Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: Рейди мошинҳои сиёҳшишаву берақам шурӯъ шуд


Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ рейдҳоро шуруъ кардаанд. Ин кор пас аз як интиқоди шадиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ сурат мегирад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, аз субҳи имрӯз, 19 сентябр санҷиши мошинҳои сиёҳшиша, худравҳои берақам ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо шурӯъ шудааст. Маълум нест, ки ин рейдҳо то кай давом мекунад. Ба иттилои масъулон, рейд бо ташаббуси мақомоти тозатаъин шурӯъ шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилӣ афзуд, аллакай мардум ҳам инро ҳис кардааст ва мошинҳои сиёҳшишаву берақам дар Хоруғ кам шудааст.

Мақомот мегӯянд, дар бораи натиҷаҳои рейд давоми рӯз хабар хоҳанд дод. Тадбирҳо барои пурра ҷорӣ кардани тартибот дар шаҳри Хоруғ пас аз як интиқоди раисҷумҳур ва барканории мақомҳои қудратии Бадахшон сурат мегирад. Дирӯз 18 сентябр Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ҳамзамон сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон таъин шуд. Дар маҷмӯъ, ҳадди аққал 12 мақом дар ҳукумати Бадахшон, сохторҳои қудратӣ ва додгоҳҳои ин вилоят иваз шуданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Бадахшон як моҳ муҳлат додааст, то тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро дар Хоруғ таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG