Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаётой Мӯъминова: "Онҳое, ки роҳи занонро ба саҳна боз карданд, қаҳрамонанд". ВИДЕО


Ҳаётой Мӯъминова
Ҳаётой Мӯъминова

Бо гирдоварии исми беш аз бист бонуи овозхон ва панҷ зани бастакори ду аср -- нимаи дувуми асри 20 ва аввали 21 -- Ҳаётой Мӯъминова дар китоби тозанашри худ аз ҷойгоҳи онҳо дар рушди санъату мусиқӣ қисса кардааст.

  • Китоби "Нақши занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон"-ро ҳунарманди шинохта ва номзади илмҳои таърих Ҳаётой Мӯъминова пас аз 4 соли таҳлилу пажӯҳиши фаъолияти ҳампешаҳои худ, моҳи декабри соли 2018 рӯйи чоп овард. Овозхон дар ин асари худ бештар ба бонувоне таваҷҷӯҳ кардааст, ки аввалин шуда, рӯйи саҳнаи касбӣ омаданд ва бо ин дар фарҳанги тоҷик, ба гуфтаи ӯ, инқилоб карданд.
Зиндагӣ мубориза аст. Ҳар афтодан дарс аст. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам "оптимист" бошам ва аз ҳар мушкилу иштибоҳ чизе омӯзам.

Ӯ ҳамчунин аз ситораҳои эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё, Парвина Шукруллоева ва чанд нафари дигар ёдрас шудааст, ки дар солҳои мушкили баъди ҷангӣ рӯйи саҳна омаданд. Ҳаётой Мӯъминова нақши санъаткорони занро дар рушди фарҳанги мусиқӣ муҳим ва кори онҳоро дар ҳама давру замон қаҳрамонӣ унвон кардааст. Дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ҳам Ҳаётой Мӯъминова нахуст аз мӯҳтаво ва ҳадафи аслии китоби тозанашри худ гуфт.

Ҳаётой Мӯъминова: Аслан дар ҷомеаи мо санъати сарояндагиро ҳамчун илм қабул намекарданд ва ин аввалин кори илмӣ аст, ки дар он нақши бонувон дар рушди фарҳанги мусиқӣ бозгӯ шудааст. Беҳтарин ва нобиғаҳои тамоми жанри санъати мусиқашиносӣ дар китоб гирд оварда шудаанд. Ҳари яки инҳо дар ҷодаи худ сабк ва махсуси худро доранд. Ман рӯ овардам ба бонувони нобиғаи тоҷик, ки намояндагони асри гузаштаанд, аммо дар асри мо касе онҳоро такрор карда натавонистааст. Ин сарояндаҳоро ҳам зиндагӣ ва ҳунар ва ҳам намуди зоҳириашон намунаи ибрат ва дарс барои ҳар сарояндаест, ки тоза вориди санъат мешавад. Ба рӯйи саҳна омадани ин бонувон дар қисмати дуввуми асри 20 худ як қаҳрамонӣ буд. То ба саҳнаи касбӣ омадани занҳо, фаъолияти сарояндаҳо аз мардҳо ҷудо ва пушти парда буд. Масалан, инҷо аз Ҳанифа Мавлонова ёдовар шудем. Аввалин зане буд, ки аз музофот рафта дар Маскав таҳсил кард ва санъати операро пеш бурданд. Ӯ аввалин зани сароянда проффесор ҳастанд. Ҳамин тавр аз Туҳфа Фозилова, Барно Исҳоқова ё Шоиста Муллоҷона, ки бренди тоҷикон аст ва дар Осиёи Миёна мисли ин кас сароянда нест, ёдовар шудаем.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳаётой Мӯъминова: "Онҳое, ки роҳи занонро ба саҳна боз карданд, қаҳрамонанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00

"Имрӯз духтарони сарояндаи мо озодтаранд"

Радиои Озодӣ: Аз овозхонони ҷавони эстарада ҳам ин ҷо ёдовар шудаед. Аслан фикр мекунед тафовути кори сарояндҳои имрӯз аз замони шумо дар чӣ аст?

​Ҳаётой Мӯъминова: Шароите, ки имрӯз сарояндаҳо доранд, ҳунармандони қабл надоштанд. Онҳо аз худ гузаштанд ва санъатро пеш бурданд. Дар замони инҳо барои сарояндаи касбӣ шудан ҳатман бояд Маскав ё хориҷ барои таҳсил мекардӣ. Ҳозир барои сарояндаҳо сади роҳ қариб, ки нест. Имрӯз духтарони сарояндаи мо озодтаранд. Аз ҳунармандони имрӯз ман дар ин китоб исми духтарони муваффақи замони истиқлолро гирд овардам. Онҳо ҳам дар замони бисёр мушкил ва баъди ҷангҳо рӯйи саҳна омаданд. Осон набуд. Онҳо ҳам қаҳрамони даври худ ҳастанд. Хеле кӯшиш кардаанд. Инҳо сурудҳои халқиро ба шакли замонавӣ дар дохилу хориҷ пешниҳод карданд.

