Мудирияти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон истеъфои сармуҳаррири Радиои «Садои Душанбе»-ро пазируфта, ба ҷои ӯ нафари дигареро сармуҳаррир таъин кард.
Ҳамакнун, ба ҷои Худоёри Валӣ, ки бегоҳи 23-уми июн аз мақоми сармуҳарририи ин радио бо нишони эътироз истеъфо дод, Бахтовар Каримов, собиқ муовини мудири шӯъбаи таҳлилии Радиои Тоҷикистон сармуҳаррири «Садои Душанбе» таъин шуд.
Ин дар ҳолест, ки Худоёри Валӣ мегӯяд, бинобар дахолати ноҷо ба кораш ва монеъ шудан ба таҳияи барномаҳои интиқодӣ аз мақомаш истеъфо дод. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, масъулони Радиои Тоҷикистон, ки «Садои Душанбе» тобеи он аст, бархе зердастони ӯро аз масъулияти корӣ раҳо мекарданд, ки ин амал боиси дуруст таҳия нашудани барномаҳо дар ин радио мегардид. Худоёри Валӣ мегӯяд, мушкил дар ин буд, ки Абдурашид Хуҷамқулов, директори Радиои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам андешаҳои рузаноманигории замони Шӯравӣ дар сар дорад ва пешниҳодҳои тоза аз нигоҳи рӯзноманигории муосирро қабул намекунад.
«Таҳлилу танқид, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад, Хуҷамқулов қабул надорад. Агар барномаи наве таҳия мешуд, ӯ ба хушӣ қабул намекард. Ӯ ҳанӯз ҳамон рӯзноманигории замони Шӯравиро дунбол мекунад ва андешаи наву барномаи навро қабул надорад. Мо мехостем, дар радио барномаҳои ҷолибу шуниданӣ, ки аз мушкили мардум ва роҳи ҳалли онҳо бошад, барнома таҳия кунем, аммо инро директории Радиои Тоҷикистон хуш қабул надошт.»
Ин сармуҳаррири ҳамакнун собиқи «Садои Душанбе» бар ин бовар аст, ки замона пеш рафтааст ва наметавон бар асоси андешаҳои давраи Шӯравӣ кор кард.
Аммо Фаррух Зиёев, муовини директори Радиои Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳоди идеяи нав ва барномаҳои ҷолиб ҳамеша мавриди пазириши раҳбарият қарор дорад ва дар ин самт ҳеҷ мушкиле мавҷуд нест. Ӯ мегӯяд, Валиев истеъфо надодааст, балки бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст, вале дар Радиои Тоҷикистон онҳо намедонанд, ки чаро ӯ аризаи «бо хоҳиши худ аз кор рафтанро» навишт.
«Аз он, ки ӯ эътироз баён кард ва ё имконияти таҳияи барномаи ҷолибро надоданд, ҳайронам. Аслан, аз дасти эҷодкор, ба хусус эҷодкори шабакаҳои радиоӣ касе қаламашро нагирифтааст. Шояд Валиев кори хубтаре пайдо кардааст, ки шароиту маошаш аз ин ҷо хубтар аст. Албатта, ӯ ҳақи ин корро дорад ва вақте навишт, ки бо хоҳиши худам аз кор меравам, аризаашро пазируфтанд. Аз рафтани Валиев чизе тағийр намеёбад. Ин радио буд, ҳаст ва бовар дорам, ки боз бо пахши барномаҳои ҷолиб боқӣ мемонад.»
Дар ҳамин ҳол, Зиёев аз сармуҳарири нав тавсиф кард ва гуфт, ӯ ба ҳайси як ровии таҳлилгари радио имкони беҳтар кардани барномаҳои ин радиоро дорад.
Бахтовар Каримов, сармуҳаррири тозатаъини «Садои Душанбе» мегӯяд, ӯ интизори ба ин вазифа таъин шуданро надошт. Ӯ мегӯяд, барояш ба ин мансаб омадан имрӯз ғайриинтизор буд: «Ҳеҷ интизор надоштам, ки ба ин вазифа таъин мегардам. Аз ин рӯ ҳеҷ нақшаи корӣ барои ин радио надоштам. Ҳоло меомӯзам ва агар камбудие бошад, пайи ислоҳаш мешавам ва нақшаҳои худро дар оянда муайян мекунам, ки барои беҳтар шудани сифати кори радио чӣ бояд кунам.»
Худоёр Валиев, ки дирӯз аз ин вазифа даст кашид, бештар аз як сол вазифаи сармуҳарририи барномаҳои Радиои «Садои Душанбе»-ро бар дӯш дошт. То омадан ба ин вазифа ӯ сармуҳаррири барномаҳои ҷавонии Шабакаи аввали Тоҷикистонро ӯҳда мекард.
Радиои «Садои Душанбе» бо ташабуси Сайф Раҳимзоди Афардӣ, собиқ раҳбари Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон дар соли 1999 таъсис ёфта, бештар барномаҳои фарҳангию фароғатӣ пахш мекунад. Ин шабака дар саросари Тоҷикистон дар мавҷҳои кутоҳ 12 соат мустақим ва 12 соати дигар ба гунаи такрор барнома пахш мекунад.
Худоёри Валӣ дар соли ҷорӣ дувумин раҳбари як расонаи давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Дар моҳи январ Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз мақоми мудири телевизиони «Пойтахт» низ ба далели норозигиаш истеъфо дода буд.