Стив Свердлов – пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch (Дидбони ҳуқуқи башар) – рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза қабл аз сӯи созмонҳои ҳамкор дар Қазоқистон иттилоъ гирифтанд, ки Фотима Давлатова, духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова ба шаҳри Алмаато расидааст.
"Албатта, ба он ки мақомот ин оиларо гузоштанд, аз кишвар берун равад, назари мусбат дорем. Аммо бояд гӯям, чунин ҳодиса набояд аслан ҷой дошта бошад. Чунки дар ин вазъият натанҳо Ҳамза ваё Фотима қарор доштанд, балки даҳҳо нафар аз кишвар мамнуъ-ул-хуруҷ ҳастанд. Аммо ин мисоли хурдакак нишон медиҳад, ки новобаста ба вазъи риққатбори ҳуқуқи башар пойфишории ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ дар хориҷ ва чӣ берун аз он метавонад, таъсир дошта бошад", - афзуд ӯ.
Свердлов афзуд, намедонад, кадом ниҳод тасмими манъи берун шудани ин кӯдакро дода буд ва ҳоло кадоме аз мақомоти Тоҷикистон иҷозаи ба хориҷ рафтани ӯро содир кард. «Аммо ҳодиса аз он паём медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз мақомдороне ҳастанд, ки нисбат ба обрӯи кишвар бетараф нестанд”, - гуфт Стив Свердлов.
Худойдодова мегӯяд, дигар ба ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ дар хориҷ, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иртибот надорад ва ҳоло дарси ҳуқуқ мехонад.
Ин ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, созмони Дидбони ҳуқуқи башар умедвор аст, ки мақомоти Тоҷикистон даъвати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи СММ, САҲА ва сафоратҳои муқими кишвар эътино карда, ҳукми Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва роҳбари “КВН”-и Тоҷикистонро низ бозбинӣ хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон ба Фотима Давлатова – духтари даҳсолаи Шабнам Худойдодова – як фаъоли сиёсии тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебарад, иҷоза додаанд, аз кишвар берун равад.
Шабнам Худойдодова рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Фотима Давлатова шоми шанбе ҳамроҳи модарбузургаш Гулиҷамиламо Худойдодова ва тағояш Комрон Худойдодов тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба самти Алмаато парвоз кардааст. Ӯ гуфт, "дар ҳалли масъала Кумитаи шаҳрвандӣ барои наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон хеле кумак кард. Ман аз ин кумита ҳомиёни ҳуқуқи башар миннатдорам."
- Рӯзи шанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба камияш ду акси наздикони Шабнам Худойдодова нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар ҳавопаймо нишастаанд.
Як ҳафта пеш мақомоти Тоҷикистон ин се нафарро аз ҳавопаймо поин оварда ва иҷоза надода буданд, ки аз Тоҷикистон берун раванд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки хешовандони Шабнам Худойдодоваро ба сабаби камбуд дар санадҳояшон аз ҳавопаймо хориҷ карданд.
Намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин рафтори мақомоти Тоҷикистонро танқид карда ва Фотима Давлатоваро «гаравгони сиёсӣ» номиданд. Тайи як ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маъракаи талаби иҷозаи берун шудани Фотима Давлатова аз Тоҷикистон идома дошт.
Шабнам Худойдодова мегӯяд, "ҷунбиши ҳомиёни ҳуқуқ ва маъракаи дастҷамъӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир расонд." Вай афзуд, ин боис шуд, ки мақомот бегоҳии 10-уми август ба модару духтар ва бародараш ба харидани билети ҳавопаймо иҷоза доданд.
- Аммо мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Шабнам Худойдодоваро, ки ду сол пеш узви «Гурӯҳи 24», як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон буд, ба “таъсиси гуруҳи ифротӣ” муттаҳам мекунанд. Ӯро соли 2016 дар Беларус бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карданд, вале баъдан бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид аз боздошт раҳо шуд ва ба Лаҳистон рафт ва дар онҷо паноҳандагии сиёсӣ гирифт. Худаш мегуфт, ки ӯро барои андешаҳои сиёсӣ ва интиқодаш аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон таъқиб мекунанд.
Номи Шабнам Худойдодова ҳанӯз дар як феҳрасти Бонки Миллии Тоҷикистон ҳаст, ки муомилоти пулӣ бо онҳо ҳамчун "ифротгароён" мамнӯъ шудааст.
Худи ӯ рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дигар ба ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ дар хориҷ, аз ҷумла «Гурӯҳи 24» ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иртибот надорад ва ҳоло дарси ҳуқуқ мехонад ва мехоҳад, дар оянда аз ҳуқуқи дигарон ҳам ҳимоят кунад.
Роҳ надодани наздикони Шабнам Худойдодова ба ҳавопаймо пас аз он сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон дар ниҳоят ба келин ва набераи бемори Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иҷоза доданд, ба назди падараш ба хориҷ ва барои муолиҷа биравад.
Бо модари Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, ки саратони узви таносул дорад, ҳафтаи гузашта муяссар шуд, санадҳои расмиашро бигирад ва бе мамониат ба Туркия сафар кунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегуянд, ки мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ намегузоранд, хешовандони афроди мухолиф ба давлат аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба хориҷ ба хориҷ бираванду ба аъзои оилаашон бипайванданд, то аз ин роҳ ба онҳо фишор биёранд, ки интиқоди давлатро бас кунанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин иддао асос надоранд.