Радиои Озодӣ: Вале дар ҳар сурат солҳои ахир интиқод аз кори сарояндаҳои кам нест. Аз як тараф пайваста исми бархе аз ин ситораҳоро масъулини андоз дар феҳрасти қарздорон нашр мекунад ва ахиран дар як нишаст дар вазорати фарҳанг ҳам аз интихоби матну оҳанг танқидва пешниҳод шуд, ки кори овозхонон назорат ва танзим шавад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Ҳаётой Мӯъминова: Ба матну оҳанг дар воқеъ бояд ҷиддӣ таваҷҷӯҳ кард. Интихоби матну оҳанг бояд сар сарӣ набошад. Албатта эҷодкор озодиро дӯст медорад. Вале ман фикр мекунам, озодӣ ҳам сарҳади худро дорад. Назорат бояд дар муассисаҳо бошад. Вале сарояндаҳои маҳбуб на ҳама дар муассисаҳои фарҳангии давлатӣ фаъолият мекунанд. Ин ҳам хуб аст албатта, ки имрӯз студиоҳои сабти овоз зиёд аст. Имрӯз сароянда не, ин студиоҳоро бояд зери назорат гирифт. Ба фикри ман, бояд ҳамин студияҳо пеш аз сабти тарона матну оҳангро аз назар гузаронанд.

"Зиндагӣ худаш мубориза аст"

Радиои Озодӣ: Шумо чун як аз овозхони дар ҳама самт фаъоли кишвар шинохта шудаед. Назаратонро ҳам дар мавриди қонун танзим борҳо баён доштед ва то ҷое медонем шумо ҳам як замон ҷарима шудед. Мушкили дар чӣ буд ва назаратон нисбати ин қонун чӣ аст?

Ҳаётой Мӯъминова зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ.
Ҳаётой Мӯъминова зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ.

​Ҳаётой Мӯъминова: Ин 13 соли пеш буд. Аслан мушкили ман ин буд, ки бидуни шартнома дар тӯйи як ҳамсоя тарона хондам. Тӯҳфаи сароянда ҳамин аст дигар. Ман он ҷо 2 тарона хондам. Вале дар баҳси додгоҳи додрасҳо таҳлил карда гуфтанд, шумо бояд як суруд мехондед. Ман инро намедонистам. Баҳс то Додгоҳи олӣ рафт. Намояндагони танзими ноҳияи Сино аз болои ман шикоят карданд ва ман аз болои додгоҳи ноҳияи Сино ба додгоҳи шаҳрӣ ва олӣ муроҷиат кардам. Додгоҳи олӣ маро қонеъ кард, вале судӣ поёнӣ боз ҳам ҷарима кард. Он вақт 750 доллар ҷарима шуда будам.

Радиои Озодӣ: Ин баҳсҳо ба кору зиндагии шумо чӣ таъсир кард?

Ҳаётой Мӯъминова: Аслан зиндагӣ худаш мубориза аст. Ҳар уфтодан худаш дарс аст. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам оптимист бошад ва аз ҳар мушкилу иштибоҳ чизе омӯзам. Минбаъд агар ман меҳмонӣ мерафтам, фақат як суруд мехондам. Ман ҳамеша аз худам ҳимоя мекунам, вале дар он баҳс ҳунармандон ҳама маро дастгирӣ мекарданд. Ҳозир фикр мекунам, дигар ҳама аз ин қонунҳо огоҳанд ва мушкилот нест. Он вақт на ҳунарманд ва на худи масъулин ба дарки ин қонун хуб намерафтанд.

Ҳаётой дар Чернобил

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, шумо ҳам дар як ҳайат бо ҳунармандони дигар ба Украина рафта будед. Ин сафари шумо ҳам ба шабу рӯзи таркиши нерӯгоҳи атомии Чернобил рост омад. Шумо он вақт дар чӣ шароите қарор доштед ва оё медонистед, ки чӣ хатаре дорад?

Ҳолномаи Ҳаётой Мӯъминова

Ҳайётой Мӯъминова соли 1962 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Хатмкардаи кафедраи мусиқии шарқии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аст. Фаъолиятро соли 1985 аз ансамбли рубобчиёни "Чаман" шурӯъ кардааст. Аз 1991 то 1995 роҳбари бадеии студияи консертии "Сайидо" буд. Баъдан 20 сол ба ҳайси роҳбари бадеии ансабли рубобчиёни "Чаман" фаъолият намудааст. Соҳиби унвони Ҳунарманди халқӣ ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон аст. Номзади илми таърих - соли 2015 рисолаи илмии худро дар мавзӯи саҳми бонувон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон ҳимоя кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар Донишкадаи санъат ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Оиладор соҳиби 5 фарзанд.

