Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Денис Кривошеев: Тоҷикистон аз муколама мегурезад. ВИДЕО


Денис Кривошеев
Денис Кривошеев

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) бо нашри як гузориш гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон бо шурӯи ҳамлаи беамон, вакилони дифоъ дар кишварро озор дода ва ҳуқуқи онҳоро маҳдуд кардааст. Дар ин гузориш, ки рӯзи 24-уми май нашр шуд, зиндонӣ кардани чанд вакили дифоъ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва чанд нафари дигарро мисол овардаанд. Дар бораи ин гузориш ва сабабҳои бархӯрди ҳукумат бо вакилони дифоъ сӯҳбате доштем бо Денис Кривошеев, намояндаи Авфи Байналмилал, ки масоили Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад.

Борҳо барои мулоқот муроҷиат кардем, тамоми муроҷиатҳои мо ба ниҳодҳои гуногун дар Душанбе ва сафоратро нодида гирифтанд.

Радиои Озодӣ: Дар гузориши шумо гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон якбора ба вакилони дифоъ рӯ овард ва ба таъқибу маҳдуд кардани ҳуқуқи онҳо шурӯъ намуд. Сабаб чист?

Денис Кривошеев: "Шояд чандон одилона нест, ки аз мо дар бораи сабабҳои ин бархӯрд пурсед, чун фақат вазъро таҳлил мекунем ва омодаи сӯҳбат дар бораи сабабҳо нестем. Аммо сабабҳо ба қадри кофӣ рӯшананд. Мо дар Тоҷикистон шоҳиди саркӯби ҳамагуна дигарандешӣ, на танҳо саркӯби мухолифин, балки саркӯби тамоми андешаҳое ҳастем, ки ба эътиқоди ҳукумат аз чаҳорчӯби таъинкардаи он барои мардум берун меравад. Бо назардошти ҳамин метавон гуфт, вакилони дифоъ дар инҷо дар ҷабҳаи аввал монданд. Аз замоне ки таъқиби аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва гурӯҳҳои дигари мухолиф шурӯъ шуд, адвокатҳо бо талаби вазифаашон ба ҳифзи онҳо бархостанд. Онҳо мавқеи худро барои ҳифзи ҳуқуқи шахси зери ҳимояашон гуфтанд, мавзеъеро, ки хилофи гуфтаҳои ҳукумат буд. Барои ҳамин, вакилон дар ҷабҳаи аввал ва зери оташи амалкардҳои ҳукумат қарор гирифтанд. Мутаасифона, мо на танҳо шоҳиди саркӯби дигарандешӣ ҳастем, балки шоҳиди саркӯби онҳое ҳастем, ки на барои усули озодии баён, балки дар чаҳорчӯби масъулиятҳои касбии худ амал мекунанд. Ин бисёр дардовару хатарнок аст."

Суҳбати видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Афви Байналмилал аз Тоҷикистон хост, вакилонро озор надиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:48 0:00

Радиои Озодӣ: Барои чӣ ҳукумати Тоҷикистон бо вакилони дифоъ чунин рафтор мекунад, барои чӣ онҳоро хатарнок мешуморад?

Денис Кривошеев: “Зоҳиран бардошти ҳукумат чунин аст. Яъне ҳар чизе, ки бар мухолифи ақидаҳои давлат гуфта мешавад, ҳатто ҳимояти касбии муттаҳамон ба ҷиноятро як навъ ҷиноят мешуморад. Агар ҳадафи мақомот аз байн бурдани муҳокимаи одилона ва ё заминаҳо барои муҳокимаи одилона бошад, пас, онро ба даст овардааст. Гуноҳи ҳар нафар ва ё гурӯҳеро, ки ба ҷиноят мутаҳҳам мешаванд, шумо метавонед фақат дар муҳокимаи одилона собит кунед. Муҳокимаи одилона он вақт аст, ки шумо вакилро интихоб кунед, баробарӣ дар муҳокима таъмин бошад, муттаҳамон аз шиканҷаву фишор эмин бошанд, мурофиа шаффоф сурат гирад. Дар Тоҷикистон тамоми ин меъёрҳоро зери по кардаанд. Возеҳ аст, ки агар додгоҳ ба ҳайси як ниҳоди одилу мустақил, дар воқеъ, аз байн рафта бошад, будани вакилоне, ки мехоҳанд усулҳои адолатро ҳифз кунанд, (барои ҳукумат) як мушкилӣ ба ҳисоб меравад. Бори дигар таъкид мекунам, ки сухан дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ намеравад, сухан дар бораи онҳое меравад, ки бо тақозои вазифа дар муҳокима ба манфиати зерҳимояашон сухан мегӯянд. Барои ҳамин, суханронии Бузургмеҳр Ёров ба манфиати нафарони таҳти ҳимояташ ифротгароӣ набуд. Тавре худаш дар додгоҳ гуфт, ӯ ифротгаро не, балки адвокат аст. Ӯ чизеро мегуфт, ки вазифаи касбиаш талаб мекард. Ҷиноят шумурдани ин кор аз тарафи мақомоти худаш як навъ ҷинояткорона аст."

Бояд ба мақомоти Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки аз ин суолҳо гурехта намешавад, инсонҳоро бо муҳокимаҳои ноодилона ба зиндон андохтан мумкин нест, нафасгир кардани ҷомеаи адвокатҳо мумкин нест.

Радиои Озодӣ: Таъқиби вакилони дифоъ барои низоми додгоҳии Тоҷикистон ва умуман вазъи ҳуқуқи инсон чӣ оқибатҳо дошта метавонад?

Денис Кривошеев: “Оқибатҳои таъқиби вакилони дифоъ ғамангезанд. Гап сари он аст, ки на ҳукумат ва на мақомот набояд, ба мардум бигӯянд, ки шумо ба ин ҳақ доред ва ё ба он ҳақ надоред. Мутаасифона воқеият ин аст, ки ҳукуматҳо тасмим мегиранд, ки мардумро аз кадом ҳақашон маҳрум кунанд. Новобаста аз тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, қонуни асосӣ ва кафолати қонунҳо, ҳукуматҳо имкон доранд, ки мардумро аз ҳуқуқаш маҳрум кунанд. Ҳоло вазъ ҳамингуна аст. Ҷамъияти беҳуқуқ барои ҳар кишвар ҳамеша хатарнок аст. Мутаасифона мо мебинем, дар кишвар ҳаракат ба ин самт аст. Истиқлоли вазифаи вакили дифоъро бояд фавран барқарор кунанд. Бояд адолат дар тамоми қарорҳои додгоҳие, ки дар робита ба вакилони дифоъ қабул шудаанд, барқарор шавад. Муҳокимаҳо бояд боз фаҳмо бошанд. Истиқлоли вакилон яке аз рукнҳоест, адолат рӯи он меистад ва дар ниҳоят субот дар ҷомеа таъмин мешавад. Оқибатҳои бардоштани ин сутун ё зери фишор гузоштани он бисёр риққатовар хоҳад буд. Мо ҳам дар гузориш ба ҳамин чиз таъкид кардем ва умедворем моро мешунаванд. Мехостам, зикр кунам, ки мо хостем дар ин бора бо ҳукумати Тоҷикистон муколама кунем. Борҳо барои мулоқот муроҷиат кардем, тамоми муроҷиатҳои мо ба ниҳодҳои гуногун дар Душанбе ва сафоратро нодида гирифтанд. Дар вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо худам ба назди раиси ҳайати Тоҷикистон рафтам, корти худро додам ва нишонии онҳоро пурсидам. Ба ман нишонии як почтаи электронии хусусиро доданд, вале аз он ба суолҳои ман ҳеҷ ҷавобе наомад. Мақомоти Тоҷикистон дониста, дархостро барои муколама нодида мегиранд, ки ин роҳ ба ҷое намерасонад. Мо бо ҳамин гузориш аз онҳо мехоҳем, вориди муколама бишаванд, хатоҳоро ислоҳ кунанд ва ба самте ҳаракат кунанд, ки риояи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон ва ҳамингуна ояндаи босуботу муназзами кишварро тазмин намояд. Дар акси ҳол роҳи пешгирифтаашон бисёр хатарнок аст."

Радиои Озодӣ: Тавсияҳои созмони шумо ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои ислоҳи вазъ чӣ аст?

Денис Кривошеев: “Тадбирҳое ҳастанд, ки бояд фавран андешида шаванд, аз ҷумла ҳукмҳои ноодилона бояд лағв карда шаванд. Аз ҷумла, парвандаҳои вакилони зиндонӣ ва парвандаҳое, ки ба ҳимоят аз маҳкумшудагон садо баланд карданд ва худашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Бояд риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳо дар кишвар таъмин шавад. Даъвати мо аз ҷомеаи байналмилал аст, ки мурооти ҳуқуқу озодиҳоро аз Тоҷикистон талаб кунад. Ошкоро бояд гуфт, вазъи кишвар аз назари онҳое, ки метавонанд ба Тоҷикистон таъсир гузоранд, дур афтодааст. Бояд ба мақомоти Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки аз ин суолҳо гурехта намешавад, инсонҳоро бо муҳокимаҳои ноодилона ба зиндон андохтан мумкин нест, нафасгир кардани ҷомеаи адвокатҳо мумкин нест. Истиқлоли вакилони дифоъро бояд бе ҳеҷ таъхир баргардонанд. Барои ин шояд ислоҳи қонунҳо лозим бошад, вале бояд усулан тасмим бигиранд, ки таъмини истиқлоли адвокатҳо кафолати риояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст ва бо такя ба ҳамон усул амал кунанд."

XS
SM
MD
LG