Ҷон Ҳезершоу, устоди умури байналмилалӣ дар департаменти сиёсии Донишгоҳи Эксетери Бритониё рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, донишмандони тоҷику хориҷиро нигарон кардааст ва мумкин аст, ки баъзе аз онҳо таҳқиқоти сиёсӣ дар Тоҷикистонро мутаввақиф карда бошанд. Ҷон Ҳезершоу, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Александр Содиқов бо чунин иттиҳомоти ҷиддӣ метавонад, ба ҳамкориҳои ҷомеаҳои илмӣ бо Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад.
Озодӣ: Вақте шумо хабари боздошти Александр Содиқовро дар Хоруғ шунидед, вокунишатон ба ин хабар чӣ гуна буд?
Ҷон Ҳезершоу: "Ман ваҳшатзада шудам, бисёр ваҳшатзада шудам, зеро ӯ як пажӯҳишгар аст, ки дар чаҳорчӯби як таҳқиқи академикӣ мусоҳиба мекард. Ман намефаҳмидам, ки бар кадом асос ӯро дастгир карданд."
Озодӣ: Ба андешаи шумо, чаро мақомоти Тоҷикистон Александр Содиқовро ҳадаф гирифтанд?
Ҷон Ҳезершоу: "Ман мефаҳмам, авзоъ дар Хоруғ бисёр ҳассос аст ва онҳо аз вазъи амнияти дар инҷо нигарон ҳастанд. Онҳо аз вазъи Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. Ба фикри ман чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз тамоми фаъолиятҳое, ки дар Хоруғ сурат мегирад, бисёр асабонӣ ҳастанд. Ба фикри ман, шояд тақдири Александр бад будааст. Шояд ӯро барои он ҳадаф гирифтанд, ки бисёр асабонӣ ҳастанд ва омода ҳастанд, ҳаргуна иқдомро амалӣ кунанд, то ҳамачӣ таҳти назораташон бошад."
Озодӣ: Александр Содиқов дар гузашта ҳам бо шумо ҳамкорӣ кардааст ва худи шумо ва ё ӯ дар гузашта дар Тоҷикистон ба мушкилие рӯ ба рӯ шудед?
Ҷон Ҳезершоу: "На, ҳеҷ гоҳ ман ва Александр ҳангоми мусоҳибаҳо ва ё пажӯҳиши муштарак дар Тоҷикистон ба мушкиле рӯ ба рӯ нашудем. Ӯ дар китобҳое, ки ман таҳрир кардаам, гузориш чоп карда буд ва ман медонам, ки Александр як пажӯҳигари олӣ аст ва мо ҳеҷ гоҳ дар гузашта мушкиле надоштем."
Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дар сафорати Бритониё аз шумо хостанд, ки Тоҷикистонро тарк кунед. Оё аломате вуҷуд дошт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам шояд ба шумо ҳам кор бигиранд?
Ҷон Ҳезершоу: “Ба ман мустақиман таҳдид накарданд ва ё мустақиман аз ҳукумат нагуфтаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунам. Вале замони мушкиле буд ва иддаоҳову гуфтугӯҳое дар бораи ҷосусиву ингуна чизҳо вуҷуд дошт, ки гӯё дар онҳо ман ҳам ба навъе шарик будаам. Ман рафиқоне дорам, ки ба ман гуфтанд, ки шояд ба ман хатар таҳдид мекунад. Чунин ба назар мерасид, ки аз назари авзои сиёсӣ ва ҳам аз назари амнияти хусусӣ барои ман беҳтар аст, Тоҷикистонро тарк кунам.“
Озодӣ: Дар воқеъ Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе шахсан худаш шуморо ба фурудгоҳ бурд?
Ҷон Ҳезершоу: “Ӯ рафиқи ман аст ва ман ӯро пеш аз замони сафир шуданаш ҳам мешинохтам. Аз ин рӯ мехост, мутмаин бошад, ки ман сиҳату саломат Тоҷикистонро тарк кардам. Бале, ӯ худаш маро ба фурудгоҳ бурд.“
Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон 12 сол боз кор кардаед ва китоб ҳам дар бораи он нашр кардед. Ҳол мегӯед, ки мумкин дигар ба онҷо барнагардед ва шояд шуморо ҳам мақомоти Тоҷикистон фарди мамнӯъулвуруд эълон карда бошанд?
