе дар Лондон амре боварнокарданӣ нест. Ва нигористонҳову музоядаҳои мӯътабаре, чун Sotheby's имрӯз омодаанд, дар хидмати Меҳрубон Алиева – хонуми аввали Озарбойҷон ё мултимиллионерҳои Русияву Қазоқистон ба як по истода, хидмат кунанд.
Тоҷикистон, албатта, Русия ё Қазоқистон нест, захираҳои бузурги нафту газ ё маъданҳои табиии дигар надорад. Ин фақиртарин кишвари Осиёи Марказист. Вале дороиҳои раисиҷумҳураш Эмомалӣ Раҳмон, ки аҳли хонаводаи ӯро дар ғасби тиҷоратҳои “равғанӣ”-и кишвар ва дар фасод шарик медонанд, садҳо миллион доллар баровард мешавад. Ин аст ки тақрибан ҳеҷ касе аз фурӯшандагони осори ҳунарӣ ба ин достони бофтаи Петро Водкинс, ки президенти Тоҷикистон гӯё мехоҳад пинҳонӣ аз мардумаш барои духтари худ як маҷмӯъаи осори ҳунарӣ бихарад, шакк наовард.
Дар байни асарҳое, ки “Фомин” бо нигористонҳо барои Раҳмон “савдо” мекард, якеаш акси Гурскӣ бо номи “Бозори бурси Кувайт” аст, ки 2 миллион доллар нарх дорад. Ӯ як муҷассамаи сохтаи Луӣ Буржуа ба қимати 3,5 миллион доллар, як наққошии 1,5-миллиондолларии Ҳёрст ва наққошии “Пойҳо”-и Ай Вейвей бо қимати 755 000 долларро низ аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон хоста будааст.
Водкинс, ки сабти махфиёна анҷомдодаи сӯҳбатҳояшро мехоҳад дар ҳафтаи равон нашр кунад, зимни музокираҳо батакрор таъкид мекардааст, ки исми муштариаш бояд комилан пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро ифшо шуданаш метавонад хашми мардуми , ба гуфтаи ӯ, “фақир”-и тоҷикро нисбат ба аъмоли фасодомези президенти онҳо барангезад.
Порча аз музокираи Водкинс бо фурӯшандаи нигористони Blain Southern:
“Фомин”: Дар сурати ғайр, муштарии ман баъди бозгашт дар кишвараш ба мушкилоти бузург дучор мешавад, чунки мардумаш фақиранд ва онҳо дар воқеъ аз онки онҳо моҳона, барои мисол, 10 доллар маош мегиранду (президенти онҳо) барои асарҳои наққошӣ барои фарзандонаш 1 миллион доллар харҷ мекунад, хушашон нахоҳад омад.
Фурӯшанда: Не, ман инро мефаҳмам. Ва ин бори аввал нест, ки мо чунин корҳо мекунем. Аз ин рӯ, ман комилан бо шумоям.”
Танҳо дар як нигористон -- Waddington Custot – баъди шунидани шарти пинҳон нигоҳ доштани муомила аз идомаи музокира даст кашидаанд. Бақия аз чунин муомилоти машкук парҳез накарда, балки ба “Фомин” машварат ҳам додаанд, ки барои пинҳон нигоҳ доштани сирри муштариаш, беҳтар аст, ки аз суратҳисобҳои оффшорӣ истифода кунад.
Ҷеорҷина Адам, хабарнигори муқими Лондон, ки барои нашрияи "The Art Newspaper" таҳаввулоти бозори наққоширо пайгирӣ мекунад, ба Озодӣ гуфт, ба “фарҳанги роздорӣ” дар ин бозор кайҳо одат кардааст, вале тарҳи Водкинс хеле болотар аз он чист, ки ӯ тасаввур мекард. Хонум Адам мегӯяд, ба чунин осонӣ ба муомила бо як ҳокими худкома розӣ шудани нигористонҳои мӯътабар аҳли дунёи наққошӣ, аз ҷумла худи ӯро сахт такон дод.