​Ҳаётой Мӯъминова: Албатта ин ҳодиса ба саломатии ҳама таъсир дошт ва инро баъзан дар норасоиҳои фарзандон ҳам дидан мумкин аст. Ин як сафари ҳунарии нақшавии мо буд. 23-юми апрел ба Украинаи шарқӣ сафар доштем ва 26-ум ин садама шуд. Мутаассифона мо барнагаштем ва агар сафарамон 45 рӯз ба нақша гирифта шуда буд, мо 60 рӯз он ҷо мондем. Тамоми истиқоматкунандагони музофот ҳама баромада рафта буданд ва дар меҳмонхона танҳо мо мондем. Бе чароғу бе об. Баргаштан мумкин набуд. Он вақт ин қадар сахт буд, ки агар партофта меомадем ё саркашӣ мекардем, огоҳӣ дода аз кор меронданд. Мо як ҳафта барои аскароне, ки дар ҷои садама буданд, ҳунарнамоӣ кардем. Ин ҳодисаро воҳима кардан мумкин набуд. Ҳозир чанд нафаре, ки дар ин сафар бо мо буданд, зинда ҳастанд ва аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Радиои Озодӣ: Ба зиндагии шахсан худи шумо ин ҳодиса чӣ таъсир дошт?

Ҳаётой Мӯъминова: Медонед он замон мо донишгоҳро хатм карда, кор омада будем ва радиатсия чӣ аст, намефаҳмидем. Вақте бо чархбол аз ҳаво об мепошиданд, давида мебаромадему рӯямонро мешуштем ва бозӣ мекардем. Мо намефаҳмидем, ки ин радиатсия баъдтар аз худ дарак медиҳад. Вале ҳунармандони калонсоли мо ҳар бегоҳ хона равем гуфта, гиря мекарданд. Ҳар бегоҳ намоянда ба Киев рафта бо Душанбе тамос мегирифт, ки моро баргардонед. Вале нагардонданд. Ҳоло ман маъюби гурӯҳи сеюм ҳастам, вале дар ин бора намехоҳам сӯҳбат кунам.

Радиои Озодӣ: Он ҷо бо забони тоҷикӣ суруд мехондед ва дар он шабу рӯз ҳунарнамоии шумо чӣ гуна қабул мешуд ва То куҷо тавонистед бо ҳунару тарона кӯмак расонед?

​Ҳаётой Мӯъминова: Мо ба забони тоҷикӣ ҳам суруд мехондем. Суруди Украинӣ доштем, русӣ доштем. Вақте барномаи консертии моро тамошо мекарданд, ҳамон лаҳзаҳо аз ғам фориғ мешуданд. Аскарбачаҳо рақс мекарданд. Ва ман фикр мекунам дар ҳамон замон мо 32 нафар аз Тоҷикистон ва ансамбли бонувон, вазифаи худро иҷро карда тавонистем. Дар ҳамин китоб ҳам ман аз ин ёдовар шудаам. Ба хотире, ки алафҳо радиатсия доштанд, мо дар болои БТР бо либоси оддӣ суруд мехондем. Дар ҳоле, ки дигарон либоси махсус доштанд. Мо он ҷо хеле радиатсия гирифтаем.

Чаро Ҳаётой дар телевизион кампайдост?

Радиои Озодӣ: Шумо солҳои ахир дигар дар телевизион ва чорабиниҳои давлатӣ кампайдоед. Сабаб чӣ аст?

Ҳаётой Мӯъминова: Солҳои ахир, дуруст гуфтед ман дар шабакаҳои давлатӣ фаъол нестам. Кор зиёд аст. Аспирантураро хатм кардам. Аммо пайваста суруд эҷод мекунам ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чорабиниҳои дигар бештар фаъолам.

Радиои Озодӣ: Мабодо дар "рӯйхати сиёҳ"-и телевизионҳо набошед?

Ҳаётой Мӯъминова: Як вақтҳо, 6 сол дар лоиҳаи "Овози тиллоӣ"-и Телевизиони Баҳористон будам ва қариб ҳар рӯз меҳмони хонадони ҳамватанон мешудам. Баъдан хостам каме таваққуф кунам. Ҳоло агар хумори он солҳо гирад, аксҳоро тамошо мекунам. Вале ҳар ид кӯшиш мекунам як оҳанги нав сабту эҷод кунам. Чанд сурудҳои дар кулборам бударо ҳам имсол дар чорабиниҳо иҷро кардам/

"Бибӣ будан аз модар будан ширинтар аст"

Радиои Озодӣ: Шумо баъзан дар сӯҳбатҳо дар масъалаи фарҳанги оиладорӣ зиёд таваҷҷӯҳ мекунед, дар бораи оилаи худатон каме сӯҳбат мекардед.

Ҳаётой Мӯъминова: Оиладорам. Шавҳарам навозанда ҳастанд, 35 сол шуд бо ҳам зиндагӣ ва 3 писару 5 набера дорем. Ҳоло дар тарбияи набераҳо кӯмак мерасонам. Медонед, бибӣ будан аз модар будан ширинтар будааст. Вақте худат модар ҳастӣ, ҷавонӣ, ба баъзе чизҳо ақлат пурра намегирад. Аз шириниҳои кӯдакон баъзан дур мемонӣ. Мо ҳам баъзан кӯдаконро назди бибиҳо гузашта пайи кори худ мерафтем. Ҳоло кӯшиш мекунем бештар бо набераҳо бошем ва ин холигиро пур кунам.

XS
SM
MD
LG