Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ахиран дар маъракае кӯлборашро бо тарҳи 300 таронаи нав гум кардааст. Ин таронаҳо дар саҳнаҳои гуногун сабт шуда мебоист мухлисонашро хушнуд кунанд.
Баҳром, ки нусхаи ҳифзшудаи ин таронаҳоро дар ҷойи дигар надорад, аз ин ҳодиса бисёр рӯҳафтода аст, вале мегӯяд, порчаҳои оҳанги таронаҳоро дар зеҳн дорад ва басахтӣ ҳам бошад, метавонад онҳоро барқарор кунад. Аммо ҳоло ӯ барои муҳоҷирони тоҷик таронаи нави “Ғарибӣ”-ро таҳия кардааст, ки навораш базудӣ ба дасти мухлисон хоҳад расид.
Баҳром аз ҳунармандони ангуштшумор аст, ки солҳои 2011-2014 ду дафъа бо ҷоизаи бонуфузи Big Music Awards-и Амрико сазовор гардидааст. Ӯ дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи сафари ахираш ба Русия нақл кард ва ҳам ба чанд суоли дигар посух гуфт.
Баҳром Ғафурӣ: "Ман ва Зулайхо Маҳмадшоева бо даъвати продюсерҳои Маскав як моҳ пеш дар толори бонуфузи “Pupil” барои муҳоҷирони тоҷик барнома иҷро кардем. Бисёр хуб пазируфтанд ва рӯҳияашон низ хуб буд. Аз чеҳраҳояшон маълум буд, ки зиёд муштоқи дидори ватан буданд ва бо ҳам борҳо суруди “Муҳоҷирбача”-ро хондему замзама кардем. Муҳоҷирон хуб медонанд, ки онҳоро дар Ватан интизоранд. Онҳо хуб медонанд, ки ин Ватан ватани ҳамаи мост ва бе ватан ҳеч кор карда намешавад."
Радиои Озодӣ: Ин ҳамон “Муҳоҷирбача”-и кӯҳна аст, ё таронаи нав?
Баҳром Ғафурӣ: "Не, ҳамон “Муҳоҷирбача”-е, ки тақрибан 5 сол пеш бо оҳангсоз ва таронанавис Фарҳоди Милод эҷод кардем. Дар навори суруд низ вобаста ба матнаш саҳнаи омадани як муҳоҷирро ба ватан тасвир кардем, ки чӣ гуна ҳамсару хонаводааш бо чашми чор интизоранд. Ман низ борҳо ба муҳоҷират рафтаам ва баъзан кор ҳам кардаам. Масалан, ёдам ҳаст, ки дар як тарабхонаи Дубай ба сифати коргар ҳар рӯз сурудхонӣ мекардам. Ба ҳамин хотир, аз дарди дурии ватан хуб огоҳам. Дар ҳар ҷое, ки ин сурудро мехонам, мардум хуб қабул мекунанд ва ҳатто иддае аз онҳо, бахусус муҳоҷирон бо шуниданаш ашк ҳам мерезанд."
Радиои Озодӣ: Соли гузашта Шумо бо овозхони афғону эронӣ – Валӣ вориди баҳси ҳаққи муаллифӣ шуда будед, қазия бо чӣ анҷомид?
Баҳром Ғафурӣ: "Бале, ду суруди маро Валӣ бозхонӣ кардааст. Яке “Дар ин замона” ва дигаре - “Духтари ҳамсоя бало”. Таронаи дувумро ҳамроҳи Садриддини Наҷмиддин сароида будем. Ман аввал шикоят бурдам, вале аз фикрам гаштам. Баъдан бисёр хушҳол шудам, ки овозхонони давлатҳои дигар низ сурудҳои маро эътироф мекунанд. Вале хуб мешуд, ки аввал ба сифати эҳтиром иҷозат мепурсид ва шояд ман суруди беҳтареро ба ӯ пешниҳод мекардам. Ман баъд аз ин пайи сурудҳои тоза шудам, то барои мухлисонам аз он ҳам сурудҳои беҳтареро таҳия кунам."
Радиои Озодӣ: Солҳои охир Шумо дар филмҳои тоҷикӣ ҳам нақш меофаред...
Баҳром Ғафурӣ: "Ман танҳо дар як филм нақш офаридам ва он иборат аз ду қисм буд. Ин филм “Сукут” ном дорад ва таҳиякунандааш Сироҷиддин Ғафурист. Ман аввал нақш офаридам ва баъдан ҳамчун овозхон бо садоям барои филм суруди “Модар”-ро сароидам."
Сӯҳбати комилро дар ин навори видео бубинед: