Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоёри Валӣ: "Интизор надоштам, раҳбари "Имрӯз" мешавам"


Худоёри Валӣ, раҳбари нави радиои "Ориёно Медиа"
Худоёри Валӣ, раҳбари нави радиои "Ориёно Медиа"

Худоёри Валӣ, раҳбари нави ҷамъияти саҳҳомии "Ориёно Медиа" мегӯяд, ғайриинтизор ба ин вазифа таъйин шудааст.

Худоёри Валӣ, мудири собиқи радиои "Садои Душанбе" рӯзи гузашта ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ, ҳамчун раҳбари нави ҷамъияти саҳҳомии "Ориёно Медиа" муаррифӣ шуд. Ӯ чанд рӯз қабл ба нишони эътироз аз мақоми сардабирии радиои давлатии "Садои Душанбе" канор рафта буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Худоёри Валӣ ибтидо аз ӯ пурсид, ки гуна иттифоқ афтод, ки ба мақоми раҳбарии «Ориёно Медиа» расид?

Худоёри Валӣ: Аслан, ҳеҷ интизор надоштам, ки чунин масъулиятеро ба зимаам мегузоранд. Қоидаи бозори меҳнат аст, ки вақте инсон бекор монд, пайи ҷустуҷӯи шуғле мешавад. Чун аз кор дар радиои «Садои Душанбе» даст кашидам, дар ҷустуҷӯи кор шудам. Аз дӯстону рафиқон пурсидам, ки дар куҷо коре вуҷуд дорад, ки тибқи мувофиқ ба касбам бошад. Ҳамин тавр дар чанд ҷо ҳуҷҷат супоридам. Дар чанд шабакаҳои телевизионӣ ва ширкати «Ориёно Медиа». Бештар интизор доштам, ки дар телевизон ба кор медароям ва ҳеҷ интизор набудам, ки раҳбари ин ширкат мешавам. Ман ҳам барои раҳбар шудан ҳуҷҷат насупурда будам ва танҳо ҳамчун як корманди ин ширкат шудан ҳуҷҷат супурда будам. Раҳбари ин ширкат таъин шуданам ғайриинтизори ман ба амал омад, ба хусус ба зинаи раҳбарӣ.

Озодӣ: Радиои «Имрӯз» ва рӯзномаи «Имрӯз-news», ки моли ширкати зери раҳбарии шумост, бо нашри матолиби интиқодӣ маъруф аст. Фаъолияти ин радио ва рӯзнома дар ҳамин шакл боқӣ мемонад ва ё дигаргун мешавад?

Худоёри Валӣ: Ҳоло ҳамагӣ чанд соат аст, ки ин ҷо омадаам. Бояд бигӯям, ки «Имрӯз-news» дар тобеияти «Ориёно Медиа» нест. Ба ин ширкат Радиои «Имрӯз», ки бо забони тоҷикӣ барнома дорад ва Радиои «Ориёно», ки чанд соат бо забони русӣ барнома пахш мекунад, тааллуқ дорад. Рӯзноманигор ҳамеша пайи навҷӯи ҳаст. Дар ин роҳ, ҳар кас дидгоҳи худро дорад. Воқеан, радиои «Имрӯз» барномаҳои таҳлиливу танқидӣ зиёд дорад. Ҳар ҳарфе, ки хилофи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷкистон нест ва танҳо танқид ба хотири ислоҳ ҳаст, қабул дорем. Албатта, аз нигоҳи касбият танқиде, ки олуда бо таҳқир аст, олуда бо тӯҳмат аст, қабул надорем, зеро инро қонунгузории Тоҷикистон манъ кардааст. Ҳар ҳарфи интиқодие, ки бар асоси далел аст ва ҳақу ҳуқуқи касеро поймол намекунад, аз ин ба баъд ҳам тариқи Радиои «Имрӯз» садо хоҳад дод.

Посухҳои Худоёри Валӣ, раиси нави Радиои "Имрӯз"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Аз қабл атрофи ширкати «Ориён Медиа» сару садо вуҷуд дорад, ки ҳар нафаре ин ҷо раҳбар мешавад, афроди наздик ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари «Ориёнбонк» аст. То куҷо ин шахсият дар таъини шумо ба ин вазифа нақш дошт?

Худоёри Валӣ: Медонед, ки таҷрибаи зиёди корӣ дар телевизион ва радио доштам. Ҳасан Асадуллозодаро ҳамон тавре мешиносам, ки шумо мешиносед, яъне ҳамчун як рӯзноманигор. Ӯро боре аз наздик надидаам ва ҳамсӯҳбат низ нашудаам. Ҳамин қадар медонам, ки иқтисоддони хуб ва бонкдори муваффақ дар Тоҷикистон ҳаст. Раҳбар шудани ман ин ҷо билкул ба ин шахсият рабте надорад.

Озодӣ: Қабл аз ин ҷо омадан шартҳое ба шумо, мисли тағйири барномаҳои Радиои гузошта шуда буд ё на?

Худоёри Валӣ: Чунин шарте вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам ин гуна ҳарф вуҷуд надорад. Аммо бубинед, ки ин масъулият аст ва боварӣ аст, ки талош мекунем ба он сазовор бошам.

Озодӣ: Аммо Рустами Ҷонӣ чаро аз раҳбарии ширкат канор рафт ва оё шумо қаблан бо ӯ дар ин маврид сӯҳбате доштед?

Худоёри Валӣ: Дар ин маврид аз худи Рустами Ҷонӣ бипурсед. Мо пештар сӯҳбат надоштем, аммо Рустамро ҳамчун як рӯзноманигори касбӣ ва пуртаҷриба мешиносам. Аз таҷрибаи кории ӯ низ истифода мекунем. Аммо ин дунё худ ҷои рафтану омадан аст. Имрӯз ман омадаму Рустам рафт, фардо ҳатман мо меравему дигарон меоянд. Муҳим рафтану омадан нест, муҳим давоми будан кори неку хубе барои ин мардум кардан аст.

XS
SM
MD
LG