Ҷон Ҳезершоу: "Онҳо ба ман нагуфтаанд, ки маро фарди мамнӯъулвуруд эълон карда бошанд, дар воқеъ ҳукумат гуфтааст, ки дари онҳо барои таҳқиқот боз аст. Бояд бубинем, ки чӣ хоҳад шуд, вале айни замон ман метарсам, ки агар ман пажӯҳишро идома диҳам, мушкилоти дигаре пеш меояд. Мо бояд бубинем, ки дар қазияи Александр Содиқов, чӣ хоҳад шуд. Агар ӯро озод кунанд ва мо умедворем, ки чунин мешавад ва шояд дар ин сурат идома додани таҳқиқот дар Тоҷикистон имконпазир шавад."
Озодӣ: Шумо барои озодии Александр Содиқов, маъракаи густурдаеро ба роҳ андохтаед, мо шоҳиди он ҳастем, ки донишмандони зиёд, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии ӯ садо баланд карданд. Оё чизе аз ҳукумати Бритониё ҳам шунидаед, ки масъалаи раҳоии Александр Содиқовро бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ карда бошад?
Ҷон Ҳезершоу: “Ман медонам, ки ҳукумати Бритониё ин қазияро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ин ҳафта ба Бритониё меояд ва ба ин қазия расонаҳои бритониёӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардаанд. Аъзои порлумони Бритониё ин масъаларо бо Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷӣ матраҳ мекунанд ва ман умедворам, ки Вилям Ҳейг масъалаи Александр Содиқовро бо ҷаноби Аслов дар миён мегузорад.”
Озодӣ: Боздошти як пажӯҳишгар ва дар инҷо Александр Содиқов, метавонад ба таҳқиқоти дигар ва ё пажӯҳишгарони ангуштшуморе, ки Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд, паёмадҳои манфӣ дошта бошад?
Ҷон Ҳезершоу: "Боздошти Александр, роҳро барои такрори чунин корҳо боз мекунад, зеро боздошти пажӯҳишгар бо ин гуна иттиҳоми ҷиддӣ дида нашудааст ва чунин қазияро ҳам дар гузашта надидаем. Яъне дар оянда метавонанд, пажӯҳишгари дигареро бо чунин иттиҳомоти ҷиддӣ дастгир кунанд, ки онро матбуот ва ё мақомоти маҳаллӣ эълон кардаанд. Ин чиз одамонро сахт метарсонад. Ман бо муҳаққиқони хориҷӣ ва тоҷик сӯҳбат кардам, ки аз дурнамои пажӯҳиш дар Тоҷикистон сахт метарсанд. Ман медонам, ки Тоҷикистон хоҳони ҳамкорӣ дар заминаи таҳқиқоти илмӣ аст ва вазири умури хориҷӣ худаш дар гузашта дар суханрониҳояш инро зикр кардааст. Барои ҳамкорӣ дар арсаи таҳқиқу пажӯҳиш мо ба фазои озод эҳтиёҷ дорем. Агар зарур аст, ки мақомотро қабл аз пажӯҳиш дар ҷараён гузоред, пас бояд ин механизм рӯшан бошад, аммо айни замон чунин ба назар мерасад, ки пеш бурдани таҳқиқот дар Тоҷикистон бисёр мушкил аст. Тасаввураш сахт аст, ки донишгоҳҳо ба пажӯҳишгарони худ иҷоза бидиҳанд, ки барои таҳқиқот ба Тоҷикистон бираванд ва бахусус барои таҳқиқоти сиёсӣ.“
Озодӣ: Паёми шумо ба ҳукумати Тоҷикистон чӣ аст?
Ҷон Ҳезершоу: "Паёми ман ба ҳукумати Тоҷикистон ҳамин аст, ки тафтиши иддао дар бораи Александр Содиқов ҳарчӣ зудтар хотима дода шавад. Ва ин тафтиш бар асоси тамоми далелҳои мавҷуд сурат бигирад. Далелҳое, ки мо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, нишон медиҳад, ки Александр як пажӯҳишгари бегуноҳ аст ва тамоми иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи ӯ асос надоранд. Умедворам, ки тафтишот зуд анҷом меёбад ва Александрро озод мекунанд."